Нашрияи Омӯзгор

80 ҷойи ифтихорӣ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Иштироки фаъоли хонандагон дар ҳаракати олимпӣ ва санҷиши дониш тавассути олимпиадаҳои фаннӣ дар ташаккули қобилият, донишу маҳорати хонандагон нақши арзанда дорад. Ҳар қадаре ки аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ роҳҳои самараноки ҷалби хонандагон ба олимпиадаҳои фаннӣ татбиқ гарданд, боварии хонандагон ба донишу малакаи худ бештар гашта, боиси афзоиши ҳавасмандии ӯ ба худомӯзӣ, ташаккул ва инкишофи зеҳният мегардад.

Дарёфти хонандагони соҳибистеъдод ва тайёр кардани онҳо ба олимпиадаҳо яке аз вазифаҳои калидии Маркази рушди истеъдодҳои назди раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Соли ҷорӣ хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори 80 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла, 6 ҷойи аввал, 17 ҷойи дуюм ва 57 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва типи нав (синфҳои 11), олимпиадаҳои даставӣ (синфҳои 9-10) ва наврасон (5-6 ва 7-8) хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Хоруғ соҳиби 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ, ноҳияҳои Дарвоз-1 медали нуқра, Ванҷ - 6 медали биринҷӣ, Рӯшон - 6 медали биринҷӣ, Шуғнон - 2 медали тилло, 2 медали нуқра ва 11 медали биринҷӣ, Ишкошим-1 медали тилло, 3 медали нуқра ва 5 медали биринҷӣ, Муассисаи давлатии мактаби Президентии шаҳри Хоруғ барои хонандагони болаёқат - 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ, литсейи Оғохон-1 медали тилло, 8 медали нуқра ва 10 медали биринҷӣ гардиданд.                 

 

Шодӣ  МИРЗОҶОНОВ,

сармутахассиси Маркази

дарёфт  ва рушди истеъдодҳои

Вилояти  Мухтори

Кӯҳистони Бадахшон

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш