Нашрияи Омӯзгор

Аз Ҳаким Саноӣ то «Марги Иван Илич»

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 821        Шарҳ: 0

 

Шумораи навбатии маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва таълимию маърифатии  «Адаб» ба нашр расид, ки дар он беҳтарин навиштаҳои таҳқиқотиву пажӯҳишӣ, нуктаҳои пандомез ва шоҳкориҳои насри адабиёти ҷаҳон гирд оварда шудааст. Маҷалла бо мақолаи донишманди тоҷик Обид Шукурзода «Оҷиз мондани Шоҳаншоҳ Искандари Румӣ аз хоҳишҳои як дарвеши бараҳна» оғоз меёбад.

Мавсуф дар ин навишта достони яке орифони барҷастаи адабиёти тоҷик Ҳаким Саноиро, ки дар маснавиҳои «Ҳадиқат-ул-ҳақиқ ва шариъат-ут-тариқа» ва «Ҳадиқат-ул-ҳақиқа», ки  аз осори муътабари ирфонӣ ва шоҳкориҳои бузурги адабӣ ба шумор мераванд, ба таври фарогир мавриди таҳлил қарор додааст.  Муаллиф кӯшидааст, ки ҳар байти достонро бо овардани далелҳои муътамад ва андешаҳои ҷолиб тавзеҳ намояд. Тафсири абёти ду маснавӣ имкон медиҳад, ки хонанда мазмуну моҳият ва ғояи достони маснавиро фаҳму дарк кунад. Ин гуна тарзи нигориш  ва тавзеҳ бахшидани ибораву луғатҳои душворфаҳм кори хонандаро дар масъалаи фаҳмиши ин осор осон намудааст .

Дар идомаи ин навишта ба таври фишурда таърихномаи «ал – Муъҷам фӣ осори мулуки –ил Аҷам», ки ба қалами адиб ва муншии маъруф  Шарафуддин Фазлуллоҳ Ҳусайни Қазвинӣ тааллуқ дорад, муаррифӣ шудааст, ки ба шинохти боз як таърихномаи адабиёти тоҷик мусоидат менамояд.

Дар мақолаи номзади илмҳои филологӣ Абдурашид Самадов  очерки донишманди бузурги рус Алексей Аркадевич Стариков дар бораи «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба хонанда тафсир карда шудааст.  Воқеан,  перомуни осори  нобиғагони форсу тоҷик аз ҷониби муҳаққиқони хориҷӣ асарҳои зиёди пажӯҳишиву адабӣ таълиф гардидаанд, ки омӯзишу мутолиа ва тарҷумаи  онҳо ба манфиат хоҳад буд.  А. Стариков муҳаққиқест, ки дар ин замина корҳои зиёдеро анҷом додааст ва месазад, ки навиштаҳои ин донишманд ба забони тоҷикӣ тарҷума ва барои доираи васеи хонандагон пешкаш карда шаванд.

Мусоҳибаи президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, шодравон Му-ҳаммад Осимӣ бо нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов  бо номи «Шахсияти беназир» дар бораи  нависандаи маъруфи кишвар Мирзо Турсунзода  басо ҷолибу хонданӣ мебошад.  Ин мусоҳибаро адабиётшинос ва мунақққид Абдухолиқ Набавӣ аз забони русӣ тарҷума кардааст. Дар ин мусоҳиба шахсият, симо, фаъолият ва  корҳои шоиставу  арзандаи устод Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва равобити адабии кишварҳои ИҶШС бозгӯ шудааст ва хотираҳо, лаҳзаву эпизодҳои ҷолиб оварда шудааст, ки омӯзанда мебошанд. Масалан, Ч. Айтматов симои устод Турсунзодаро чунин тасвир мекунад:

«Дар айни замон, бо ҳама чун як инсони ҳалим муносибат кардан ва ҳамеша ханда бар лаб будани вай маълум аст. Симои ӯ дар хотираи ман ҳамин тавр боқӣ мондааст. Дар ҳар вохӯрӣ туҳфаи вай табассуми малеҳ буд. Ҳар куҷое, ки ӯро – хоҳ дар кӯча, хоҳ дар меҳмонхона ва хоҳ дар тарабхона вомехӯрдед – ӯ ба шумо эътимоду оромиро талқин мекард. Шояд ман хато кунам, аммо ба назарам чунин менамуд, ки ӯ ҳамеша инсони ором, мутавозин буд ва аз ҳар майда-чуйда, мисле ки мо мекунем, ба ҳаяҷон намеомад, асабонӣ намешуд…».

Аз шоҳкориҳои насри ҷаҳон бошад, дар саҳифаҳои маҷалла повести машҳури нависандаи маъруф Лев Толстой «Марги Иван Илич» бори аввал дар шакли пурра бо хати сириллик дар таҳия, тасҳеҳ ва тавзеҳоти сардабири маҷалла, номзади илмҳои филологӣ Шодӣ Шокирзода ҷой дода шудааст. Дарвоқеъ, марг дар адабиёт  мавзӯи нав нест, вале тарзи нигориш дар повести Л. Толстой дигаргуна мебошад. Л. Толстой ҳолати равонии инсон, муборизаи вай барои зистан ва ҳолати танҳоию ҷузъиёти ҳар лаҳзаи ҳаёташро хеле моҳирона тасвир намудааст. Мунаққид, нависанда, омӯзгор ва яке аз шахсиятҳои таъсиргузори фарҳангии Амрико Лайонел Триллинг (солҳои 1940-1970) ба повести «Марги Иван Илич»  баҳои баланд дода, дар нақди худ таъкид медорад, ки «Толстой талош намекунад, то моро бо андешаи нобудии худамон оштӣ диҳад ва низ даҳшатнокии мурданро пинҳон намекунад; баръакс, ӯ на танҳо ба марге мепардозад, ки дуру дароз ва бисёр дарднок аст ва ба шарҳи ҳар як ҷузъиёти он даст мезанад, балки танҳоии коҳишнопазири марде дар ҳолати назъ, ҳақорати нотавоноии ӯ, ваҳшати миёнтиҳии ӯро аз нобудӣ ва низ рашки андуҳбори ӯро бар касоне, ки ба зиндагӣ идома медиҳанд, ба рӯшанӣ тасвир мекунад».

Ҳамчунин, навиштаҳои «Ҳикоёти латиф» ва китобиёти номзади илми филология Умриддин Юсуфӣ таҳти унвони «Туҳфаи арзишманд», ки перомуни тазкираи «Порсигӯёни Ҳинду Синд»-и Ҳарумал Садорангонӣ, ки аз ҷониби доктори илмҳои филологӣ, профессор Шарифмурод Исрофилниё таҳияву баргардон шудааст, омӯзанда мебошанд.

Воқеан ҳам, шумораи навбатии маҷаллаи пурнуфузи «Адаб» бо навиштаҳои ҷолибу рангин ва омӯзанда беҳтарин ҳадя барои аҳли илму адаби тоҷик мебошад. 

 

Н. ОХУНЗОДА,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар оғози корҳоят ҳақро риоя кун, идомаи корҳо хуб мешаванд.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш