Нашрияи Омӯзгор

Аз пайи касби падар

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 824        Шарҳ: 0

 

Омӯзгори пешқадам Саломиддин Имомалиевро ғоибона мешинохтам. Мешунидам, ки шогирдонаш ҳамасола дар олимпиадаҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ аз фанни физика фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд.

Ҳанӯз соли 1952 падараш Сироҷиддин Имомалиев аз ноҳияи Темурмалик ба деҳаи Шаршари ноҳияи Вахш бо аҳли оилааш кӯч баста буданд.

Ӯ низ 47 сол омӯзгор буду 10 нафар фарзандашро бо нони омӯзгорӣ тарбия карда, ба воя расонид. Дар он солҳо дар муассисаҳои таълимӣ омӯзгорон намерасиданд. Бештар аз вилояти Суғду Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯзгорон ба кор меомаданду баъди як-ду соли фаъолият боз ба зодгоҳашон бармегаштанд.

Саломиддин Имомалиев, ба қавли Саъдии бузург, «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз», касби пуршарафи омӯзгориро интихоб намуд.

Ӯ баъди хатми бомуваффақияти мактаби миёна, соли 1974 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуд. Аз устодонаш илму дониши баланд омӯхт. Ҳар гоҳ, ки барои хабаргирӣ ба хонаашон меомад, падараш хушнуд гардида, аз он ифтихор менамуд, ки писараш бо пайроҳаи ӯ қадам ниҳода, рисолати бузург – таълиму тарбияи насли наврасро ба уҳда мегирад.

Донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуд ва соли 1978 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба ноҳияи Вахш ба кор омад. Ҳамроҳи падар солҳои зиёд ба таълиму тарбияи насли наврас машғул шуд. Шогирдонро аз фанни физика сабақ меомӯзонд. Машғулиятҳои ӯ бо хонандагон бо омодагиҳои ҳаматарафа, асбобу васоити аёнӣ ва пурмазмуну хотирмон мегузарад. Ба андешаи ӯ, таълими босалоҳият аз омӯзгор ҷиддан тақозо мекунад, ки ба ҳар як хонанда ҳамчун бо як шахси мустақил муносибат намояд.

Ӯро соли 1982 ба ҳайси нозири шуъбаи маорифи ноҳия ба кор даъват намуданд. Дар ин вазифаи пурмасъул низ ӯ худро ҳамчун мутахассиси ботаҷриба ва дорои қобилияти баланд нишон дод.

Бо ташаббуси бевоситаи устод Саломиддин Имомалиев дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №3,4,5,6,7,8,9 бригадаҳои истеҳсолии хонандагон ташкил карда шуд. Баробари таълим, инчунин, тарбияи меҳнатии хонандагон низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешуд. Дар давоми таътили тобистона дар бештари муассисаҳои таълимӣ лагерҳои меҳнатӣ ва истироҳатии хонандагон таъсис меёфтанд.

Натиҷаи баланди донишомӯзӣ ва тарбияи меҳнати хонандагон буд, ки дастовардҳои онҳо ва комёбиҳои бригадаҳои истеҳсолиро бо роҳбарии устоди меҳнатқарин ва навовар Саломиддин Имомалиев ба Намоишгоҳи Комёбиҳои Хоҷагии Халқи ИҶШС (ВДНХ) ба шаҳри Москва бурданд.

Бо ташаббуси С. Имомалиев дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,2,17 омӯзиши касби ронандаи автомашинаҳои боркаш ва трактор ба роҳ монда шуд. Хонандагон дар баробари таълиму тарбия, гирифтани илму дониш, боз соҳиби шаҳодатномаҳои ронандагӣ ва механизаторӣ мешуданд.

Фаъолияти пурсамар ва ташкилотчигиашро ба назар гирифта, соли 2014 ӯро директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 таъйин намуданд.

Ҳамчун омӯзгори асилу пуртаҷриба ва роҳбари чашмикордон сифати таълиму тарбияро дар муассиса хеле баланд бардошт. Чун дигар муассисаҳои таълимӣ нарасидани ҷойи нишаст барои хонандагон масъалаи мушкилу ҳалталаб ба ҳисоб мерафт. Бо ташаббуси ӯ ва дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ 4 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. 19 синфхонаро аз ҳисоби кумитаи падару модарон аз таъмири пурраю хушсифат бароварда, боми бинои муассисаро азнавсозӣ намуд.

Таҳти роҳбарии устод Саломиддин Имомалиев даҳҳо шогирди муассиса дар даври ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактабиён соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Айни замон устод Саломиддин Имомалиев ҳамчун омӯзгори фанни физика ва муовини директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 оид ба корҳои таълимӣ фаъолияти пурсамар дорад. Кабинети физика, ки устод бо шогирдон дар он машғулиятҳои шавқовару хотирмон мегузаронанд, бо асбобу васоити аёнӣ ва таҷҳизоти муосири фаннӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.

Барои хизматҳои шоистааш С.Имомалиев дар рушди маориф бо нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.

Аъзам БОБОЕВ,

рӯзноманигор 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Муҳимтарин тарбият тарбият аз ҷониби модар аст.
Ҳегел

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш