Нашрияи Омӯзгор

Оғози  басти дуюми истироҳати тобистона

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 791        Шарҳ: 0

 

Шурӯъ аз 9 июл дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии «Орзу»-и ноҳияи Фирдавсӣ, «Шарора»-и ноҳияи И.Сомонӣ, «Гулхан»-и ноҳияи Сино ва «Зимчрӯд»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт  басти дуюми  истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе  оғоз гардид, ки то 20 июли соли 2021 идома меёбад.

Дар  басти дуюм  дар  истироҳатгоҳҳои берунишаҳрии  «Орзу», «Шарора», «Гулхан» ва  «Зимчрӯд»  948 нафар, аз ҷумла, 750 нафар хонандаи муассисаҳои таълимӣ, 118 нафар омӯзгору кормандони техникӣ ва 80 нафар тарбиягирандаи мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим ва бепарастори шаҳри Душанбе  фаро гирифта шудаанд.

Ҳамчунин, дар 36 майдончаи тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии пойтахт  бо фарогирии 1600 нафар хонанда басти якуми истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон оғоз гардид.

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе барои дар истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои солимгардонии назди муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе ташкил намудани гурӯҳҳои истироҳатӣ-омӯзишии фанҳои дақиқ ва омӯзиши забонҳои русию англисӣ барои хонандагони болаёқат ва назорати фаъолияти онҳо муваззаф гардидааст.

Инчунин, бо ин қарор раёсати тандурустии шаҳри Душанбе ва Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе вазифадор гардидаанд, ки истироҳатгоҳҳои берунишаҳрӣ ва майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии ба моликияти коммуналии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он мансубро бо доруворӣ ва мутахассисон таъмин намуда, барои ҳифзи саломатии кӯдакону наврасон мусоидат намоянд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Он чӣ аз дӯсти ҳамфикр дармеёбем, тақрибан ҳамонест, ки худ дармеёфтем.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш