Нашрияи Омӯзгор

Шӯроҳои диссертатсионӣ дар донишгоҳ

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 797        Шарҳ: 0

 

Ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, профессор Ҷамшед Ҷӯразода зимни нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар нимсолаи аввали соли 2021 донишгоҳ ба як қатор комёбиҳои назаррас шарафёб гардид.

“Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ, ки 400 нафар донишҷӯи муассисаҳои таҳсилоти олӣ иштирок намуданд, 14 нафар донишҷӯи донишгоҳ аз рӯйи 14 соҳаи илм ширкат варзида, 12 ҷойи ифтихорӣ,  2 ҷойи аввал, 3 ҷойи дуюм ва 6 ифтихориро касб намуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз донишгоҳ 25 нафар ҷойи 1, 10 нафар ҷойи 2 ва 10 нафар ҷойи 3-юмро соҳиб шуданд.Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 31 ҷойи ифтихорӣ насиби донишҷӯёни донишгоҳ гардид. Роҳбари донишгоҳ афзуд, ки барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз донишгоҳ 5 ҷойи ифтихорӣ ва барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат” 2 ҷойи ифтихориро донишҷӯёни  муассиса соҳиб гардиданд.

Дар нимсолаи аввали соли 2021  12 китоби дарсӣ  21 дастури таълимӣ ва таълимӣ-методӣ,  14 монография, 15 маҷмӯаи мақолаи устодону омӯзгорони донишгоҳ ба нашр расиданд.

Ректори донишгоҳ  афзуд, ки ҳоло дар китобхонаи донишгоҳ 250 ҳазор китоби чопӣ ва 50 ҳазор китоби электронӣ мавриди истифодаи устодону донишҷӯён қарор дода шуда, дар соли равон 3 ҳазор китоб харидорӣ шудааст.  Донишгоҳ бо 92 мактаби олӣ ва ташкилотҳои илмӣ-тадқиқотии хориҷӣ ҳамкории назаррасро ба роҳ мондааст. Дар донишгоҳ дар ин давра 30 нафар устоди донишгоҳ рисолаи номзадӣ ва 2 нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд.  Маврид ба зикр аст, ки дар донишгоҳ 6 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти илмии устодони донишгоҳ саҳми муассир мегузорад.

Бо қарори Шӯрои олимони донишгоҳ соли 2021 барои дифои рисолаҳои номзадӣ 3 ҳазор сомонӣ ва барои дифои рисолаи докторӣ 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ муқаррар карда шудааст, ки мақсад аз он ҳавасмандкунии устодони донишгоҳ маҳсуб меёбад.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Тарс афродеро, ки метавонанд дӯстат бошанд, бегона месозад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш