Нашрияи Омӯзгор

«Донишҷӯи навовар»

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 792        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон миёни магистрантон, донишҷӯён, аспирантон ва хонандагони литсейи донишгоҳ озмуни «Донишҷӯи навовар – 2020» ҷамъбаст гардид ва ғолибон бо диплом, мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд. Ҳамин тариқ, дар ҷамъбаст донишҷӯи курси 3-юми факултаи химия Абдуҳалим Шукуров сазовори ҷойи аввал (дипломи дараҷаи I ва 2000 сомонӣ), донишҷӯи курси 3-юми факулаи механикаю математика Зиёвуддини Маҳмадалӣ соҳиби ҷойи дуюм (дипломи дараҷаи II ва 1500 сомонӣ) ва магистрантони факултаи фалсафа Алишер Гардоншоева ва Адиба Нурматова сазовори ҷойи сеюм (дипломи дараҷаи III ва 1000 cомонӣ) гардиданд.

Ҳамчунин, ба як гурӯҳ  донишҷӯён ифтихорномаҳои донишгоҳ тақдим карда шуд.

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш