Нашрияи Омӯзгор

Дафни асроромези Лев Толстой

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 853        Шарҳ: 0

 

Солҳои тӯлонист, ки ихлосмандони осори Лев Толстой ба Ясная Поляна, ба зиёрати оромгоҳи   Лев Толстой меоянд.  Сабаб чӣ ки ин оромгоҳ рамзи салиби исавӣ ва оини калисои русиро дар худ надошт? 

Ду далели асосӣ - яке оромгоҳи Лев Толстой ва дигаре васиятномаи ӯ ба ҳамсараш бидуни маросими динӣ дафн кардани ӯ метавонад муҳри хотимавиро ба ин баҳси бештар аз садсола атрофи имону ихлоси Лев Толстой нисбат ба дини мубини ислом нуқта гузорад. Андешаҳои мухталиф оид ба муносибати Лев Толстой бо ҳамсараш Софияро имрӯз ҳам ҳар толстойшинос аз диди худ хулосабарорӣ менамояд. Вале муҳим он аст, ки ҳамсар ва аҳли хонаводаи Лев Толстой васияти ӯро бидуни иштироки рӯҳониёни рус дафн карданаш ба ҷо оварданд.

Андешаҳои ҳамсари Лев Толстой дар ин хусус чунин аст: “Дафни Лев Толстой дар Русия аввалин дафне буд, ки бе маросими динӣ баргузор гардид. Ва худи Лев Толстой васият карда буд, ки ӯро бе ба ҷо овардани маросими динӣ дафн намоянд.” 

Маросими дафни Лев Толстой ва оромгоҳи ӯ ба андешаи толстойшиносони рус А.Смоляк ва Т.Лившитс як муборизаи сиёсиро ба миён овард.

Ноиби раиси Шӯрои давлатии Русия В. М Валконский ба ҳайати ширкаткунандагони маросими дафн чунин супориш дода буд: “Ба оромгоҳ ғамгинона ва хомӯшона равед”. Таъкиди “ба оромгоҳ ғамгинона ва хомӯшона” рафтани намояндагони Шӯрои давлатии Русия иҷрои расмият буд, на муҳаббат доштан ба Лев Толстой. Аз тарафи дигар, дахолат накардани Ҳукумат, калисо ба арафаи маросими дафн асроромез буд. Намояндагони Шӯрои давлаии Русия дар шахсияти вакилони Думаи Давлат ба маросими дафн сари вақт расида натавонистанд ва тасмими онҳо низ ширкат накардан дар он буд.

            Муосири Лев Толстой – Я.М Брегмана дар ёддоштҳояш ин ҳолатро чунин қайд мекунад: “Вакилони Думаи Давлатӣ Милюков, Родигов, Стахович ва дигарон тавассути автомобил ба Ясная Поляна омаданд”, аммо бо сабаби рух додани садама, баъди гузашти ду-се соат аз анҷоми маросими дафн ба Ясная Поляна омада расиданд. Ҳамчунин ба таъкиди Я.М. Брегмана, ҳайати профессорони Донишгоҳи Маскав бо сарварии ректори донишгоҳ Майнулов баъди як рӯз аз дафни Лев Толстой бо Ясная Поляна омаданд.

Ихлосмандони Лев Толстой аз навиштаҳои худи ӯ медонистанд, ки Лев Толстой аз айёми таваллуд то 18-солагӣ, замони донишҷӯи Донишгоҳи Қазон  гардиданаш дар рӯҳияи оини насронӣ ва калисои рус ба воя расид, аммо баъди 18-солагӣ  аз ин оини динӣ рӯй гардонид. Муосирони Лев Толстой ширкати рӯҳониёни русро дар маросими дафн қайд карда бошанд ҳам, далелнокии ин ҳолатро исбот карда натавонистанд. Ёддошти муосири Лев Толстой оид ба ин ҳолат чунин аст: “Маълум аст баъди маросими дафн, рӯҳоние хоҳиши иҷрои маросими диниро дар қабристони Лев Толстой доштааст ва ба ҳамин мақсад ба Ясная Поляна ташриф овардааст, аммо ба таври оҷилӣ Ясная Полянаро тарк намудааст. Номи ин рӯҳони то ҳол номаълум боқӣ мондааст”.

Александр Федорович Бабков, яке аз муосирони Лев Толстой тамоми раванди маросими дафнро мушоҳида карда, дар ёддоштҳояш қайд кардааст: “Дар маросими дафни Лев Толстой ягон рӯҳонӣ ширкат надошт.  Марг ва маросими дафни Лев Толстой дар Ясная Поляна на танҳо як “рақобати сиёсӣ”-ро байни Ҳукумату насрониҳои рус ва ихлосмандони Лев Толстой ба миён овард, балки вазири корҳои дохилии Россияи подшоҳӣ ширкати  зиёиёни русро ба истиснои донишҷӯён дар маросими дафн манъ намуд. Ба хотири ҷилавгирӣ аз  ҳамоишҳо нисбат ба марги Лев Толстой дар вокзалу истгоҳҳои роҳи оҳани шаҳрҳои Россия Ҳукуматдорон чанд хатсайри оҷилии қатораҳоро барои интиқоли иштироккунандагони маросими дафн ба Ясная Поляна ташкил намуданд. Б. Майлах, яке аз муосирони Лев Толстой ва иштирокчии маросими дафн дар хотираҳояш чунин қайд мекунад: “Дар асоси барқияи сардори истгоҳи роҳи оҳани Петербург иҷозати дар маросими дафни Лев Толстой иштирок карданро додаанду ҳайати профессорон ва олимони Петербургро иҷозат ба Ясная Поляна надоданд.

Аз ин мушоҳидаҳо бармеояд, ки маросими дафн тибқи оини рӯҳониёни рус баргузор нагардидааст. Аммо қарори Думаи  шаҳри Тула вобаста ба маросими дафни Лев Толстой ба тасвиб мерасад. Чунончи, дар қарори Думаи  шаҳри Тула омадааст. “ 1. Муҳокимаи саволҳо бозхонд шавад. 2. Комиссияи махсус барои ҳалли саволҳо барои гиромидошти нависанда Лев Николай Толстой интихоб карда шавад ” .

Комиссияи корӣ то моҳи январи соли 1911 ду ҷаласа доир намуда, дар он 11 пешниҳодро оид ба гиромидошти поси хотири Лев Толстой ба Думаи  шаҳри Тула пешниҳод намуд. Вале дар ягон бандҳои пешниҳод масъалаи бесоҳибии оромгоҳи Лев Толстой барраси нагардидааст. Китоби “Лев Толстой ва Саъдӣ”-ро ба осорхонаи Ясная Поляна, ки дар он муҳаббати Лев Толстойро ба китоби муқаддаси Қуръон, ҳадисҳои ҳазрати Муҳаммад (с)  ва дар маҷмӯъ, ба ислом ва “Гулистон”-и Саъдии Шерози то андозае муайян карда буданд, тақдим карда буданд.

Пас аз зиёрати оромгоҳи Лев Толстой дар Ясная Поляна ва натиҷагирӣ аз ҳамоиши 33-юми байналмилалии хонишҳои Лев Толстой дидору мулоқот ба толстойшиносони маъруфи олам, ба вижа, набераи Лев Толстой - Владимир Илич Толстой ва мутолиаи ёддоштҳои муосирони ӯ, муҳаққиқони зиндагиномаи Лев Толстой роҷеъ ба оромгоҳи Лев Толстой чунин хулосабарорӣ мекунанд: Лев Толстой ба иқрори худаш, аз синни 18 аз оини насронӣ руй гардонид. Ба китоби муқаддаси Қуръону ҳадисҳои Муҳаммад (с) эҳтиром ва муҳаббати самимӣ дошт. Муҳаббати самимӣ ба Саъдии Шерозӣ дошт. “Гулистон”-ро аз айёми ҷавонӣ то лаҳзаи вопасини марг мутолиа кард. Васият ба ҳамсараш ва муносибати Лев Толстой ба Н. Лесков ихлосманд будани Лев Толстойро ба дини ислом собит месозад.

Таҳияи Саймурод Одинаев,

ноҳияи Восеъ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш