Нашрияи Омӯзгор

Таъмиру тармим давом дорад

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон Ҳалима Бердибекова хабар дод, дар ноҳия 45 муассисаи таҳсилоти умумӣ, мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ, интернати наздимактабӣ, 3 кӯдакистон, 40 маркази инкишофи кӯдакони синни томактабӣ, Маркази эҷодии кӯдакону наврасон ва дигар шаклҳои таълими иловагӣ ба таълиму тарбияи насли наврас  машғул мебошанд.

 Соли таҳсили сипаришуда  дар олимпиадаи вилоятӣ 156 нафар хонанда ширкат варзида, 27 нафарашон дар даври ҷумҳуриявӣ ширкат намуда, соҳиби 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» фаъолона ширкат варзиданд. Соли гузашта аз ноҳия дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 4 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфта, 1 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Ҳоло дар ҳамаи таълимгоҳҳо таъмиру тармим бо сифати хуб ҷараён дорад.

Суҳбати судманд

Муовини раиси ВМКБ Назира Амирбекзода бо роҳбарияти намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон Асан Макавӣ Хоколӣ мулоқот доир намуд. Дар ҷараёни суҳбат оид ба амалишавии барномаҳои соҳавӣ дар вилоят, монеаҳо ва бартарафсозии мушкилиҳои ҷойдошта табодули назар карда шуд.

Муовини раис барои фаъолияти густурдаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар вилоят изҳори сипос намуда, қайд кард, ки бозомӯзӣ як роҳи судманди такмили ихтисоси омӯзгорон буда, дар ҳамкорӣ бо  филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва самаранок фаро гирифтани омӯзгорон ба он яке аз омилҳои асосии баланд гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар таълимгоҳҳо мебошад.

Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Асан Макавӣ Хоколӣ амалишавии Барномаро дар вилоят хуб арзёбӣ карда, зикр дошт, ки дар оянда барои суръат бахшидани рушди босуботи соҳаи маорифи вилоят, дар таҳсилот ҷорӣ кардани технологияи инноватсионӣ ва пайвасти муассисаҳои таълимӣ ба шабакаи Интернет талошу ҷаҳд хоҳанд кард.

 

 

Майдончаи футболи хурд

Шавқу завқи ҷавонон, махсусан, хонандагони мактаб ба варзиш зиёд шудааст. Наврасон ба бозии футбол диққати махсус медиҳанд. Ба ин хотир, дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат сохтмони майдончаи футболи хурд ба нақша гирифта шудааст. Барои бунёди сохтмони он ҷавонони серғайрат ҷалб гардида, пешбинӣ  шудааст, ки то фарорасии ҷашни бошукӯҳи 30-юмин солгарди Истиқлоли  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон он мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Майдонча фарогири 2 ҳазор ҷойи нишаст буда, Федератсияи футболи Тоҷикистон барои сохтмони он 50 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст.

 

 

Ҷ.Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш