Нашрияи Омӯзгор

Дар хидмати омӯзгорон

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 755        Шарҳ: 0

 

Кормандони кумитаи иттифоқҳои касабаи соҳаи маориф ва илм дар шаҳри Кӯлоб саъю талош доранд, ки фаъолияти иттифоқҳои касабаро вусъат бахшида, сафи аъзои худро аз ҳисоби ҷавонон зиёд намоянд.

Мо мехоҳем, ки кормандони муассисаҳои таълимӣ: маъмурият,  омӯзгорон ва коргарони техникӣ на танҳо дар кору фаъолият бо ҳам муттаҳид бошанд, балки дар ғаму андуҳ ва хурсандию  сурури якдигар низ  шарик бошанд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ ба якдигар дасти ёрӣ дароз намоянд. Танҳо чунин ҳайати дӯсту иттифоқ метавонад барои пешравии кору фаъолияти аъзои худ муҳити хубу гуворо созмон диҳад. Фақат дар ҳолати  ҳамроҳ кору фаъолият намудани маъмурияти муассисаи таълимӣ бо иттифоқҳои касаба, дар бораи созмон додани муҳиту шароити хуби корӣ ва инкишофи маҳорати касбии ҳар як коргар метавон ҳарф зад ва онҳоро водор ба саҳмгузорӣ дар тарбияи насли наврас намуд.

Иттифоқи касаба  бо муассисаҳои таълимии шаҳру деҳот  робитаи хуби   корӣ  барқарор намуда,  барои  ҳаматарафа  расонидани ёрии  амалӣ,  чи  ба омӯзгорон, коргарони  техникӣ  ва чи хонандагон  дар саъю талошанд.

Барои  дуруст ба роҳ  мондани  тарбияи  ҳарбӣ  – ватандӯстии  хонандагон  бо  кабинети  методии раёсати  маорифи шаҳр  бо  иқдоми   мушовирони  фанҳои  тарбияи  ҷисмонӣ  Сафар Ҳусейнов  ва  омодагии дифои  ҳарбӣ  Саймуддин  Тохтаров  як қатор  чорабиниҳо  гузаронида  шуданд. Аз ҷумла,  дар давоми  таътили зимистонаи хонандагон мусобиқаҳо байни  хонандагони  муассисаҳои таълимии  шаҳру деҳоти Кӯлоб  оид ба волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз, дастхобонӣ ва гӯштини миллӣ гузаронида шуданд.

Бахшида ба ҷашни таъсисёбии Артиши миллӣ миёни хонандагони синни то даъвати ҳарбӣ мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар» гузаронида шуд. Чорабинии мазкур барои баланд бардоштани ҳисси миллӣ -  ватанпарварии хонандагон нақши бағоят калон бозида, онҳоро барои хизмати содиқона ба манфиати ватан тайёр менамояд.       

Дар муваффақиятҳои ба  дастовардаи шогирдон  саҳми омӯзгорон бағоят   калон мебошад.

Мусобиқаи «Шоҳмотбозӣ» ба муносибати ҷашни 30-солагии истиқлолияти ҷумҳурӣ миёни хонандагон ва омӯзгорон гузаронида шуд, ки дар он саҳми  кабинети методии раёсати маориф калон аст.

Баъди ҷамъбасти ҳар мусобиқа командаҳои ғолиб бо ифтихорномаву  диплом  ва туҳфаҳои хотиравии раёсати маорифи Кӯлоб ва кумитаи  иттифоқи касабаи коркунони маорифи шаҳр сарфароз  гардонида шуданд.

Мо на фақат дар ташкили баргузории мусобиқаҳои варзишӣ, балки  дар иштироки хонандагон ва омӯзгорон дар озмуну мусобиқаҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ саҳмгузор будем.

Фақат  дар соли хониши сипаришуда   иттифоқи  касаба  ба  муаллимон ва коргарони  техникии   муассисаҳои  таълими зиёда аз 2000 сомонӣ кумаки яквақта расонид. Ба аҳли оилаи омӯзгороне, ки аз бемории коронавирус фавтидаанд, аз тарафи кумитаи иттифоқи касаба ёрии моддӣ расонида шуд.  

Бо сари баланд метавон қайд намуд, ки кормандони иттифоқи касабаи маориф ва илми шаҳри Кӯлоб  дар оянда  низ барои беҳтару  хубтар  намудани  сатҳу  сифати таълиму тарбияи хонандагон аз  ҳама воситаҳо самаранок истифода  намуда, дар ин кори нек саҳми худро мегузоранд.

Амирхон ҲОМИДОВ,

раиси кумитаи иттифоқи

касабаи коркунони илм ва  маорифи шаҳри Кӯлоб


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш