Нашрияи Омӯзгор

Вохӯрии Муҳаммадюсуф Имомзода бо Мишел Тарран

Сана: 2021-07-16        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

 

Дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии вазири маориф ва илм бо сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода - вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мишел Тарран – сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муҳаммаддовуд Саломиён – муовини якуми вазири маориф ва илм, Илҳом Камолзода - сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ, Исматулло Шодиён - директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Лола Роже - атташеи фарҳангии сафорат ва Муҳиба Шарипова – сухангӯи сафир иштирок карданд.

Зикр гардид, ки мақсади вохӯрӣ баррасии масъалаҳои ҳамкорӣ миёни Вазорати маориф ва илм ва сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани нақшаи ҳамкориҳо барои солҳои минбаъда мебошад.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба соҳаҳои маориф ва илми Тоҷикистону Фаронса, аз ҷумла, ҷудо намудани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Фаронса, ба роҳ мондани табодули барномаҳои инноватсионӣ ва технологияҳои информатсионӣ, гузаронидани тадқиқотҳои муштараки илмӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷонибҳо, пайгирӣ намудани барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва илм байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса барои солҳои минбаъдаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷаноби Мишел Тарран иброз дошт, ки дар иртибот ба пайгирии масъалаҳое, ки дар суҳбатҳои қаблӣ доштанд, айни ҳол пешнависи ёддошти тафоҳуми яке аз донишкадаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Фаронса – Донишкадаи миллии забонҳо ва тамаддунҳои шарқ (The Institut National des langues et Civilisations Orientales)-ро, ки бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ кардан мехоҳад, манзур менамоянд.

Бо мақсади мустаҳкам намудани пояи ҳуқуқии инкишофи муносибатҳо дар соҳаи маориф ва илм, вазири маориф ва илм М. Имомзода пешниҳод намуд, ки Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Фаронса дар соҳаи маориф ва илм таҳия ва ба имзо расонида шавад.

Бахтовар Сафаров

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бикӯшем, то нек биандешем ҳамин аст оғози ахлоқ.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш