Нашрияи Омӯзгор

Ванҷ: беш аз 80 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 778        Шарҳ: 0

 

Ҷиҳати ба талаботи муосир мутобиқ намудани роҳҳои мошингарди ноҳияи Ванҷ  сохтмони 8 пул босуръат идома дошта, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ мавриди истифода қарор дода мешаванд.

Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар ноҳия бунёди 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ба нақша гирифта шуда, сохтмони як мактаб оғоз гардидааст. Сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорон дар амалисозии тадбирҳо бахшида ба истиқболи сазовори 30-солагии ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳои тасдиқшуда саҳми муносиб гузошта истодаанд. Аз 86 адад иншооти нақшавии ба шарафи ҷашни миллӣ сохташаванда, то имрӯз 84 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд. Айни замон  дар 14 деҳаи ноҳия аз тарафи соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони майдонча ва толори варзишӣ оғоз гардидааст. Сохтмони 11  иншооти иловагии дорои таъйиноти гуногун бо маром идома дошта, ин иншоот то  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода дода мешаванд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш