Варзиш дар замони мо аз соҳаҳои хеле муҳим ба ҳисоб рафта, кафили саломатии ҳар як фарди солимақл аст.Соҳаи варзиш бахусус, дар солҳои соҳибистиқлолӣ нумӯ ёфта, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои варзишии минтақа ва олам шуҳрати миллати моро баланд мебардоранд. Пас аз мусобиқаҳои олимпӣ низ дар мамолики хориҷӣ ба шарафи муваффақияти варзишгарони мо Парчами миллӣ борҳо баланд афрохта шуда, Суруди миллӣ танинандоз мегардад, ки ин ифтихори ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Бо мақсади боз ҳам рушд кардани соҳа сохтмони иншооти варзишӣ дар ҷумҳуриамон пайваста идома дорад. Дар баробари ин, ташкили муассисаву ассотсиатсияҳои соҳавӣ ба равнақи варзиши тоҷик мусоидат менамоянд. Яке аз чунин ташкилоти бонуфуз, ки ҳанӯз бист сол пеш дар Рӯзи хабарнигорони риштаи варзиш ифтитоҳ ёфта буд, Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) ба шумор меравад.
Аслан, Рӯзи байналхалқии хабарнигорони варзишӣ бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналхалқии матбуоти варзишӣ аз соли 1995 таҷлил мегардад. Ин ассотсиатсия чун ташкилоти байналмилалии касбии журналистон дуюми июли соли 1924 дар шаҳри Париж таъсис ёфтааст. Ҳоло бошад, иттиҳодияҳои миллии хабарнигорони варзишии 165 давлати дунё, аз ҷумла, Ҷумҳурии Тоҷикистон узви ин ташкилот мебошанд. Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон, ки 25 январи соли 2001 дар шаҳри Душанбе, дар конфронси муассисон таъсис ёфт ва моҳи марти соли 2011 дар Конгресси 74 – уми Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ (AiPS) дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии матбуоти варзишӣ қабул гардидааст.
Рӯзноманигорони АЖРВТ, ки сафи онҳо бештар аз ҳафтод нафарро ташкил додааст, дар таблиғу ташвиқи навъҳои гуногуни варзиш саҳми муносиб мегузоранд. Дар ҳамоиши ҷашни бистсолагии АЖРВТ раиси он, шореҳи шинохтаи футбол Нарзулло Латипов иштирокдорон – меҳмонон ва аъзои ассотсиатсияро бо иди касбиашон табрик гуфта, саҳми онҳоро дар инъикоси варзиш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешрафт, такомул ва комёбиҳои варзишгарони тоҷик муносиб номид.Номбурда афзуд, ки хабарнигорони варзишӣ, ҳамчунин, бо ин гуна фаъолияташон дар инъикоси тарзи ҳаёти солим низ саҳм мегиранд.
Иштирокдорони чорабинӣ Осорхонаи шахсии Нарзулло Латиповро низ тамошо карданд, ки он таърихи беш аз панҷоҳсолаи варзишро инъикос кардааст. Чунонки худи номбурда гуфт, ҳадафи созмон додани ин осорхона бозгӯ кардани таърихи варзиш, адабиёт, фарҳанг ва санъати тоҷик низ мебошад.
Дар охир аъзои ассотсиатсия барои саҳми калонашон дар ҳаракати варзишии Тоҷикистон бо ифтихорномаи АЖРВТ қадрдонӣ шуданд.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр