Нашрияи Омӯзгор

Муовини директор – пешбари  раванди  таълим

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 905        Шарҳ: 0

 

Дар нашрияи «Омӯзгор» (№19 (12295),  аз 12 майи соли 2021) мақолаи Бахтовар Давлатқадамов,  директори мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор дар ноҳия Рӯшони ВМКБ,  зери  унвони «Фаъолияти муовини директор беҳбудӣ мехоҳад»  ба  табъ  расидааст. Муаллиф дар мақолаи хеш чунин менигорад: «Аз сабаби аз тарафи муовинони  директор иҷро нашудани иштирок ба дарсҳои омӯзгорон таҳлили дарс ва ёрии методӣ дар мактабҳо дар ҳолати паст қарор дорад». Дар ҳақиқат қайди Б. Давлатқадамов дуруст аст. Мушоҳидаҳо собит намуданд, ки муовинони директор дар дарсҳои омӯзгорон нисбатан кам ворид мешаванд. Агар ворид шаванд ҳам, дарси омӯзгорро ба таври бояду шояд таҳлил намекунанд. Яъне, ба омӯзгорон, бахусус, мутахассисони  ҷавон, тавсияҳои судманду такондиҳанда дода намешавад.

Муовини директор оид ба корҳои таълим бояд дар мадди аввал фаъолияти яксолаи худро ба таври муназзам ба нақша дароварда, дар асоси он раванди таълимро ба роҳ монад. Пеш аз оғози соли таҳсил дар асоси нақшаи солонаи муассисаи таълимӣ  нақшаи фаъолияти худро бо дарназардошти:

 а) таҳлилу ташхиси корҳои таълимию методии муассиса;

б) расонидани ёрии методӣ ба омӯзгорон, хусусан, ба мутахассисони ҷавон;

в) дарёфт, омӯзиш ва паҳн намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ;

г) роҳбарӣ ба корҳои таълимию методии муассиса, бахусус, ба фаъолияти роҳбарони иттиҳодияҳои омӯзгорони фаннӣ;

ғ) ба низом даровардани ҳуҷҷатдории муассисаи таълимӣ;

д) иштирок дар дарсҳои омӯзгорон ва таҳлили ҳадафманди онҳо;

е) назорати раванди иҷрои барномаҳои  давлатӣ таҳия карда, баҳри тасдиқ ба раиси Шӯрои педагогӣ (директор) пешниҳод намояд.

Муовини директори муассисаи таълимӣ аз омодагии муаллим ба дарс ва донише, ки аз тарафи онҳо ба хонандагон дода мешавад, бояд огоҳ бошад ва аз рӯйи худомӯзию омодагии омӯзгорон назорат барад. Дар муассиса кори хуби ҳар як омӯзгорро таҳлил намуда, тарғибу ташвиқ карда тавонад.  Камбудиҳое, ки дар рафти кор ба амал меоянд, баҳри ислоҳи он ҳама чораҳои зарурӣ андешад ва тавсияҳои судманди методӣ дода тавонад.

Аз  ҷумла, муаллиф дар мақолаи худ чунин овардааст: «Маълум аст, ки бо 16 соат дарси доштаашон муовинони директор оид ба таълим ба 170 дарси омӯзгорон иштирок карда наметавонанд ва дар дафтари мушоҳидаи дарсҳо иштирокро қалбакӣ пур мекунанд». Шояд чунин ҳам бошад, вале  агар муовини дилсӯз, нисбат ба кори худ серталаб ва масъулиятшинос бошад, метавонад аз ин ҳам зиёдтар ба дарсҳои  омӯзгорон иштирок намояд.

Педагоги барҷаста В.А.Сухом-линский менависад: «Новобаста аз он ки кори ман вазнину мушкил буд, агар дар як рӯз ба ду дарси омӯзгор ворид шуда таҳлил намекардам, гумон мекардам, ки он рӯз кореро ба сомон нарасонидаам».  Агар муовини директор аз рӯйи гуфтаи В.А.Сухамлинский амал кунад, метавонад ба 200-220 дарси омӯзгорон дар як соли таҳсил ворид шуда, таҳлили сифатӣ гузаронад. Танҳо барои ин масъулият ва ҳавсалаю маҳорат лозим аст. Мисол, мушоҳида собит намуд, ки муовини директори литсейи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон С. Гулмаҳмадов дар як соли таҳсил ба 210 дарси омӯзгорон ворид шуда, таҳлили сифатӣ гузаронида, тавсияҳои судманди такондиҳанда додааст, ки пешниҳоду тавсияҳои вай дар рушди маҳорати касбии онҳо нақши бориз гузошта метавонанд. 

Кадом вақт натиҷаи кори муовини директор оид ба корҳои таълим самар дода метавонад? Агар ӯ вақт ҷудо карда, самти маҳорати касбии худро рушд диҳад. Агар вақти холии худро бештар ба хӯдомӯзӣ, таълим дар курсҳои такмили ихтисосу бозомӯзӣ, семинарҳои дастурдиҳӣ, мутолиаи асарҳои педагогҳои барҷастаи ҷаҳонию рус ва тоҷик бахшад, яъне, мутолиаи дастуру мақолаҳои марбут ба мактабшиносӣ сарф намояд.

Аз ин рӯ, мо тақсимоти намунавии вақти кори ҳафтаинаи муовини директорро  пешниҳод менамоем, ки ба танзим овардани соати корӣ шояд ба фаъолияти вай беҳбудӣ бахшад:

1. Дарсҳои худ -16 соат

2. Корҳои беруназсинфии фаннӣ - 2 соат

3. Иштирок ба дарсҳо ва таҳлили онҳо -5 соат

4. Назорат ва таҳлили чорабиниҳои беруназсинфӣ -3 соат

5. Иштирок дар ҷаласаи роҳбарони иттиҳодияи методӣ ва дигар ҷамъомадҳо – 4 соат

6. Кор бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – 2 соат

7. Санҷиш ва таҳлили тарзи дафтардории омӯзгорони фаннӣ, рӯзномаҳо, нақшаи яксоатаи дарсии омӯзгорон, журналҳои синфӣ – 3 соат

8. Назорати раванди дарсдиҳии омӯзгорон, давомоти хонандагон, суҳбат бо роҳбарони синфҳо – 4 соат

9. Суҳбат бо хонандагону падару модарон – 3 соат

10.   Суҳбат ва вохӯриҳои корӣ бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ, раиси маҳалла, мутахассисони тибби оилавӣ ва шахсони дигар – 2 соат

11.   Назорати тозагии гирду атроф, синфхонаҳо, сару либоси хонандагон – 3 соат

12.   Сарфи вақти ба инобат нагирифта – 1 соат. Ҷамъ – 48 соат.

Б. Ҳайдаров,

мутахассиси пешбари МҶТМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш