Нашрияи Омӯзгор

Шаш моҳи ҷаҳду талошҳо

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 804        Шарҳ: 0

 

15 июли соли равон дар толори литсейи касбии техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе оид ба ҷамъбасти фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2021 ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он Муҳаммадюсуф Имомзода – вазири маориф ва илм, Нурулло Оқилзода – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Прокуратураи генералӣ, кумитаҳои давлатии амнияти миллӣ, кор бо ҷавонон ва варзиш, Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинони вазири маориф ва илм, аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва роҳбарони як қатор муассисаҳои таълимӣ ба таври ҳузурӣ ва онлайнӣ ширкат варзиданд. 

М. Имомзода – вазири маориф ва илм доир ба фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ, иштироки хонандагон дар олимпиадаҳо, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, илм ва инноватсия, маблағгузории соҳа, муносибатҳои байналмилалӣ, сохтмону таъмири биноҳои таълимӣ, омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, таъмини муассисаҳо бо китобҳои дарсию бадеӣ ва маводи таълимӣ ва чанде дигар суханронӣ намуд. Аз ҷумла, мавсуф таъкид кард, ки таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар ҷумҳурӣ ба 681 расида, ба таълиму тарбияи томактабӣ 97 679 нафар кӯдак фаро гирифта шудааст. Дар ин давра 19 кӯдакистон нисбат ба нимсолаи якуми соли 2020 зиёд гаштааст. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 278 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 6060 нафар, дар вилояти Суғд 376 марказ бо фарогирии 13425 нафар, дар вилояти Хатлон 826 марказ бо фарогирии 22574 нафар ва дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 283 марказ бо фарогирии 7153 нафар кӯдак фаъолият менамоянд.

Роҳҳои дигари ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи муассисаҳои томактабӣ бунёди муассисаҳои томактабии хусусӣ мебошад. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ 4 муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ (дар ноҳияи Ёвон 1 кӯдакистон бо фарогирии 315 нафар, дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 1 кӯдакистон бо фарогирии 200 нафар, дар шаҳри Истаравшан 1 кӯдакистон бо фарогирии 200 нафар ва дар шаҳри Хуҷанд 1 кӯдакистон бо фарогирии 240 нафар кӯдак) сохта ба истифода дода шуд.

Таҳлили вазъи таълиму тарбияи томактабӣ дар кишвар нишон медиҳад, ки яке аз мушкилоти асосии имрӯза нокифоя будани маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба тарбияи томактабӣ ва диққати ҷиддӣ надодани мутасаддиёни соҳа дар шаҳру ноҳияҳо ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Солҳои охир таъминоти муассисаҳои томактабии ҷумҳурӣ бо ашёи таълимӣ беҳтар гардида бошад ҳам, дар ин самт вобаста ба талабот, махсусан, дар деҳот вазъият беҳбудиро талаб менамояд.

Соли таҳсили 2020-2021 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3911 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 27 муассисаи таҳсилоти умумӣ зиёд гардидааст. Шумораи омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ 130465 (77407 зан) нафарро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии омӯзгорон 98 386 нафар (54 350 зан) – 75,4% дорои таҳсилоти олӣ, 30 321 нафар (21 726 зан) – 23,2% дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Нишондиҳандаи таҳсилоти омӯзгорон нисбат ба соли таҳсили 2019-2020 тағйир ёфта, омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 1,3% кам ва бо таҳсилоти олии касбӣ 1,3% зиёд гардидааст.

Даро идома М. Имомзода таъкид намуд, ки бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» моҳи майи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузаронида шуд.

Таҳлили вазъи амалишавии “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” нишон дод, ки бо вуҷуди анҷом додани корҳои муайян дар ин самт барномаи мазкур бо сабаби ҷудо нагаштани маблағҳои зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври дахлдор иҷро нагардид.

Дар ҷумҳурӣ 63 мактаб-интернат барои кӯдакони ятим, нимятим, бепарастор, кӯдаконе, ки падару модарашон гирифтори бемориҳои сироятии барои кӯдакон хавфнок, имконияташон маҳдуд, барои кӯдакони аз деҳаҳои навбунёд ва дурдаст, ки муассисаи таълимӣ надоранд, кӯдаконе, ки муҳити носолими оилавӣ доранд, фаъолият менамоянд, ки дар онҳо дар соли таҳсили 2020-2021 8146 нафар (2526 духтар) таълимгиранда, аз ҷумла, 1653 нафар (515 духтар) кӯдакони имконияташон маҳдуд, 176 нафар (41 духтар) ятими кулл, 1384 нафар (331 духтар) бепадар, 343 нафар (70 духтар) бемодар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст.

Дар ҳамкорӣ бо Лоиҳаи «Ҳамроҳ бихонем» моҳи январи соли 2021 179 номгӯй китоби бадеии кӯдакона бо теъдоди 1 миллиону 300 ҳазор нусха чоп ва дар моҳҳои апрел-майи соли 2021 пурра дастраси 3001 муассисаи таҳсилоти умумӣ гардонида шуд. Дар самти татбиқи таълими фарогир корҳо идома дошта, моҳи феврали соли ҷорӣ 12 номгӯй китоби бадеии кӯдакона ба алифбои брайлӣ чоп гардид, ки ҳар як номгӯй 80 нусха буда, дар маҷмӯъ, 960 ададро ташкил медиҳад. Китобҳои мазкур барои мактаб-интернатҳои махсус ва кӯдакони нобино пешбинӣ шудааст.

Вобаста ба амалӣ намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» видеофилмҳои таълимӣ аз фанҳои «Физика», «Математика» синфҳои 7, 8, 10 ва 11» 130 дарси видеоӣ, дар маҷмӯъ, 988 адад ва дарсҳои намунавии омӯзгорони соҳибтаҷриба ва пешқадам аз фанҳои «Математика», «Забони англисӣ», «Забони русӣ», «Биология», «Таърихи умумӣ» ва «Таърихи халқи тоҷик» сабт ва дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Ҳамасола ҷиҳати бо омӯзгорони соҳибихтисос таъмин намудани муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз ҷониби раёсату шуъбаҳои маорифи ҷумҳурӣ дархост пешниҳод гардида, тибқи он Вазорати маориф ва илм мутахассисони ҷавонро дар асоси роҳхат ба муассисаҳои таълимӣ сафарбар менамояд. Эҳтиёҷот ба кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои соли таҳсили 2021-2022 барои 2166 нафар пешниҳод гардидааст, ки нисбат ба соли таҳсили 2020-2021 828 нафар кам мебошад.

Бо мақсади таъмини муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо омӯзгорони ҷавон ба муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 391 нафар, вилояти Хатлон 1723 нафар, вилояти Суғд 1100 нафар, шаҳри Душанбе 232 нафар ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 913 нафар барои фаъолият фиристода шуданд.

–          Соли 2021 барои соҳаи маориф 5 млрд. 597 млн. 100 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки нисбат ба соли 2020 11,8 % зиёд мебошад. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ҳамасола тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон - «Амонатбонк» қарзи имтиёзноки дарозмуддат ба омӯзгорони ҷавон ба миқдори 6 ҳазор сомонӣ дар се соли аввали фаъолияти меҳнатиашон дода мешавад. Ҳаҷми умумии ин маблағ дар як сол 2 млн сомониро ташкил медиҳад, ки ин маблағ танҳо ба 333 нафар омӯзгор мерасад, – зикр кард М. Имомзода. – Бояд қайд намуд, ки дар соли 2021, тибқи дархости раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба 333 нафар омӯзгори ҷавон, ки хоҳиши гирифтани қарзи имтиёзнокро карданд, ба маблағи 1 млн 998 ҳазор сомонӣ ҷамъбаст гардида, барои маблағгузорӣ рӯзҳои наздик ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда мешавад.

Баҳри густариши ҳамкориҳо дар соҳаи маориф ва илм зимни сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Покистон аз ҷониби роҳбарияти вазорат санадҳои зерин ба имзо расонида шуданд: Созишномаи ҳамкории академӣ миёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ бо Донишгоҳи Индуси Покистон; Тафоҳумнома оид ба ҳамкориҳои илмӣ ва таҳсилотӣ миёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо Донишкадаи технологияҳои иттилоотии COMSATS-и Ҷумҳурии Исломии Покистон; Ёддошти тафоҳум байни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Ҷумҳурии Исломии Покистон.

Дар шаш моҳи сипаришуда дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ чор санади ҳамкорӣ, аз ҷумла, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Ассотсиатсияи кумак ва дастгирии Япония дар Тоҷикистон, Нақшаи тақвимии фаъолияти лоиҳаи “English without Borders - Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо”-и Ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” бо вазорат, Нақшаи кории дусолаи 2021-2022 миёни вазорат ва ЮНИСЕФ ва ҳамчунин, Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Намояндагии Шӯроҳои амрикоӣ оид ба маорифи байналмилалӣ ба имзо расонида шуданд.

М. Имомзода қайд кард, ки аз 30-юми март то 1-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи «Study in Ukraine» дар Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он наздики 90 нафар намояндаи Вазорати маориф ва илми Украина ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии он бо роҳбарии вазири маориф ва илм Шкарлет Сергей Михайлович ширкат намуданд. Инчунин, рӯзҳои 19-22 майи соли ҷорӣ дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия нуҳумин Намоишгоҳи таҳсилотии муассисаҳои олии таълимии Федератсияи Россия баргузор карда шуд. Дар намоишгоҳи мазкур 26 муассисаи таҳсилоти олии касбии Федератсияи Россия, 3 филиали дар шаҳри Душанбе будаи донишгоҳҳои он ширкат варзиданд. Намоишгоҳ тӯли се рӯз идома ёфт, ки дар он зиёда аз 1000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуд.

Дар робита ба қабули шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар тибқи бурсияҳои байниҳукуматӣ дар шаш моҳи соли 2021 аз ҷониби кишварҳои Россия, Қазоқистон, Украина, Беларус, Хитой, Туркия, Руминия, Тайланд, Полша, Сербия, Венгрия бурсияҳои таҳсилӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ҷудо шуда, саривақт иҷро гардиданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари таъмин гардонидани рушди иқтисодии кишвар ҷиҳати ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ гардонидани фаъолияти инфрасохтори ҳамаи бахшҳои иҷтимоӣ ва дар навбати аввал соҳаи илму маориф пайваста диққати махсус зоҳир намуда, то имрӯз дар самти бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Соли 2021 тибқи маълумоти омории дастрасгардида, дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 214 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 48481 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. То 01.07.2021 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 34 муасисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 7436 ҷойи нишаст дар як баст ва 7 муассисаи томактабӣ барои 2055 кӯдак сохта ба истифода дода шуд.

Ҳамчунин, 14-уми июни соли равон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №154 барои 1400 хонанда дар ду баст ба истифода дода шуд.

Дар ин давра вобаста ба имкониятҳои молиявӣ аз ҷониби вазорат ба миқдори 1609 ҷуфт мизу курсии талабагӣ барои 3218 ҷойи нишаст, 82 ҷуфт мизу курсии омӯзгорӣ, 114 тахтаи синфӣ, 24 адад ҷевони китоб, 15 адад мизу курсии компютерӣ, 1 ҷуфт мебели кабинети директор, 2 маҷмӯъ кабинети фанни биология, 2 маҷмӯъ кабинети фанни физика, 1 маҷмӯъ кабинети фанни химия, 22 адад компютер ва 2 адад тахтаи электронӣ харидорӣ шуда, дастраси муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ гардонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 600 ҷой зиёд мебошад.

Такмили ихтисоси  омӯзгорон имрӯзҳо ҳамчун зинаи муҳим ва ҳатмӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дошта, ҳамеша дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид мегардад.

Дар нимсолаи якуми соли 2021 15 номгӯй китоби дарсӣ, 10 номгӯйи маводи таълим (дастурҳои методии роҳнамои омӯзгор, барномаи таълим, журнали синф) нашр шуд, ки дар маҷмӯъ, 1 млн. 203 ҳазору 503 нусхаро ташкил медиҳад.

Айни замон чопи 43 номгӯйи китоби дарсӣ бо теъдоди 3 млн. 707 ҳазор нусха ва 5 номгӯйи маводи таълим ба теъдоди 101 ҳазор нусха дар ширкатҳои ноширии ватанӣ идома дорад, ки то оғози соли нави таҳсил нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас гардонида мешавад.

Ба шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар муассисаҳои таълимӣ 152 номгӯй китоби дарсӣ ба миқдори 1 млн. 280 ҳазору 232 нусха, 52 номгӯй китоби бадеӣ ба миқдори 2 ҳазору 323 нусха, 146 номгӯй маводи таълим (барномаи таълим, журнали синф, роҳнамои омӯзгор, барномаҳои таълими муассисаҳои таҳ-силоти миёна ва олии касбӣ ва ғайра) ба миқдори 27 ҳазору 008 нусха дастрас гардонида шудааст. Илова бар ин, 19 номгӯй адабиёти таълимиву бадеӣ ба миқдори 24 ҳазору 534 нусха ба шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ ирсол карда шудааст.

Дар маҷмӯъ, давоми нимсолаи якуми соли 2021 ба раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва муассисаҳои дигари таълимӣ 1 млн. 334 ҳазору 161 нусха китоби дарсӣ, бадеӣ ва маводи таълим дастрас гардонида шудааст.

Ҳамзамон, дар ин давра бо ҳамкории шарикони рушд 86 номгӯй китоби бадеӣ ба теъдоди 533 ҳазор нусха нашр ва ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба таври ройгон дастрас карда шуд.

Ба таъбири М. Имомзода, барои ба забонҳои ақаллиятҳои миллӣ (русӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ) тарҷума кардани китобҳои дарсии дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт ҷараён доранд. Аз ҷумла, айни замон аз 92 китоби ба забони русӣ тарҷумашаванда аз ҷониби гурӯҳи корӣ 53 китоби дарсӣ тарҷума шуда, корҳои таҳриру ороиш ва арзёбии онҳо аз ҷониби мутахассисон идома дорад.

Дар идома Тоҷинисо Маҳмадова – директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Осим Каримзода-сардори раёсати маорифи вилояти Суғд, О. Додаров – мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Нуробод, Б. Камолзода-сардори раёсати Прокуратураи генералӣ ба музокира баромада, фаъолияти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар шаш моҳи аввали соли 2021 қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Ҳамзамон, Нурулло Оқилзо-да – мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа суханронӣ намуда, зикр кард, ки кормандони соҳаҳои маориф ва илм ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушди илму маориф, тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ва муҳофизи содиқи ин марзу бум мунтазам талош мекунанд.  Барои  сазовор таҷлил намудани  30-солагии Истиқлоли давлатӣ, таъмини сифати таҳсилот, тарбияи насли наврас, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, аз такмили ихтисос гузаронидани омӯзгорон, таваҷҷуҳ ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба давраи тирамоҳу зимистон, дар сатҳи баланд баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” саъйю талош намоянд.

Дар охир, раиси ҷаласа, вазири маориф ва илм М.  Имомзода таъкид дошт, ки новобаста аз корҳои басомонрасонида, камбудию мушкилот дар соҳаи маориф ва илм ба назар мерасад ва бовар дорем, ки мушкилоти мавҷуда дар ҳамкорию ҳамбастагӣ тадриҷан бартараф карда мешавад.

Ҳамин тариқ, вобаста ба масъалаҳои баррасишуда бо назардошти дастуру супоришҳо ва таклифу пешниҳодҳои ироашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

Эҳсон САФАРЗОДА,

Насриддин ОХУНЗОДА,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бузургон ҳеҷ гоҳ носипос набудаанд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш