Нашрияи Омӯзгор

Дӯсти мо

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 834        Шарҳ: 0

 

Ҳамаамон медонем, ки ҳайвоноту парандагон дӯстони моанд. Лекин, гов беҳтарин рафиқи мушфиқ аст. Гови дӯшоӣ осиёби як оилаи калонро гардон мекунад. Мо-бачагони як маҳалла гови бисёр хубу зебоеро хеле дӯст медорем. Медонед кадом говро нағз мебинем? Намедонед. Мо гови муаллим Давлат Шарифиро эҳтиром мекунем. “Барои гови муаллим буданаш азиз медоред” мегӯед? Э, не! Ин гов, дар ҳақиқат, сазовори иззату икром мебошад.

Гови муаллим Шарифӣ гов не, говҷон аст. Боре шоҳид шудем, нафаре ба сари омӯзгор Шарифӣ омада арбада бардошт:

-Гови ту дар бедазори ман мечарад, товон медиҳӣ.

Шарифӣ ботамкин посух доданд: -Агар гови ман як дона буттаи бедаатро хӯрда бошад, дар ҳамон ҷо сар мезанаму гӯшташро хомталош мекунам!

Ду нафар ҷониби бедазор равон шуданд, мо-бачагонро низ ҳисси кунҷковӣ боло гирифту аз баҳри бозиямон баромада, аз паси онҳо равон шудем. Дидем, ки гов як дона ҳам бедаи серғизои бомазаро намехӯраду алафҳои дар бедазор баромадаро гӯё хишова мекунад. Ҳама ангушти ҳайрат дар зери дандон бурданд. Барои санҷиш гови устодро вориди ҷӯяҳои пахтазор карданд, бовар кунед, ба ягон ниҳоли пахта даҳон назада, ба қавле, “алафҳои бегона”-и як қитъаи заминро чида баромад. Оҳ, ҳаргиз напурсед, баъзе аз говҳо мардумро ба дод овардаанд, на кишти гул мемонаду на полизу боғ, ба ҳамааш даҳон мезананд. Чунон баднафсанд, ки бедаи наврустаро фашу фуш карда, мехӯранду сипас сӯйи ҷӯйи об давида, тафси шикамбаро мефуроранду баъди даҳ дақиқа мебинӣ, торс кафидаанд. Яъне, нафси бад-балои ҷон. Аммо сари нафси саркашро мешиканад гови муаллим. «Гови дӯшоӣ-ҷувози дари хона» гуфтаанд. Боз мегӯянд, ки шири гов дар даҳонаш, ҳақ асту рост! Аммо Шарифӣ барои говаш ему кунҷора ва ҳатто, хасу коҳ намехарад. Бовар намекунед? Шикамашро худаш беминнат сер мекунад гови таърифӣ ва камтарин шири додааш аз гӯсола то ба гӯсолаи дигар 5 литр аст. Рӯзҳое буданд, ки то 10 литр шир медод. Соли дароз шираш канда нест. Охир, кадом гови майдахели таҳҷоӣ ҳамин хел ҳиммат дорад? Аз хонаи муаллим маска, дӯғоб, саршир, мост, қурут, ҷурғот, чакка, кашк канда намешавад.  Бо шарофати гови аҷоиб ҳар ҳафта бонуи хона дар табақи чӯбини паҳну калон қурутоб, шакароб ва туппакашак омода мекунад, ки лаззати ин гуна таомҳои серғизо то дер аз даҳонамон намеравад. На  фақат аҳли хонадон гови боақлро нағз мебинанд, балки хурду калони гузари мо ин гови ғалатиро бисёр азиз медоранд. Ба касе, ки ширу ҷурғот лозим шуд, аз хонадони муаллим не намегӯянд. Мо, бачаҳои маҳалла, сару тани ин говҷонро навозиш мекунем, вай аз меҳрубонии мо роҳат мекунад. Пӯчоқу пӯст, умуман, пасмондаи меваву сабзавот ва хӯрокро ба сатиле андохта, ба хонаи муаллим мебарем ва аҳли хонадон аз ин боқимондаҳо барои говашон тарид тайёр мекунанд. Мо барои ба ҳавлиямон овардани ин гов байни худ ҷанҷол мекунем, ки имрӯз навбати ман аст. Охир, ҳар кас мехоҳад, ки дар ҳавлияш як дона ҳам алафи бегона набошад! Лекин говҷон медонад, ки ба кадом ҳавлӣ дарояд, яъне, навбатро риоя мекунад. Илтимос, моро говриш, говдил, говзӯр ва говтабъ гумон накунед, мо-бачагон заррае воҳима ва иғроқро ба кор намебарему бо итминони комил мегӯем:

- Ин гови анбарзойро бо ресмон намебанданд! Худаш ба манзилаш даромада, мехобад ва ҷойи зисташро ифлос намекунад. Дар вақти зарурӣ ба як гӯшаи муқаррарӣ мераваду ҳоҷат мебарорад, бинобар ин, оғилхонаи топ-тоза аз хонаҳои муқаррарӣ ҳеҷ фарқе надорад, илло бе гилем аст. Муаллим Шарифӣ, ки кони шеър асту табъи шоирӣ ҳам дорад, дар ҳаққи моли беза-бони худ қасидае навиштааст, ки пораеро пешниҳод мекунем:

Эй гови серқаймоқу шир, аз ҳама говҳо бартарӣ,

Дар полизи ҳамсояҳо бемайлу хотир мечарӣ.

Покиза созӣ аз алаф, н-орӣ зироатро талаф,

Говӣ надонам ё малак, ҳамсояҳоро ёварӣ.

Офоқро гардидаам, бисёр говон дидаам,

Ҳаргиз надидам мисли ту гове ба ҳайратоварӣ.

Бояд таъкид кунем, ки гови устод Шарифӣ таърифу тавсифро дӯст намедорад, бо аломати инкор сар меҷунбонаду аз назди маддоҳон дур мешавад. Кина ё худ захми чашм сангро мекафонад-е! Агар муаллим Шарифӣ шеърхонӣ кунад, аз чаридан ё кавша кардан бозмеистаду ангор гӯш медиҳад. Баъзе дӯстонамону ҳамсолонамон пас аз тамошои сирк баргаштан, перомуни ҳаракату бозиҳои ҳайвоноти гуногун даҳон кафк мекунонанд, вале чун рафтори гов моро диданд, ба даҳон об мегиранд.

Алқисса, гов не, ганҷ аст ин чорпо, чандин нафар ин гови фавқулодаро хариданӣ шуданд. Аммо муаллим ҳам таҳаммул мекунад ва ҳам тааммул. На “ҳа” мегӯяд ва на “не”. Сафи харидорон зиёд мешавад, ҳар як нафар нархи худро мегӯяд, яъне, ба тариқи музояда арзиши гов боло меравад. Вале мо-бачагон Худо мегӯем, ки устод Шарифӣ говҷони моро нафурӯшанд. Ба ин дӯсти вафодору ғамхорамон бисёр сахт одат кардаем.

Ҳаким Алӣ

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш