Нашрияи Омӯзгор

ДДМИТ дар ҷои сеюм

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 814        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз руйи  рейтинги Webometrics Ranking of World Universities дар рӯйхати беҳтарин донишгоҳҳои Тоҷикистон пас аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҷойи сеюм қарор гирифт.

Webometrics Ranking of World Universities системаи глобалии рейтинги донишгоҳҳо мебошад, ки ҳадафи рейтинг баланд бардоштани ҳузури академияҳо ва институтҳои тадқиқотӣ дар интернет ва мусоидат ба нашри кушоди натиҷаҳои фаъолияти илмӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки рейтинг соли 2004 ба фаъолият оғоз карда, ҳамасола моҳҳои январ ва июл омори навро нашр менамояд. Имрӯз он ба зиёда аз 12000 донишгоҳи ҷаҳон дар саросари ҷаҳон нишондиҳандаҳои веб пешниҳод менамояд.

Гузаронидани рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тайи солҳои охир собит менамояд, ки барои баланд гардидани нишондодҳои рейтингӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ рақобат ба назар мерасад. Ин боис мегардад, ки дар маҷмӯъ рейтинг барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва омода намудани мутахассисони баландихтисоси талаботи бозори меҳнат таъсири худро расонад.

Ҳотами  ҲОМИД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш