Дар нимсолаи аввали соали 2021 53 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз экспертизаи ҳуқуқӣ гузаронида шуда, барои аз ҷиҳати илмиву амалӣ асоснок намудани онҳо, мукаммалу мушаххас гардонидани механизми татбиқи қонунҳо ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, ба субъектони ҳуқуқэҷодкунанда 300 таклифи асоснок манзур гардид, – зикр намуд зимни нишасти матбуотӣ директори Маркази миллии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода.
Ҳамчунин, қайд гардид, ки бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ ва ягонакунии истилоҳоти қонунгузорӣ дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Марказ 423 истилоҳоти ҳуқуқӣ коркард гардид, ки дар заминаи он Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқӣ нашр карда мешавад. Дар давраи ҳисоботӣ таҳқиқотҳои илмию таҳлилӣ низ гузаронида шуда, аз натиҷаи онҳо кормандони Марказ 56 мақолаи илмӣ ва оммавӣ дар мавзӯъҳои гуногуни соҳаҳои ҳуқуқ нашр намуданд.
Ёдовар мешавем, ки аз ҷониби марказ дар ин давра Маҷмӯи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба гузаронидани таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, 7 тафсири қонунҳо ва дигар маводи илмӣ таҳия ва нашр гардид.
Иловакунӣ
Иловакунии фикр