Нашрияи Омӯзгор

Беэътиноӣ то ба кай?

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 801        Шарҳ: 0

 

Ҳарчанд бо қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” камшавии қонуншиканӣ, беҳшавии масъулияти қисмате аз волидон, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил шудани наврасону ҷавонон ва назорати ҷиддии падару модарон ба мушоҳида мерасад, бо вуҷуди ин, вазъи имрӯзаи иҷрои қонун қонеъкунанда нест.

Коршиносон бар он назаранд, ки мувофиқи матлаб иҷро нагардидани қонуни номбурда омилҳои гуногунро дар бар дорад.

Алишер Аҳмадалиев, сокини шаҳри Бохтар изҳор дошт, ки барои баланд бардоштани донишу фаҳмиши ҳуқуқии омӯзгорон ва падару модарон ва хонандагон оид ба талаботи иҷрои қонуни болозикр дар муассисаҳои таълимӣ комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” амал мекунад. Ин комиссия дар ҳамкорӣ бо шуъбаи кор бо ноболиғони мақомоти корҳои дохилӣ, комиссияи ҳуқуқи кӯдаки мақомоти маҳаллӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон, занон ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда, дар татбиқи қонуни номбурда мусоидат мекунанд. Агар шахсони мутасаддӣ кори худро мувофиқи матлаб ба роҳ монанд, бо боварӣ гуфта метавонем, ки қонуншиканӣ кам мешавад ва дар таълиму тарбияи фарзанд ба муваффақият ноил мегардем.

Аммо Шерализода Фотима бар он назар аст, ки дар ин масъала бо такя ба кори комиссияҳои мазкур муваффақ шуда наметавонем. Зеро фаъолияти ин комиссияҳо имрӯз танҳо аз ҳисоботсупорӣ иборат аст. Аксаран мушоҳида мегардад, ки дар маҷлис ва ҷамъомадҳои умумӣ , чорабиниҳо намояндагони комиссияи болозикр ба таври мушаххас дар бораи ин қонун маълумот медиҳанду бас.

Сабаби асосии чунин вазъ дар он аст, ки нафарони масъул ба дӯши худ вазифаву уҳдадориҳои зиёде доранд, ки на ҳамеша ба кори комиссия расидагӣ карда метавонанд. Масалан, ба як нафар чанд комиссия ва барномаҳои давлатиро вобаста кардаанд. Ин ҷо муовини директори муассисаи таълимиро мисол оварда метавонем. Муовинони директор баробари комиссия ва барномаҳои давлатӣ боз 18 соати дарсӣ низ доранд.

- Дар ноҳияи Хуросон давоми соли ҷорӣ ду ҳолати дуздӣ аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст, ки бо моддаи 244, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст, - гуфт Қурбон Худоёров, сармутахассиси шуъбаи маориф. Хусусан, дар муассисаи таълимии №19 ҳолатҳои наомадан ба дарс ва дер мондани хонандагон мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, дар муассиса комиссия бо чунин оилаҳо ва хонандагон кор мебарад.

Шамъигул Шарипова, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зикр кард, ки дар самти пешгирии наврасону ҷавонон аз ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншикании падару модарон, масъулини шуъбаи маориф бо намояндагони шуъбаи корҳои дохилӣ, мақомоти маҳаллӣ ва дигар сохторҳои дахлдор ҳамкорӣ намуда истодаанд. Аммо бо вуҷуди ин, ҳастанд волидоне, ки дар самти иҷрои шуъбаи қонуни мазкур масъулияти ҷиддиро дарк намекунанд. Аз вақти қабули қонун натиҷаи дастовардҳои хонандагон бештар гардид. Хусусан, имсол дар даври вилоятии олимпиада 52 нафар хонанда иштирок ва аз ин 32 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар олимпиадаи мазкур хонандагон соҳиби 4 медали тилло, 7 медали нуқра ва 21 медали биринҷӣ гардиданд.

Барои тарбияи хуби фарзандон соли ҷорӣ 158 нафар падару модарони фаъол қадрдонӣ карда шуданд. Инчунин, 380 нафар хонанда ҳавасманд гардиданд. Дар шаҳри Бохтар 36 комиссияи ҷамъиятӣ барои иҷрои қонун амал мекунад, ки 252 нафарро дар бар мегирад.

Дар муассисаҳои таълимӣ оид ба пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб, ҷинояткорӣ , худкушӣ , аз таҳсил дур мондан, дар дарсҳо иштирок накардан, бо хонандагони душвортарбия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад, - гуфт Исломиддин Нарсов, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон. Ӯ илова кард, ки мо дар самти баланд бардоштани дониши ҳуқуқии падару модарон талош намуда истодаем.

Ниёзалӣ Ашӯров, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Левакант, изҳор дошт, ки падару модарон ва ҳам хонандагон ба дастгириҳои психологӣ ниёз доранд. Махсусан, бояд ба волидайн равоншинос дар самти таълиму тарбияи фарзандонашон кумак намояд. Зеро онҳо ба тавсияи равоншинос ниёзи ҷиддӣ доранд. Ҳастанд волидоне, ки фаҳмиши шакли дурусти муносибатро бо наврас намедонанд ва ин боис мегардад, ки ба таълиму тарбияи фарзандашон аҳамият намедиҳанд ва ноболиғ ба амалҳои номатлуб даст мезанад ё нисбат ба дарс беаҳамиятӣ зоҳир мекунад.

Соли равон, мутаассифона, ду нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ даст ба худкушӣ заданд. Ба ҳамин монанд яке аз хонандагони муассисаи таълимии №6 сӯиқасд ба ҷони худ намуд, ки масъулини шуъбаи маориф якҷо бо кормандони ШВКД ин амали нохушро пешгирӣ карданд.

Ба андешаи Садбарг Ҳайдарзода, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Норак аксаран ноболиғоне ба амалҳои номатлуб даст мезананд, ки дар тарбияи хешовандонанд ё аз падар маҳруманд, дуруст тарбия намеёбанд ва дар мактаб низ мушкилӣ пеш меоранд. Яъне дар таълиму тарбияи фарзанд бештар оилаҳои солиму комил муваффақ шуда метавонанд.

Боиси нигаронист, ки рӯз то рӯз ҷудошавии оилаҳо бештар ба қайд гирифта мешавад. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки боз чанде аз кӯдакон дар оилаи нокомил ё аз падар ва ё аз модар маҳрум ба воя мерасанд, ки ин дар тарбияи онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

С.АЗИЗӢ ,

“Омӯзгор”

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш