Нашрияи Омӯзгор

1920 нафар хонанда фароғат мекунанд

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 753        Шарҳ: 0

Ба иттилои муовини раиси ВМКБ Гулдаста Орумбекзода, барои истироҳати кӯдакону наврасони вилоят аз буҷаи давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо зиёда аз 391 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Аз ҳисоби маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар се лагери истироҳатӣ дар ноҳияҳои Дарвозу Ванҷ ва Шуғнон дар се баст 480 нафар, Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маорифи вилоят 90 нафар ва Хазинаи Оғохон дар панҷ лагери истироҳатӣ қариб 1000 нафар кӯдаку наврас истироҳат ҳоҳанд кард. Лагерҳои наздимактабии 8 муассисаи таълимии вилоят 350 нафар толибилмро ба фароғат фаро хоҳанд гирифт.

Дар лагери истироҳатии «Насими Ғунд» ғолибони даври дуюми олимпиадаи вилоятӣ фаро гирифта шудаанд.

Ҷ. Қозибеков,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш