Нашрияи Омӯзгор

Паҳнову умқи фаъолият

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Дар хусуси шахсоне, ки дар соҳаи маориф фаъолияти доманадор намуда, бо ранҷу заҳматҳои худ баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия хидмати арзанда анҷом дода, аз қавле, «мӯйи худро дар ин ҷода сафед кардаанд», ҳар қадар гӯему нависем, боз ҳам кам аст. Зеро ин мардони фидоӣ бо талошу азми худ кӯшидаанд саҳифаҳои тозае дар китоби илму омӯзиш боз намоянд. Яке аз ин гуна пажӯҳишгарон, ки собиқаи зиёда аз 50-солаи корӣ дошта, то ҳанӯз дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ғайратмандона меҳнат мекунад, устод Иззатулло Давлатшоев ба шумор меравад. И.Давлатшоев соли 1970 пас аз хатми Университети давлатии Тоҷикистон (ҳоло ДМТ) ба омӯзгорӣ машғул шуда, баъдан дар Институти илмӣ – таҳқиқотии илмҳои педагогии Тоҷикистон (Пажӯҳишгоҳи рушди маориф) ва Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф кор кардааст. Ин маълумот дар маҷмӯаи ҷашнии «Аз тангно ба паҳно», ки бахшида ба 75-солагии зодрӯзи устод аз ҷониби ПРМ АТТ нашр гардидааст, ҷой дода шудааст. Воқеан, маҷмӯаи мазкур мақолаю матолиби муҳаққиқон ва ҳамкорону шогирдонро дар бораи фаъолияти илмию педагогии Иззатулло Давлатшоев дар бар гирифта, марҳалаҳои тайнамудаи муҳаққиқро дар зинаҳои гуногуни таҳсилот инъикос менамояд. Дар навиштаҳои Президенти АТТ Ғ.Бобизода, мактабшиноси соҳибтаҷриба Латофат Назирӣ, Сафар Сулаймонию Сайфиддин Камолзода, Файз Гулмадову Салоҳиддин Амонӣ, Г.Абдураҳмонов ва дигарон паҳлуҳои гуногуни рӯзгор ва фаъолияти педагогии устод ва мавқеи шахсии ӯ ҳамчун таҳқиқгари соҳа дар рушду такомули маорифи тоҷик нишон дода шудааст. Бояд хотиррасон намуд, ки И.Давлатшоев муаллифи 5 монография буда, алҳол ба сифати ходими пешбари илмии шуъбаи педагогика, психология ва таҳсилоти фарогири ПРМ АТТ фаъолият намуда, номзади илмҳои педагогӣ мебошад. Мураттиб ва муҳаррири масъули китоби «Аз тангно ба паҳно» корманди ПРМ АТТ Салоҳиддин Амонӣ мебошад.

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш