Нашрияи Омӯзгор

223 нафар дипломи аъло гирифтанд

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 783        Шарҳ: 0

 

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар фаъолияти беш аз ҳафтодсолаи худ ҳазорҳо нафар шогирдонро тарбия намуда, барои камолоти минбаъдаи онҳо дар рӯзгор ва фаъолияти доимиашон мусоидат кардааст. Дар ин бора ректори ин муассисаи таҳсилоти олии касбии мамлакат, профессор Қобилҷон Хушвахтзода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод. Гуфта шуд, ки ҳоло дар ин ҷо 25 746    нафар донишҷӯ аз рӯйи 120 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, магистратура ва доктор Phd таҳсил доранд. Таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

- Оид ба баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахассисон, ташкили самараноки кори таълим ва таҳияву дастрас кардани маводи таълимӣ саҳми  Шӯрои илмии донишгоҳ назаррас аст, - гуфт ректор. – Бо ташаббуси Шӯрои илмию  методии донишгоҳ монографияю китобҳои дарсии зиёде, ҳамчунин, барномаи таълимӣ,  воситаи таълимию  дастури методӣ ва  китобҳои дарсӣ ба чоп тавсия гардидааст. Бо мақсади таъмини техникии раванди таълим бо технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултаҳо ва сохтори таркибии донишгоҳ 2365 компютер, 654 адад компютери бисёрфунксионалӣ, 156 тахтаи электронӣ 224 видеопроектор ва ғайра мавриди истифода қарор дода шудааст.

Қ. Хушвахтзода иттилоъ дод, ки моҳи ноябри соли гузашта экспертҳои байналмилалӣ ба ДМТ омада, бо паҳлуҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ ошно гардиданд. Онҳо вазъи таълиму тарбияро дар қиёс ба талаботи таҳсилоти аврупоӣ  мавриди  баррасӣ қарор доданд. Дар натиҷа хабар расид, ки Шӯрои Агентии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (ЕККА) фаъолияти донишгоҳро мувофиқ ба талабот ва стандартҳои таҳсилоти  Аврупо эътироф намуданд. Акнун ДМТ нахустин муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурист, ки аз аккредитатсияи  институтсионалии аврупоӣ гузашт ва мақоми худро пурра  мустаҳкам намуд. Санади аккредитатсионии ЕККА дар беш аз 35 давлати аврупоӣ эътибор дорад.

Имсол донишгоҳро 223 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуданд, ки аз ин теъдод 184 нафарро хатмкунандаи дараҷаи таҳсилоти бакалавр , шаш нафарро хатмкунандаи дараҷаи таҳсилоти мутахассис ва 32 нафарро дараҷаи таҳсилоти магистратура ташкил медиҳанд. Дар пояи панҷ Шӯрои диссертатсионии КОА ФР донишгоҳ 4 нафар рисолаи докторӣ ва 20 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карданд, ки аз онҳо 11 нафар устодону кормандони донишгоҳ мансуб мебошанд. Ҳамчунин, дар 14 Шӯрои диссертатсиони КОА ҶТ донишгоҳ се нафар рисолаи докторӣ, 56 нафар рисолаи номзадӣ ва 9 нафар рисолаи докторӣ дифоъ карданд, ки аз ин шумора 38 нафар ба устодону кормандони донишгоҳ мансуб мебошанд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш