Нашрияи Омӯзгор

Фаъолияти густурдаи донишгоҳ

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

- Дар нимсолаи якуми соли таҳсили 2021 бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба талаботи бозори меҳнат ва стандартҳои байналмилалӣ дар таълимгоҳи мо корҳои зиёди судманд анҷом дода шудааст, - гуфт зимни нишасти  матбуотӣ ба рӯзноманигорон ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор  М. Гулзода. Барои баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҷорӣ намудани технологияи муосири таълимӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегии донишгоҳӣ нақшаи чорабиниҳо амалӣ шуда истодааст.

Бино ба иттилои ректор, дар асоси иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ донишгоҳ аз рӯйи панҷ ихтисос – кори табобатӣ, педиатрия, ташкили ҳифзи саломатии ҷомеа, стоматология ва фарматсия мутахассис омода менамояд. Ҳамчунин, дар донишгоҳ аз рӯйи 40 ихтисос таҳсилоти баъдидипломӣ – таҳсил дар зинаи интернатура, PhD, докторантура ба роҳ монда шудааст.

Яке аз омилҳои афзудани сифати таълим, истифодаи синфҳои лабораторӣ, асарҳои таълимӣ, илмӣ, соҳавӣ  ва бадеист. Маъмурият  ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳад. Бинобар ин, айни замон раванди таълим ба пуррагӣ бо маводи таълим ва китобҳои дарсӣ, бо се забон (тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ) таъмин буда, донишҷӯён аз китобхонаи донишгоҳ адабиёти таълимиро ба пуррагӣ дастрас менамоянд

Чунонки роҳбари донишгоҳ гуфт, теъдоди муҳассилин сол то сол афзоиш меёбад ва ҳоло ба 12642  нафар расидааст.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ низ густариш меёбад. Бештар аз 1605 нафар аз сездаҳ давлати ҷаҳон ба тариқи мустақим омада имтиҳон супориданд. Бо назардошти авҷи навбатии бемории коронавирус то панҷсад нафар донишҷӯи хориҷиро тариқи онлайн имтиҳон гирифта, дар сурати муваффақ шуданашонро барои фаро гирифтан ба таҳсил дар донишгоҳ даъват мешаванд. Имсол донишгоҳҳро танҳо аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 257 нафар хатм намуда,  соҳиби диплом гаштанд. Айни замон шогирдон – хатмкардаҳои ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар 42 давлати дунё кору фаъолият мекунанд.

Дар соли таҳсили 2020 – 2021 98, 9 фоиз шогирдон донишгоҳро бомуваффақият хатм намуданд ва сифати таълим 47,7 фоизро ташкил дод. Ҳоло дар донишгоҳ ҳафт Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд.

Дар нишаст, ҳамчунин,  оид ба фаъолияи тарбиявӣ – фарҳангӣ, илмӣ – инноватсионӣ, ташхисию табобатӣ ва машваратӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, таҳкими  иқтидори  моддӣ, гарави рушди неруи инсонӣ, корҳои хоҷагидорӣ  суолҳо ба миён омаданд, ки роҳбарият ба ҳамаи онҳо посухҳои мушаххас гуфт.     

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш