Нашрияи Омӯзгор

Ҷаласаи дуюми гурӯҳи кории СҲШ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

Таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи дуюми гурӯҳи корӣ вобаста ба пайгирӣ намудани лоиҳаи Созишнома байни мақомоти ваколатдори давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон тариқи фосилавӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ризо Назарзода ва сардори Шуъбаи муносибатҳои байналмилалии кумита Шабнам Раҳимзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти кор бо ҷавонон аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида, он барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай равона карда шудааст.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони котиботи СҲШ, роҳбарияти мақомотҳои ваколатдори давлатҳии соҳаи кор бо ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ ва коршиносони соҳа аз ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Покистон, Хитой, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи созишнома дар ҷаласаи навбатии сарони давлатҳои СҲШ, ки 16 -17 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе доир мегардад, барои имзо пешниҳод карда мешавад.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш