Нашрияи Омӯзгор

Манбаи покизагии ҳаёт

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 751        Шарҳ: 0

Дар партави мулоқоти Пешвои миллат бо намояндагони ҷомеаи кишвар

12 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар мулоқот карданд.

Президенти мамлакат,таваҷҷуҳи аҳли нишастро ба беш аз чиҳил масъала ҷалб намуданд, ки имрӯз ҳаллу фасли онҳо барои миллати мо аҳамияти муҳим дорад.

Пешвои миллат дар иртибот ба ҷангу низоъҳо дар яке аз минтақаҳои пешрафта ва амну осудаи дунё, яъне Аврупо дар чаҳор  асри охир чунин далоилро иброз доштанд: “Агар дар давоми асри 17 дар Аврупо дар ҷангу низоъҳои гуногун тақрибан 3 миллион нафар кушта шуда бошад, дар асри 18 5 миллион, садсолаи 19 тақрибан 10 миллион ва дар асри 20 беш аз 100 миллион нафар одам ба ҳалокат расидаанд. Ин рақамҳо ба қитъае дахл доранд, ки дар се садсолаи охир намунаи пешрафт маҳсуб меёфт. Дар 13 соли асри 21 шумораи онҳое, ки дар ҷангу низоъҳо қурбон шудаанд, миллион нафарро ташкил додааст”.

Ҷаҳонишавӣ ва оқибатҳои он, тарбияи насли наврас, муборизаи қудратҳо барои аз нав тақсим кардани дунё, масъалаи худшиносӣ ва мушкилоти ҷомеа, истифодаи дуруст аз арзишҳои маънавӣ, ёрӣ расонидан ба маъюбон, ятимон ва оилаҳои нодор ва сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз мавзӯъҳое буданд, ки Сарвари давлат диққати ҳозиринро ба онҳо ҷалб намуданд.

Дар ҷараёни суханронии худ Президенти Тоҷикистон ба масоили терроризм ва ифротгароӣ, аз даст надодани зиракии сиёсӣ, ҷалб гардидани ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ, монеа эҷод намудани баъзе волидон барои таҳсили фарзандон ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.

Боло набурдани нархи маҳсулот дар моҳи шарифи Рамазон, худдорӣ намудан аз ифрот дар оростани дастархонҳои идона дар идҳои Рамазон ва Қурбон,  истифодаи самараноки заминҳо дар хушксолӣ, кам шудани захираи об дар соли ҷорӣ ва амсоли ин масъалаҳои муҳим арзёбӣ мешаванд. Дар ин маврид Пешвои миллат дар мулоқоти худ чунин ибрози андеша намуданд: “Тибқи таҳлилҳо, ҳаҷми захираи оби дарёҳои кишвар нисбат ба меъёри ҳарсола чор – панҷ баробар кам мебошад. Чунин вазъ моро водор месозад, ки ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, дар заминҳои обӣ ва омодагии ҳамҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018 – 2019 эътибори аввалиндараҷа диҳем. Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд...”

Сари вақт дарк намудани мушкилоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар минтақа ва кишвар ба нафаре даст медиҳад, ки аз таҷрибаи давлатдорӣ ва сиёсӣ бархӯрдор аст. Дар ин робита метавон аз мулоқотҳои Сарвари давлат бо қишрҳои гуногуни ҷомеа  дар давоми сол оид ба ин ё он масъала ё пешвоз гирифтани ҷашнҳои милливу мазҳабӣ ёдовар шуд. Президенти мамлакат дар ҷараёни ин мулоқотҳо пиромуни мушкилоти рӯз ва пешрафтҳои кишвар ҳарф зада, мардуми шарифи ҷумҳуриро ба созандагӣ ва ободкорӣ даъват месозанд, ки ин як таҷрибаи наку ва мусбат дар сиёсати имрӯзаи ҷаҳон маҳсуб мегардад.

 

Наҷмиддин САЛОҲИДДИНЗОДА


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш