Нашрияи Омӯзгор

Бузургон ҳам қарздор мешудаанд

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 760        Шарҳ: 0

 

Як марди бузург перомуни қарз гирифтан гуфтааст: «Пули дигареро муваққатан мегирию пули худатро барои ҳамеша медиҳӣ». Англисҳои ботакаллуф мегӯянд: «Ҷентелменҳои ҳақиқӣ  ҳамеша қарздоранд». Воқеан, то замоне пул ҳаст, қарзгирӣ ҳам хоҳад буд. Беҳтарин фарзандони башар   қарздорони калон ҳам будаанд.

Масалан, Мигел Сервантес – муаллифи «Дон Кихот» - и шуҳратёр бо ҷурми қарзҳояш гирифтори банду зиндон шуда буд.

Александр Сергеевич Пушкин  то ҷое ба ботлоқи қарз ғӯтида буд, ки шоҳ нафақаи Наталя Николаевна ва фарзандонашро муқаррар карда, ҳамзамон, фармон дод, ки барои баргардонидани  қарзҳои  шоири марҳум маблағи калоне аз хазина ҷудо кунанд.

Фёдор Михайлович Достоевский музди асарҳои ҳанӯз нонавиштаашро пешакӣ аз якчанд ношир мегирифт, то ки аз қарзҳояш халос шавад.

Марк Твен  шаш соли дароз дар гӯшаҳои  гуногуни  дунё  маърӯза мехонд, то маблағ ёбаду қарзҳояшро баргардонад.

Ҳамсари Авраам Линколн (пас аз вафоти шавҳараш) маҷбур шуд  на танҳо тилловору либоси худаш, ҳатто, куртаҳои шавҳари марҳумашро фурӯшад, вале ба ҳамин ҳам қарзҳои шавҳарашро пурра баргардонида натавонист.

Подшоҳон ҳам гоҳ – гоҳ қарз мегирифтаанд ва одатан баргардониданашро фаромӯш мекардаанд.

Карли 2 – шоҳи Англия тамоми заминҳои иёлати Пенсилванияи имрӯзаро фурӯхта, 15 ҳазор фунти бадастовардаро ба ивази қарзҳояш дод. Карли 2 пайравони зиёд надорад. Шоҳу шоҳзодагони қарздор маъмулан ё бо роҳи ҷанг ё бо роҳи хонадор шудан ба шоҳдухтарону дарборидухтарони бадавлат соҳиби пул шуда, қарзҳояшонро пардохт мекарданд. Агар шоҳоне замоне қарздор мешудаанд, аз қарздории суханварон чӣ ҷойи гила?

Фароҳамсоз Ҳотами Ҳомид


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш