Нашрияи Омӯзгор

Тарбияи рукнҳои одоб дар ҷомеа ва муассисаи таълимӣ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 819        Шарҳ: 0

 

Ҳарчанд адабиёти беш аз 1200 - солаи форсу тоҷик, нигоштаю тасвир ва катибаҳои сангини беш аз  5000 -  солаи  гузаштагони бузурги мо    саршори  панду ахлоқ ва тарбияву масоили инсонсозӣ мебошанд, вале раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо, воридшавии урфу одатҳои барои миллати мо бегона, муҳоҷирати ҷавонон ба кишварҳои хориҷ,   пайравии  онҳо аз одатҳои номатлуб ва даҳҳо мушкилоти дигари ҷомеаи имрӯз зарурати  ба таври ҷиддӣ ва барои аҳли ҷомеа дар муҳити муассисаҳои таълимӣ,  оила ва ҷомеа ба роҳ мондани корҳои тарбиявиро тақозо менамояд.

Дар чанд соли охир рафтору гуфтор ва тарзи муоширати иддае аз наврасону ҷавонон  ба пуррагӣ тағйир ёфта, дар либоспӯшӣ,  аз қафои мӯд давидан, эҳтиром накардани калонсолону занон, қабеҳгӯию дашномдиҳӣ дар муҳити оилаю мактаб, беҳудагӯию дағалрафторӣ  дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба падару  модарон, бародару хоҳарон ва ҳамдигар, инчунин, риоя накардани талаботи гигиению санитарӣ, беодобӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ, кӯчаю хиёбон ва боғу майдон ва  оҳиста - оҳиста  ба як амали одӣ табдил ёфтани ин рафторҳо наметавонад боиси ташвиши ҷомеа ва махсусан, соҳаи маориф ва оила қарор нагирад.

Дар сурате ки дар дигар кишварҳо вобаста ба тағйир ёфтани  авзо ва майлу хотири  насли наврас  ва ҷавонон ба ҳар як амали ғайри қобили қабул институту пажӯҳишгоҳҳои педагогию психологӣ ва тадқиқотӣ  даҳҳо тадқиқотро сари ин масоил  ба роҳ монда, барои ҷилавгирӣ аз ҳама гуна буҳронҳои ғайриахлоқӣ фикру назари худро ба ҷомеа ва сохторҳои дахлдор матраҳ месозанд, Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон  ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигар ташкилоту  созмонҳои давлатию ғайридавлатӣ, ки ба кори таълиму тарбия  сару кор доранд, ба ин масъалаи ниҳоят ҷиддӣ кам сару кор  гирифта,   омилҳои майл намудани ҷавонон  ба бегонапарстӣ, рӯ овардан ба амалҳои номатлуб ва дигар масоили ба он монандро,   ки оҳиста - оҳиста ин падидаҳо метавонанд ҷомеаро ба    як  буҳрони азими бегонапарастӣ рӯ ба рӯ созанд, пажӯҳише анҷом надодаанд. 

Ҳарчанд Вазорати маориф ва илм  дар таҳия ва дастрас намудани даҳҳо барномаю  китобу дастурҳои тарбиявӣ ба  муассисаҳои таълимӣ   корҳои зиёдеро анҷом дода бошад ҳам, вале  дар масоили дар боло зикргардида, амали қатъие  сурат намегирад.  Аниқтараш  аҳли ҷомеаи имрӯз дар баробари ин амали ҷавонон, дидаю дониста хомӯширо ихтиёр намудааст, ки боиси нигаронист.

Таъкид намудан зарур аст, ки бештари  бадахлоқиҳо ва одатҳои номатлуб аз ҷониби кишварҳои махсус ба хотири вайрон намудани низоми  кишварҳои рӯ ба рушд ва аз байн бурдани оромию субот дар ин мамлакатҳо роҳандозӣ мегарданд.

Барномаи тарбиявие, ки имрӯз дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ омухта мешавад, иборат аз 38-40 мавзӯъ барои ҳар як синф буда, аслан мавзӯъҳои марбут ба Консепсияи миллии тарбияро  дар бар мегиранд.

Ҳамин гуна барнома дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки 90 мавзӯъро вобаста ба талаботи Консепсияи миллии тарбия ва ҳодисаю воқеаҳои асри ҳозира дар бар гирифта, бо қарори мушовараи Вазорати маориф  ва илм тасдиқ ва мавриди омӯзиш тавассути дарсҳои тарбиявӣ, дарсҳои кураторӣ, машғулиятҳои беруназмактабию беруназсинфӣ қарор гирифтааст, ба  таҷдиду тамдид ниёз дорад.

Мушкил он аст, ки ба масъалаҳои гуногуни тарбиявӣ, махсусан, масоили васеътару доманадор дахл намуда,   суннату рафтору ахлоқи тоҷикиро, ки хонандагону донишҷӯёни мо аз он дур шудан доранд, мавриди таъкиду баёни доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити оила қарор надодаем ва ё онҳоро одию нодида гирифтаем. Истифода накардани телефони мобилӣ, риояи сару либоси мактабӣ, кӯтоҳ намудани мӯи сар, рангу бор накардан, зебу зинат наовехтан, бо либосҳои ғайритавсиявӣ ба дарс наомадан, пешгирии гаравиши ҷавонон ба равияю ҷараёнҳои террористию экстремистӣ, нашъамандию тамокукаширо даҳҳо маротиба таъкид намоем ҳам, вале масъалаҳои одиеро, ки доимӣ  риояи онҳо зарур аст, то андозае мавриди таъкиди доимӣ қарор надодаем.

Тарбия   аз зинаи таҳсилоти томактабӣ  бо омӯзиши одитарин рафтору гуфтори кӯдакон бояд  оғоз гирад. Тарзи салом додан, даст шустан, пӯшидани пойафзол, истифодаи дуруст аз ташноб, тарзи истифода аз коғази ташноб,  таъмини  тозагии  зарфи ташноб, пӯшидани либос, тарзи дурусти дар курсӣ дар пушти миз нишастан, тарзи нонро шикастан, хӯрок хӯрдан, нишастану хестан ва даҳҳо амали дигар   мавриди омӯзиш ва таъкиди доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва муҳити оила бояд бошанд.    Дар кишварҳои пешрафтаи олам (Олмон, Амрико, Бритония, Фаронса ва дигар кишварҳои Урупо) масоили матраҳшуда ҳар рӯз дар вақтҳои муайян ба кӯдакон  омӯхта ва доимӣ  иҷрои он  мавриди назорат ва таъкид қарор мегирад.  Мутаассифона, имрӯз бештари калонсолон,  худи оилаҳо ниёз ба омӯзиш доранд.

Ҳар сол ҳазорон ниҳоли ороишӣ ва мевадиҳанда дар гулгашту хиёбонҳо шинонида мешаванд. Вале масъулияти об додану парвариши онҳо ба боди сабо ҳавола мегардад. Ин аст, ки пеши чашмони мо ҳазорон бех дарахти  шинонида аз беобӣ ва ё шикастани кӯдакону наврасон нобуд шуда мераванд.  Ман дар шаҳри азизам боре ҳам надидам, ки як нафар сокини ин шаҳр ҳамроҳ бо фарзандон ва ё ҳамсояҳо бехи дарахтеро нарм кардаву ба он об дода бошанд. Дар муҳити муассисаи таълимӣ хонандагону донишҷӯён фаъоланд, вале чун ба таътил баромаданд, дигар ҳамаи масъулият барояшон фаромӯш мегардад. Ҳамаи  масъулият ба  шаҳрдорӣ ҳавола мегардад ва ҳатто дарахтони ҳавлию гирду атрофи хонаҳоро ҳам мардум мехоҳанд шаҳрдорӣ  нигоҳубин кунад. Тобистони дароз дарахтони пушти хонаҳо  аз беобӣ хушкида меистанд ва масъулияти шаҳрвандӣ ва аз ҳама асосияш инсонӣ,  барои бештари мардум фаромӯш шудааст. Партофтани  партобҳо ба кӯдакон ҳавола мегардад ва онҳо ҳар ҷое, ки рост ояд, онҳоро мепартоянд. Дар шанбегию ҳашарҳо сокинони шаҳру ноҳияҳо ширкат намекунанд ва бори ҳашару шанбегиҳо ба дӯши кормандони давлатӣ, омӯзгорону духтурон ва хонандагону донишҷӯён ҳавола гардидааст.

Ҳатто тоза намудани гирду атрофи ҳавлӣ ва хонаю манзилашонро мардум мехоҳанд ба воситаи дигар ниҳодҳо амалӣ намоянд. Дар сурате  ки ҳар рӯз пеши даромадгоҳи хонаҳои баландошёна занҳо бекор  то бегоҳ ба донаи офтобпарастхӯрӣ ва суҳбати  бепоён машғуланд, партобҳо ва дарахтони хушкида ва гирду атрофи хонаҳои норӯфтаю бо ҳолати ғайрисанитарӣ наметавонад боиси ташвиш набошад.  Ҳамин муҳит кӯдаконро тарбия месозад  ва таъсири муассисаҳои таълимӣ  пеши ин муҳити ифлос ноаён мегардад.

Зарур аст, ки имрӯз дастуру китобҳои тарбиявӣ бо фарогирии одитарин рукнҳои тарбия, бо истифода аз ҳикояҳои  тамсилии адабиёти пурғановати гузаштаи миллати азизамон ва адабиёти ҷаҳонӣ барои омӯзгорон, падару модарон ва дар алоҳидагӣ барои хонандагону донишҷӯён таҳия ва дастраси муассисаҳои таълимию ҷомеа  гардонида шаванд.

Вақти он расидааст, ки Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Тоҷикистон ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ҳамкорӣ бо Маркази методию таълимии назди Вазорати маориф  ва илм ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дастури махсусеро марбут ба тарбияи дурусти хӯрок хӯрдан, даст шустан, истифода аз ташнобу ҳаммом,  гигиена ва физиология ва масъалаҳои дигари марбут ба тозагию саломатӣ барои  падару модарон, омӯзгорон ва дар алоҳидагӣ барои  хонандагон таҳия  ва пешниҳод намоянд. Махсусан, аз ашъори гузаштагон вобаста ба  масоили мазкур таҳия намудани як дастури тарбиявӣ барои падару модарон ва хонандагону донишҷӯён ба манфиат хоҳад буд. 

Ҳамчунин, дар баробари 18 банди Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикиситон, дар барномаи тарбиявӣ  барои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ,   муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷиҳати  ворид намудани мавзӯъҳо вобаста ба масъалаҳои таъкидшуда дастур ва барномаи махсус ҳам барои падару модарон ва ҳам барои фарзандони  онҳо  таҳия гардад.  

Ҷалолиддин АМИРОВ,

сармутахассиси раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнии касбии Вазорати  маориф ва илм


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Инсон фақат замоне метавонад шод бошад, ки фарз накунад ҳадафи зиндагӣ танҳо шодӣ аст.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш