Нашрияи Омӯзгор

Василаи дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 835        Шарҳ: 0

 

Ҳамасола олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои  таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор  мешавад. Имсол низ зери унвони «Дониш талабу бузургӣ омӯз...» бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи мазкур дар асоси тартиби баргузории олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои таълимии гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ  гузаронида шуд.

Дар олимпиада 378 нафар донишҷӯ аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар, ба истиснои филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе, мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи олии сарҳадоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи Осиёи Марказӣ савияи дониш, малака ва маҳорати худро аз фанҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик, забони англисӣ, забони русӣ, технологияи информатсионӣ, таърихи халқи тоҷик, физика, математика, химия, биология - экология, назарияи иқтисодӣ, фалсафа, сиёсатшиносӣ, географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография ва педагогикаи умумӣ, дар умум аз рӯи 14 фан рақобати солим намуданд.

Фанни педагогика, ҳамчун яке аз фанҳои муҳим ва дар шароити имрӯза зарур, ки ба ташаккули фарҳанги зеҳнӣ ва тафаккури шахсият муносибат дорад, ба рӯйхати фанҳои озмунӣ илова карда шуд.

Бо мақсади санҷиши тафаккури техникии донишҷӯён ва огаҳӣ доштани онҳо аз техника ва технологияи муосир фанҳои озмунии забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ, таърихи халқи тоҷик, фалсафа, педагогикаи умумӣ, технологияи информатсионӣ тавассути барномаи махсуси компютерӣ ва барои фанни забони англисӣ барномаи BARRON,S TOEFL® IBT  истифода карда шуд. Дар рафти озмун маълум гардид, ки ҳанӯз донишҷӯёне ҳастанд, ки аз технологияи иттилоотию иртиботии муосир ба таври озод истифода карда наметавонанд. 

Олимпиада дар давоми соли таҳсил дар се давра: даври якум дар факулта (миёни донишҷӯён),  моҳҳои декабр - январ, даври дуюм дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (миёни донишҷӯёни факултаҳо), моҳҳои феврал то аввали моҳи март ва даври сеюм миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, санаи 28-29 май дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷамъбаст гардид.

Маводи озмунӣ барои ҳар як фанни таълимӣ  дар ду вариант пешниҳод гардида, барои иҷрои супоришҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида ба донишҷӯён вақти муайян барои ҳалли мисолу масъалаҳо ва саволҳои додашуда аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ 80 дақиқа ва барои навиштани эссе 45 дақиқа ҷудо гардид.  Барои фанҳои дақиқ ва риёзӣ, ҷиҳати ҳалли мисолу масъалаҳо 130 дақиқа вақт ҷудо гардид.

Озмун аз фанҳои таърихи халқи тоҷик, биология – экология, технологияи информатсионӣ, физика, химия, назарияи иқтисодӣ, забони англисӣ дар рӯҳияи баланди рақобати солим, бо баҳсу талошҳои зиёд миёни иштирокдорони озмун, барои соҳиб гардидани ҷойҳои ифтихорӣ сурат гирифт.

Баъд аз муайян кардани натиҷаи пешакии кори иштирокдорони озмун ба онҳо имкон дода шуд, ки тавассути муроҷиати хаттӣ ба комиссияи аппелятсионӣ муроҷиат намоянд ва ба натиҷаи корашон шинос шаванд.

Ба комиссияи аппелятсионӣ 81 ариза ворид гардид, Ҳамаи аризаҳои қабулгардида мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки аз фанҳои технологияи информатсионӣ, математика, физика, биология-экология, забон ва адабиёти тоҷик, химия, забони англисӣ озмун хеле баҳсбарангез сурат гирифта, сари ҳар калимаю ибора ва санаду рақамҳо баҳсу мунозираҳо миёни иштирокдорон сурат гирифт.

Аз нишондоди дастовардҳои донишҷӯён бармеояд, ки аз 36 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, 27 муассисаи таълимӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб шуда, 9 муассисаи таълимӣ дар рақобати ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ бе насиб монданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки интихоби донишҷӯён дар озмунҳои даври якум ва дуюми муассисаи таълимӣ дуруст ба роҳ монда нашуда, донишҷӯёнро бе тайёрӣ барои иштирок дар олимпиада сафарбар намудаанд.

Баъзе аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷиҳати ташкил ва омода кардани донишҷӯён ба олимпиада чораҳои мушаххас наандешидаанд. Мебоист, ки дар муассисаҳои таълимӣ гурӯҳҳои олимпӣ ташкил карда, ҳамаҷониба онҳоро ба олимпиада ва тартиби кори он омода менамуданд.    

 Аз санҷиши ҷавобҳои хаттӣ ва шифоҳии иштирокчиёни озмун бармеояд, ки сатҳу сифати донишандӯзии донишҷӯён дар бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ беҳтар буда, бахшҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ беҳбудӣ талаб мекунад. Махсусан, дар самти истифодаи технологияи компютерӣ донишҷӯёне ба назар мерасиданд, ки аз уҳдаи истифодаи барномаи компютерӣ намебаромаданд ва ба кори олимпиада сарбории иловагӣ зам менамуданд.  

Дар озмун донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон нисбат ба дигар муассисаҳо бартарӣ доштанд.          

 Ғолибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи 14 фанни таълимӣ бо дипломҳои дараҷаи якум, дуюм, сеюм ва туҳфаи хотиравӣ  (китобҳои бадеии тозанашри Вазорати маориф ва илм) сарфароз гардонида шуданд.

Аз рӯи натиҷаҳои ҷойҳои бадастомадаи даставӣ, ҷои якум Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷои дуюм Донишгоҳи давлатии омӯз-гории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ҷои сеюм насиби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров гардид.

Барои беҳтар роҳандозӣ намудани олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ барои минбаъд пешниҳодҳои зерин аз манфиат холӣ нест:

Беҳтарин омӯзгорони таҷрибадор ва дорои унвони илмиро барои таҳияи мисолу масъалаҳои фанҳои озмунӣ аз аксари муассисаҳои таълимӣ ҷалб намуда, барои таҳияи мисолу масъалаи ҳар як қисми фан як омӯзгор муваззаф карда шавад. Масалан, фанни физика аз панҷ қисм иборат мебошад, панҷ омӯзгор аз муассисаҳои таълимии гуногун вобаста карда шавад.

Дар ҳамаи бахшҳои фанҳои озмунӣ пурра саволҳои хаттӣ ва кушода истифода карда шавад.

Олимпиадаро ба ду равия ҷудо намудан зарур аст. Масалан, равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва равияи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Зеро барои рақобат намудани муассисаҳои таълимие, ки дар равияҳои техникӣ, технологӣ мутахассис омода менамоянд, наметавонанд баробари муассисаҳои таълимие, ки дар ҳамаи равияҳо мутахассис тайёр менамоянд, рақобат намоянд.

Амиршо Ҷафаров ,

корманди раёсати таҳсилоти

олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф

ва илми ҷумҳурӣ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш