Нашрияи Омӯзгор

Иҷрои барнома нигаронкунанда аст

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 827        Шарҳ: 0

 

- Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ соли равон як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст,- гуфт зимни суҳбат директори марказ Киромуддин Назаров ва афзуд, ки муассиса фаъолияти худро дар се зинаи таҳсилот ба роҳ монда, сомонаи расмии худро таъсис додааст.

Дар сомона барномаҳои давлатӣ оид ба соҳаи маориф, қарору фармонҳо, дастур, оиннома, низомнома, маълумоти оморӣ оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, тарзи истифодаи технологияи нави муосир ва 167 адад китоби электронии дарсӣ (синфҳои 1-11), шакли электронии китобҳои бадеӣ, бачагона ва дар маҷмӯъ, зиёда аз 900 навори видеоии таълимию методӣ барои муассисаҳои таълимӣ ҷой дода шудааст. Ҳамчунин, вобаста ба амалӣ намунаи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» видеофилмҳои таълимӣ аз фанҳои физика, математика, астрономия, геометрия, биология ва химияро кормандони марказ  омода намуда, дар сомонаи мазкур ҷой намудаанд.

Ба тасдиқи К.Назаров, дар «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» дар ҷумҳурӣ харидории 10404 адад компютер ва 726 тахтаи элетронӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 856 компютер ва 60 тахтаи электронӣ харидорӣ гардидааст, ки иҷрои   нақшаро 8 фоизӣ ташкил медиҳаду халос. Аз ҷумла, дар шаҳру навоҳии ВМКБ нақшаи хариди компютерҳо 84 адад буда, дар нимсолаи якуми соли равон 41 компютер харидорӣ шудааст, ки 44 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Нақшаи хариди тахтаҳои электронӣ 52 адад буда, дар нимсолаи аввал ҳамагӣ 5 тахтаи электронӣ харидорӣ шудааст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, тибқи нақша дар давоми сол бояд 3911 адад компютер  ва 271 тахтаи электронӣ харидорӣ шавад. Дар тӯли 6 моҳ 333 компютер харидорӣ шудааст, ки 9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Аз 271 адад тахтаи  электронӣ дар нимсолаи аввал 9 адад харидорӣ шудааст, ки 3 фоизи иҷрои нақшаро дар  бар мегирад. Дар нимсолаи якуми соли равон дар шаҳру ноҳияҳои Носири Хусрав, Ҷалолиддини Балхӣ, Муъминобод, Ховалинг, Панҷ, А.Ҷомӣ, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Темурмалик, Бохтар, Вахш, мутаассифона, ягон адад компютер харидорӣ нашудааст. Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Н.Хусрав, Қубодиён, Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Ҷайҳун, Панҷ, А.Ҷомӣ, Ёвон, Левакант, Восеъ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Данғара, Ш.Шоҳин, Темурмалик, Балҷувон, Вахш ва Хуросон тахтаи электронӣ харидорӣ нашудааст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд бояд соли ҷорӣ, тибқи нақша 2892 адад компютер ва 211 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад. Ҷойи нигаронист, ки то ин дам ҳамагӣ 235 компютер (8,1 фоизи нақша) ва 36 тахтаи  электронӣ (17 фоизи нақша) харидорӣ ва ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон, Истиқлол, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ, Панҷакент ягон адад компютер харидорӣ нашудааст. Шаҳру навоҳии Ашт, Айнӣ, Б.Ғафуров, Гулистон, Деваштич, Исфара, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ Панҷакент, Ҷ.Расулов, Спитамен муассисаҳои таълимиро бо тахтаи электронӣ умуман таъмин накардаанд. Вазъ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ ташвишовар мебошад. Дар НТҶ мебоист 2734 адад компютер ва 193 тахтаи электронӣ давоми сол харидорӣ мегардид, вале дар нимсолаи якуми соли равон 247 адад компютер (баробар ба 9 фоизи нақша) ва 10 тахтаи электронӣ (баробар ба 5 фоизи нақша) харидорӣ шудааст. Дар шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Роғун ягон адад компютер харидорӣ нашуда, дар ноҳияҳои Нуробод, Варзоб, Ҳисор як ададӣ компютер харидорӣ шудааст, ки аз бемасъулияти мутасаддиёни соҳа дарак медиҳад. Дар шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Файзобод, Рашт, Варзоб, Ҳисор, Турсунзода умуман тахтаи электронӣ харидорӣ нашудааст.

-Қайд кардан зарур аст, ки аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илм ба раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати ба бинои алоҳида ва мустақилияти молиявӣ таъмин намудан ва ҷудо кардани воҳидҳои корӣ дар марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маориф мактуб ирсол гардида бошад ҳам, ҳалли масъала ба ҳоли худ гузошта шудааст,- изҳор медорад К.Назаров. Гарчанде 2536 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба шабакаи Интернет пайваст гардида бошанд, қисми зиёди ин пайвастшавӣ тавассути модем сурат гирифтааст. Кормандони Марказ баҳри амалӣ намудани банди 8 (таҳияи маводи таълимии электронӣ барои ҳамаи  фанҳо бо забони давлатӣ) ва банди 9 (харид ва мутобиқсозии маводи таълимии электронӣ)-и «Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - комуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» маводи видеоию таълимӣ ва методиро таҳия намуд, ки дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шудаанд. Аз ҷумла, вобаста ба ин масъала, 280 дарси намунавии омӯзгорони соҳибтаҷриба ва пешқадам аз фанҳои физика, математика, забони англисӣ, забони русӣ, химия, биология, таърихи умумӣ ва таърихи халқи тоҷик сабт ва омода гардида, ба муассисаҳои таълимӣ интиқол дода шудааст. Ба таъкиди Киромуддин Назаров,  марказ ва зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳри амалишавии бандҳои 11-12-и барномаи давлатӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши техникии мутахассисон, кормандони раёсат ва шуъбаҳои маориф, инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар давраи таътилҳои зимистона ва  баҳорӣ курсҳои омӯзиши истифодаи технологияи нави муосир (тахтаҳои электронӣ ва видеопроектор)-ро дар раёсат, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ  ба роҳ монд, ки дар ин давра зиёда аз 5000 нафар корманди раёсату шуъбаҳои маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба ин курсҳо фаро гирифта шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати амалӣ намудани банди 13-и барномаи давлатӣ ва баҳри баланд бардоштани тафаккури техникии кормандон,  омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва мутахассисони  бахшҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия семинар- машварат дар мавзӯи «Роҳҳои баланд бардоштани саводнокии иттилоотӣ - коммуникативӣ дар раванди таълим» бо иштироки директорони марказ ва бахшҳои технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи назди раёсат ва шуъбаҳои маориф, омӯзгорони технологияи информатсионии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе, минтақаҳои   Бохтар ва Кӯлоби вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва минтақаи Рашт аз ҷониби Марказ давра ба давра ташкил  ва гузаронида шуд. Ҳамзамон, Марказ ва зерсохторҳои он барои дар ҳолати корӣ нигоҳ доштан ва истифода намудани таҷҳизоту васоити технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 1280 адад компютер ва 70 принтерро таъмир карда, 80 адад тахтаи электронӣ ва проекторҳоро бо барномаҳои махсус насб ва ба ҳолати корӣ барқарор намуд. Баҳри татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ», фармоиши вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ оид ба тасдиқи Нақша – чорабиниҳои консепсияи зикршуда ва тибқи Низомномаи Шӯро оид ба технологияи иттилоотию коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми кишвар бо иштироки аъзои он ҷаласа (ҳар се моҳ) гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ, аз ҷониби Марказ тамоми корҳои зарурӣ дар самти иҷрои бандҳои барномаи давлатӣ анҷом дода шудааст, вале ҷойи нигаронист, ки аз бепарвоию фориғболии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, раёсату шуъбаҳои молия ва масъулони бахши маориф нақшаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо компютеру тахтаҳои электронӣ иҷро нагардида мондааст ва гумон аст,ки то охири сол нақшаи мазкур иҷро гардад. Пурсида мешавад,ки ба ин саҳлангорию муносибати сатҳию бепарвоёна кай хотима бахшида мешавад?

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш