Суҳбати мо бо собиқадори соҳаи маориф, мактабшиноси варзида, омӯзгори пуртаҷриба, бонуи серкору заҳматкаш Барно Ашӯрова аз давраҳои мактабхонии ӯ дар зодгоҳаш оғоз гардид. Суҳбати самимии муаллима хушам омад ва то ҳол нақли ӯро дар лавҳи хотирам маҳфуз доштаам.
-Зодгоҳам, деҳаи Ворух, хеле зебову дилкаш ва манзараҳояш нотакрор аст, - ба нақл оғоз кард муаллима ва афзуд: - давраи бачагӣ, наврасӣ ва оғози навҷавониам аз ҳамин деҳаи биҳишитосо маншаъ гирифтааст.
Соли 1958 дар мактаби № 22-и деҳа таҳсил фаро гирифта шудам. Аҷибаш ин буд, ки омӯзгори мо падарам (рӯҳашон шод бод!) буданд. Азбаски майдаҷусса ва нисбат ба ҳамсинфонам қадпаст будам, маро ба партаи пеш шинонданд. Шиносоӣ бо мактаб сар шуд. Падарам ному насаби худро гуфтанд ва таъкид карданд, ки фаромӯш накунем ва минбаъд “муаллим” гуфта муроҷиат кунем. Ҳамаи кӯдакон ба осонӣ «муаллим» мегуфтагӣ шуданд, аммо ман беихтиёр “додо” гуфта муроҷиат мекардам.
Ҳамсинфонам, вақте ки бетартибӣ ва мағал мекарданд, падарам онҳоро сахт танбеҳ намедоданд, аз ин қаҳри ман меомад ва мехостам, ки тарафи падарамро гирифта, бо онҳо ҷанг кунам. Вақте ки “Алифбо”-ро хатм намуда, ҳама ҳарфу калимаҳоро шинохта мехондагӣ шудем, падарам барои азёд кардан шеърҳои зиёдеро медоданд ва мусобиқаи “Кӣ бештар шеър медонад ва ифоданок мехонад?”-ро мегузарониданд. Дар ин мусобиқа ман бештар дастболо мешудам...
Ба омӯзиши фанҳои дӯстдоштаам - забону адабиёти тоҷик хеле ҷиддӣ оғоз намудам.
Муаллимони деҳотии ман галстук надоштанд, худнамоӣ намекарданд, аммо дониш ва маҳорату малакаи касбии хуб доштанд. Таҳкурсии муҳаббат ба забону адабиёти тоҷикро дар дили ман устодон Мирзофайёз Нусратов, Сафарбой Бобоазизов ва Саъдуллохон Наимбоев ҷой кардаанд.
Соли таҳсили 1967-1968 дар синфи 10 мехондам. Борҳо дар мактаб ва дар хона дар бораи орзуи деринаам муаллим шудан сухан оғоз мекардам, аммо ҳар бор модарам (рӯҳашон шод бод!) ба шӯр омада мегуфтанд, ки ин орзуятро фаромӯш кун, аз деҳа ҳоло ҳеҷ кас ба хондан нарафтааст, ҳамдеҳагон айб мекунанд. Ман дар дифои хоҳиши худ мегуфтам, ки Бобониёзова Бифароғат муаллимаи мо, ҳамдеҳаамон Очабону Усмонова дар Донишкадаи омӯзгории шаҳри Ленинобод таҳсил доранд, ҳамсинфам Муқима Умарова дар техникуми тиббии шаҳри Ленинобод мехонад ва илтиҷо мекардам, ки ба хондани ман монеъ нашаванд. Билохира, падару модарам розӣ шуданд, ки ба омӯзишгоҳи касбӣ техникии духтаронаи шаҳри Конибодом рафта, касби дӯзандагиро омӯзам. Ба ҳаминаш ҳам шукр гуфта, дар омӯзишгоҳ таҳсил кардам ва барои таҷрибаомӯзии касбӣ мо - ду нафар беҳтаринҳоро ба фабрикаи дӯзандагии “50- солагии СССР” ба шаҳри Душанбе фиристоданд. Дар баробари таҷрибаомӯзии касбӣ, тайёрӣ дида, баъди хатми омӯзишгоҳ ҳуҷҷатҳоямро пинҳонӣ ба УДТ (ҳоло ДМТ) супоридам.
Падару модарам аз ин кори ман бохабар шуда, садди роҳам шуданд. Падарам ба Душанбе омада, “модарат касал” гӯён маро гирифта бурданд. Ҳамин тавр, ман аз супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ маҳрум шудам. Аз алам ба кумитаи комсомоли шаҳри Исфара муроҷиат карда, ёрӣ талабидам. Онҳо хабар доданд, ки ман метавонам дар имтиҳоноти дохилшавӣ ба шуъбаи шабона иштирок кунам. Раёсати ҳамонвақтаи ҳукумати шаҳри Исфара маро дастгирӣ карда ба Душанбе фиристоданд ва ба котиби комитети комсомоли ҷумҳурӣ Гулҷаҳон Бобосодиқова дар бораи ман хабар доданд. Маро намояндагони комитети комсомол пешвоз гирифта, дар хобгоҳи омӯзишгоҳи касбӣ - техникии №33 ҷой карданд ва директори он Ёдгор Каримова хулқу атвори маро писандида, ҳатто барои зистан ва дарс тайёр кардан ба хонаи истиқоматиаш бурд. Ҳамин тавр, ман имтиҳоноти дохилшавиро бо баҳои хубу аъло супорида, соли 1970 донишҷӯи курси аввали факултаи филологияи тоҷики ДМТ шудам ва рӯзона барои рӯзгорро саришта кардан, аввал ба фабрикаи дӯзандагии ба номи “Зайнаб-бибӣ ” ба кор даромадам, баъд дар мактаби №53-и пойтахт ҳамчун сарпешоҳанг фаъолият намудам.
Шабона мехондаму рӯзона кор мекардам. Фаъолияти меҳнатиам гуногунҷабҳа, аммо мақсади асосӣ ва ягонаам омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик шудан буд. Бале, душвор буд ҳам хондану ҳам кор кардан, аммо ман дар назди падар ва модар ваъда дода будам, ки нияти ман фақат хондан аст, албатта, сари шуморо дар назди хешу табор, ҳамдеҳагон ҳеҷ гоҳ хам нахоҳам кард. Ва падар афзуда буданд: ба орзуят расидӣ, ба донишгоҳ дохил шудӣ, аммо дониста бош, ки касби омӯзгорӣ касби душвор аст, агар омӯзгори асил шудан хоҳӣ, ту бояд то охири умр омӯзӣ, ба қуллаҳои баланди ин касб бирасӣ ...
Ҳамин тавр, Барно Ашӯрова ҳаёти минбаъдаи худро комилан ба мактабу маориф ва роҳҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи хонандагон бахшида, мушоҳидаю таҷрибаи хешро дар шакли мақола дастуру рисолаҳои методӣ пешниҳоди омӯзгорони ҷумҳурӣ мегардонд. Ин бонуи пуртаҷрибаю меҳнатдӯст дар вазифаҳои методисти шуъбаи маорифи ноҳияи Сино, мудири кабинети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони пойтахт, муаллимаи калони кафедраи филологияи тоҷик ва муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода фаъолият намудааст. Кордонию маҳорати педагогияшро ба назар гирифта, ӯро соли 2002 ба Вазорати маориф даъват намуданд, ки дар ин ҷо ба сифати мутахассиси пешбари идораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ кор карда, дар пешрафту рушди соҳа саҳмгузорӣ намудааст. Ҳамчунин, солҳои 2005 то 2009 чун сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, баъдан ба ҳайси мудири кафедраҳои педагогика ва психология, методикаи таълим ва дотсенти кафедраи методикаи таълими ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода фаъолият кардааст. Соли 2006 дар мавзӯи “Ташаккули арзишҳои умумибашарии хонандагони мактабҳои типи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон” рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст. Барно Ашӯрова дар тӯли 50 соли фаъолияти худ 12 дастури таълимӣ, якчанд монография ва рисолаи методӣ таълиф намудааст. Дар бораи фаъолияти пурбори муаллима китоби мақолаю хотираҳои ҳамкасбон, олимону рӯзноманигорон бо номи “Бубин, тафовути раҳ аз куҷо то ба куҷост” ба нашр расидааст, ки худ гувоҳи соҳибобрӯю шарафманд будани ӯ мебошад. Хизматҳои муаллимаи пуртаҷриба Барно Ашӯрова бо нишони “Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ шудааст...
Муаллима ба сафар омодагӣ мебинад, ба зодгоҳаш - шаҳри Исфара. Ба ёдаш аз кадом гӯшаи хотираҳо садои падараш мерасад:
- Духтарам, дар мактаб ба ман “муаллим” гуфта, муроҷиат кун.
Барно, ки дар синфи як мехонд, бо алам гиря карда, паст-паст мегӯяд:
-Чӣ, шумо акнун ба ман додо не-мӣ ?
Падар бо табассуми малеҳ сарашро сила карда, бо садои меҳрбор:
-Не, ман барои ту ҳам додо ва ҳам муаллим, - мегӯяд...
Шодӣ РАҶАБЗОД,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр