Нашрияи Омӯзгор

62000 сомонӣ барои фароғати устодон

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 749        Шарҳ: 0

Ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, профессор Ҳ.Фақеров нишасти матбуотии навбатиро, ки ҳафтаи гузашта баргузор гашт, бо тавзеҳи сохтори донишгоҳ оғоз бахшид ва иттилоъ дод, ки он аз як донишкада, як литсей, 4 факулта, 16 кафедра, шуъбаи омӯзиши ғоибона, шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ, шуъбаи магистратура ва докторантура таркиб ёфтааст.

Парки технологии донишгоҳ марҳила ба марҳила рушд ёфта, доираи фаъолияташро густариш мебахшад. Он аз бахшҳои матбааи хурд, маркази таълимӣ – истеҳсолӣ ва технологияи хӯроки умумӣ, маркази  таълимӣ – хизматрасонӣ ва дастархондорӣ, маркази таълимӣ – меҳмонхонадорӣ, маркази таълимӣ- рушди сайёҳӣ ва сехи дӯзандагии таълимӣ- истеҳсолӣ иборат буда, ба вижа, дар самти ҳунаромӯзии донишҷӯён пайваста корҳои зиёдеро иҷро менамояд. Донишгоҳ дорои ҳайати илмию омӯзгории неруманд мебошад ва 46,3%-и устодон дорои унвонҳои илмианд. Дар соли таҳсили равон боз 4 омӯзгор рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд.

Маълум, ки ДДТТ дар ҷумҳурӣ аввалин шуда, ба низоми таҳсили кредитӣ гузашт ва дар ин самт аз таҷрибаи зиёд бархӯрдор аст. Инак, таълимгоҳ дар қатори аввалинҳо низоми таҳсилоти фосилавиро роҳандозӣ намуд ва барои татбиқи ин низом ин ҷо заминаи кофии моддию техникӣ фароҳам оварда шудааст. Олимон ва устодони донишгоҳ дар ин давра 124 номгӯй (620 ҷузъи чопӣ) китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ ба табъ расонданд. Аҳли донишгоҳ дар маъракаҳои фарҳангӣ, варзишӣ, сиёсӣ ва озмунҳои гуногун фаъолона ширкат меварзанд. Дар озмунҳои бонуфузи «Беҳтарин хонандаи китобҳои Пешвои миллат», «Забондони беҳтарин», «Симои оянда», «Беҳтарин донандаи технологияи муосир», фестивал-озмуни ҷумҳуриявии «Маҳфили зарифон» дар сатҳи баланд иштирок намуда, сазовори ҷоизаҳо гардиданд. Дар литсейи донишгоҳ озмуни «Оши болаззат» баргузор карда шуд, ки дар он ҳам устодон ва ҳам донишҷӯён дар ошпазӣ моҳир ва посдори  анъанаҳои  ниёгон будани худро собит карданд. Имсол донишгоҳ бо мақсади  истироҳат ва барқароркунии саломатӣ ба устодон ва кормандон ба маблағи 62000 сомонӣ роҳхат дастрас намуд ва дар ин замина онҳо имкон пайдо карданд, ки дар беҳтарин фароғатгоҳҳои кишвар ба табобату истироҳат машғул шаванд.

Ҳамчунин, ба теъдоди зиёди устодон мададпулии яквақта расонда шуд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳе аз кормандони донишгоҳ барои тамошо ба мавзеъҳои таърихии ҷумҳуриамон, аз ҷумла, Ҳисор ва Восеъ фиристода шуданд.

Ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулин ба як силсила суолҳои рӯзноманигорон бо истифода аз далелу арқоми фаровон посухҳо гуфтанд.

 

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Зиндагии беҳуда марги зудҳангом аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш