Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, профессор Муъмин Шарифзода дар нишасти матбуотӣ қайд кард, ки ДДҲБСТ дар қатори даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат пазируфта шуда, дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ мебошад.
Дар донишгоҳ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” конфронси ҷумҳуриявии илмию методӣ дар мавзӯи «Усулҳои инноватсионии таълим: ҳолати муосир ва дурнамои такомул» баргузор гардид.
Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму технология ва принсипҳои сиёсати инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ, дар нимсолаи аввали 2021 7 ихтирооту навоварии олимон ва донишҷӯён аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Маврид ба зикр аст, ки махзани китобхонаи илмии донишгоҳ 5877 номгӯйи адабиёти таълимӣ–тахассусӣ, методӣ, илмӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда (сиёсӣ, энсиклопедияҳо, луғатҳо, раҳнамоҳо)-ро бо теъдоди 47177 адад ташкил медиҳад. Давоми моҳҳои январ–июни соли ҷорӣ аз рӯйи 94 номгӯй 7340 адад адабиёти таълимии тахассусӣ, илмӣ, бадеӣ ва маълумотдиҳанда харидорӣ карда шуд. Дар ин давра марҳалаи донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» ташкил ва баргузор гардида, дар умум, дар озмуни мазкур зиёда аз 100 нафар донишҷӯи донишгоҳ иштирок намуданд. Аз рӯйи се номинатсия 11 нафар ғолиб бо диплом ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ қадршиносӣ ва ҷиҳати иштирок ба давраҳои минбаъдаи озмун пешниҳод шуданд.
Ҳамчунин, ба донишҷӯёни донишгоҳ муяссар гардид, ки 24 нафар гирандаи стипендияи раиси вилоят, 1 нафар гирандаи стипендияи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар гирандаи стипендияи раиси шаҳри Хуҷанд ва 61 нафар гирандаи стипендияи раёсати донишгоҳ гарданд. 25 нафар донишҷӯи донишгоҳ давоми шаш моҳи соли равон дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ 15 ҷойи якум, 5 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюмро соҳиб гардиданд.
Дар шаш моҳи соли 2021 20 нафар донишҷӯи ятим, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод карда шуда, ба онҳо дар арафаи ҷашнҳои гуногун ба маблағи 8400 сомонӣ кумаки яквақтаина расонда шуд.
Айни ҳол байни донишгоҳ ва 70 муассисаи илмию таълимӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд. Дар нимсолаи аввали соли 2021 шартномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Сургут, Донишгоҳи давлатии Мордовия, Донишгоҳи давлатии забоншиносии Нижний Новгород ва Донишгоҳи техникии нафти Уфа ба имзо расид.
Нуъмон РАҶАБЗОДА,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр