Нашрияи Омӯзгор

Хатмкардагон бо ҷойи кор таъмин мешаванд

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 798        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон муовини ректори  донишгоҳ Маҳмуд Тошматов ба рӯзноманигорон дар бораи фаъолияти муассисаи таълимӣ дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод. Қайд гардид, ки фаъолияти донишгоҳ пурвусъат буда, дар сохтори он ҳашт факулта, 19 кафедра мавҷуд аст. Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ ва як гимназия  дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара   ва литсейи инноватсионии «Душанбе» фаъолият доранд.

Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ба пешрафти сифати таълими донишҷӯён мусоидат мекунад, таъмин будан бо кадрҳои ихтисосманд мебошад.

- Ба ин масъала, - гуфт муовини ректор, - мо диққати ҷиддӣ медиҳем. Дар донишгоҳ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2020 – 2021 аз ҷониби КОА ба чор нафар унвони  илмии дотсент дода шуд. Қариб нисфи омӯзгоронро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз онҳо ёздаҳ нафар номзади унвони илм ва се нафар доктор аз рӯйи ихтисос  PhD - ро доранд. 

Дар баробари ин, дар раванди таҳким бахшидани пояи моддиву техникии ҷараёни таълим дар донишгоҳ 24 синфхонаи компютерӣ, 29 синфхонаи махсус, 64 тахтаи электронӣ, чор минбари электронӣ, 108 проектор ва дигар таҷҳизоти мултимедиявию акустикӣ мавриди истифода қарор дорад.

- Баланд бардоштани сифати таълим дар муассиса яке аз мақсадҳои стратегии донишгоҳ аст, - таъкид намуд муовини ректор. – Бо ин мақсад барои ҷавобгӯ будан ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша - чорабиниҳо таҳия шудааст.  Онҳоро зина ба зина амалӣ гардонда, донишгоҳ мавқеи худро дар фазои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он баланд мебардорад. Вобаста ба ин, се барномаи таълимии донишгоҳ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта, соҳиби шаҳодатнома шудааст ва дипломҳои хатмкардагони ин барномаҳои таълимӣ дар кишварҳои Аврупо пазируфта мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки имсол ДТТ – ро аз рӯйи 39 ихтисос 1384 нафар хатм карданд. Аз онҳо ҳаждаҳ нафар аз зинаи бакалавр ва ҳафт нафар хатмкунандаи  зинаи магистратура донишгоҳро бо дипломи «аъло» ҷамъбаст намуданд.

Чунонки  муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Ситора Абдумуминзода иттилоъ дод, дар донишгоҳ корҳои тарбиявӣ низ хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар шаш моҳи сипаригардида раёсати донишгоҳ бо мақсади самаранок ба роҳ мондани кор дар самтҳои тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ, тарбияи ҳуқуқӣ ва монанди ин дар робитаи зич бо мақомоти марбута ҳамкорӣ намуд.

Дар хобгоҳ ёздаҳ маротиба рейдҳои экологӣ ва панҷ вохӯрӣ гузаронида шуд. Бо усули факулта ба факулта 21 вохӯрӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ баргузор карда шуд. Инчунин, бо иштироки намояндагони ҳифзи ҳуқуқ аз сохторҳои дахлдор чор ҷаласа ва доир ба масоили терроризм ва экстремизм доир гардид. 

Рӯзноманигорон ба пурсишҳои худ оид ба масъалаҳои рушди таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи амалии онҳо, мустаҳкам намудани базаи моддию техникӣ, фаъолияти байналмилалии донишгоҳ ва ғайра  ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.   

       

Ҳотами ҲОМИД,

«Омӯзгор»

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш