16-уми июли соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия нишасти матбуотии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм М. Саломиён, Г. Ғанизода, Д. Қодирзода, Н. Собирзода, сардорони раёсату шуъба, роҳбарони зерсохторҳои вазорат ва 61 нафар намояндаи расонаҳои иттилоотии дохилу хориҷи кишвар, давлативу мустақил иштирок намуданд. Барои намояндагони васоити ахбори омма варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 дар шакли китобча пешниҳод карда шуд.
Бояд гуфт, ки нишаста матбуотии Вазорати маориф ва илм дар шакли саволу ҷавоб сурат гирифт. Дар рафти суолу ҷавоб хабарнигорон вобаста ба тақдири донишҷӯёни тоҷики дар Қирғизистон таҳсилдошта, гаронии нархи чипта барои сафари донишҷӯёни тоҷик ба Федератсияи Россия, ҷалби омӯзгорон аз Федератсияи Россия ба мактабҳои Тоҷикистон, норасоии китобҳои дарсӣ дар мактабҳои русӣ, мактабҳои дар вагонхонаҳо қарордошта, дар давраи пандемия роҳандозӣ гардидани дарсҳои фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, таъсиси муассисаи таълимӣ аз ҷониби Ҷумҳурии Малайзия дар Тоҷикистон, имтиёзҳои омӯзгорон, тағйиру иловаҳои нав ба имлои забони тоҷикӣ, сафарбар кардани магистрантону докторантон ба хизмати ҳарбӣ, тағйири буҷаи вақти таҳсил, вазъи муассисаҳои таълимӣ дар пайи заминларза дар ноҳияҳои Тоҷикободу Рашт, ҷудо шудани бурсияҳо барои таҳсил дар хориҷи кишвар, ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо телевизиони “Илм ва табиат”, дар ҳолати садамавӣ қарор доштани мактаби №11 дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, норасоии кадрҳои омӯзгорӣ, дарс гуфтани омӯзгорони нафақахӯр дар мактабҳо, ҷамъоварии пули таъмир дар мактабҳо ва чанде дигар вазири маориф ва илм, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат ва роҳбарони муассисаҳои зертобеъ посухҳои мушаххасу қонеъкунанда доданд.
Шоистаи таъкид аст, ки дар ин давра фаъолияти вазорат густариш ёфта, ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Шурӯъ аз таҳсилоти томактабӣ то таҳсилоти олии касбӣ, таъмин муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои таълимӣ, иштироки хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои бонуфузи байналмилалӣ ва сохтмони мактабҳои нав корҳои шоиста анҷом дода шуданд. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 4 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ, аз ҷумла, дар ноҳияи Ёвон 1 кӯдакистон бо фарогирии 315 нафар, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 1 кӯдакистон бо фарогирии 200 нафар, дар шаҳри Истаравшан 1 кӯдакистон бо фарогирии 200 нафар ва дар шаҳри Хуҷанд – 1 кӯдакистон бо фарогирии 240 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» моҳи январи соли 2021 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо теъдоди 1 миллиону 300 ҳазор нусха чоп ва дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 пурра дастраси 3001 муассисаи таҳсилоти умумӣ гардонида шуд. Дар самти татбиқи таълими фарогир корҳо идома дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ 12 номгӯй китоби бадеии кӯдакона ба алифбои брайлӣ чоп гардид, ки ҳар як номгӯй 80 нусха буда, дар маҷмӯъ, 960 ададро ташкил медиҳад. Китобҳои мазкур барои мактаб-интернатҳои махсус ва кӯдакони нобино пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади дарёфт, дастгирӣ, рушди хонандагони боистеъдод ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълимию тарбиявӣ ҷиҳати ташаккули таҳсили муттасили ҷавобгӯ ба талаботи таълимӣ ва амалӣ намудани қобилиятҳои эҷодии истеъдодҳо “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” қабул гардид, ки барномаи мазкур дар самти ташаккули ҳаракати олимпӣ, дарёфт ва рушди истеъдодҳо нақши муҳим мегузорад.
Инчунин, баҳри густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби роҳбарияти вазорат санадҳои зерин ба имзо расонида шуданд:
- Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо Донишгоҳи Индуси Покистон; - Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишкадаи технологияҳои иттилоотии COMSATS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон; - Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Ҷумҳурии Исломии Покистон. Дар шаш моҳи сипаришуда дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ чор санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония дар Тоҷикистон, Нақшаи тақвимии фаъолияти лоиҳаи “English without Borders - Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” бо вазорат, Нақшаи кории дусолаи 2021-2022 миёни вазорат ва ЮНИСЕФ ва ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ ба имзо расонида шуданд.
Сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмин гардонидани рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти инфрасохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал соҳаи илму маориф пайваста диққати махсус зоҳир намуда, соли 2021 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 214 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 48481 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. То 01.07.2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 34 муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 7436 ҷойи нишаст дар як баст ва 7 муассисаи томактабӣ барои 2055 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.
Н. НУРАЛИЗОДА,
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр