Дар толори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озмуни вилоятии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» ҷамъбаст гардид.
Дар озмуни вилоятии «Мураббии соли Тоҷикистон-2021» шаҳри Хоруғ сазовори ҷойи аввал гардида, ноҳияи Ишкошим зинаи дуюм ва ноҳияи Шуғнон мақоми сеюмро касб намуданд.
Омӯзгори Маркази инкишофи кӯдакони Хадамоти Оғохон оид ба маориф Гулру Гулбекова бо истифода аз намоиши маводи гуногун дар раванди гузаронидани машғулиятҳо бо тарбиятгирандагон, омода кардани китобҳои худсохт ва дастурҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва волидони кӯдакон, ки ба талаботи озмун мувофиқат мекарданд, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифт.
Ҷ.КАМИЛА
Иловакунӣ
Иловакунии фикр