Нашрияи Омӯзгор

Ташкили  лагерҳои фароғатию таълимӣ  барои 200 нафар кӯдак

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 802        Шарҳ: 0

 

Истироҳатгоҳҳои фароғатию таълимии назди Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагӣ ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дарҳои худро ба рӯи кӯдакону наврасон боз намуданд. Дар баробари бозиҳои варзишӣ ба истироҳаткунандагон ҳамарӯза намоиши филмҳои кӯтоҳи ҳуҷҷатию бадеӣ аз ҳаёти кӯдакон, барномаҳои консертӣ, озмуну викторинаҳо, маҳфилҳои шоҳмоту расмкашӣ баргузор мекунанд. Ҳоло дар ин  истироҳатгоҳҳо зиёда аз  200 нафар таҳсилу истироҳат мекунанд.

Сардори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят гуфт, ки дар назди марказ айни ҳол чор шуъба ва 48 маҳфил бо фарогирии беш аз 1200 нафар хонанда амал мекунанд.

Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии вилоят шуъбаҳои «Чароғи маърифат», ҳамчунин, «Сайёҳӣ», «Ихтироъкорони наврас ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ» амал мекунад, ки ҳар яке аз инҳо дар назди муассисаҳои таълимӣ истироҳатгоҳҳои мавсимӣ роҳандозӣ намуда, барои ҷолибу шавқовар ва манфиатбахш сипарӣ намудани таътили тобистона саъю талош мекунанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш