Нашрияи Омӯзгор

Донишгоҳ 90-сола мешавад

Сана: 2021-07-21        Дида шуд: 811        Шарҳ: 0

 

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ нишасти матбуотӣ ин дафъа дар толори факултаи филологияи тоҷик баргузор гашт.- Мо ба чунин хулосае расидем, ки шумо - аҳли суханро дар боргоҳи сухан бипазирем ва суҳбате озоду ошкоро биороем,- гуфт дар оғози нишасти матбуотӣ ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ва афзуд: - Имсол маърифатгоҳи мо, ки аввалин мактаби олии Тоҷикистон мебошад, 90-сола мешавад.

 

Ба ин муносибат аҳли донишгоҳ омодагии ҷиддӣ доранд ва дар байни кулли корҳое, ки дар назаранд, муҳимтаринашон чопи як силсила китобҳои илмию методию таърихӣ (аз ҷумла, Донишномаи донишгоҳ), ба истифода додани боз як бинои нави таълимӣ ва албатта, боз ҳам боло бурдани сатҳи таълиму тарбия мебошад.

Ректори донишгоҳ хабарнигоронро даъват кард, ки дар таҷлили шоистаи ҷашни 90-солагии донишгоҳ фаъолона ширкат намоянд.

Дар ҷараёни посухҳои ректор ва масъулини дигари таълимгоҳ ба як силсила суолҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма маълум гашт, ки аҳли Донишгоҳи омӯзгорӣ дар давоми нимсолаи аввали соли равон фаъолияти худро боз ҳам тақвият бахшида ба комёбиҳои назаррас ноил шудаанд. Зикр гардид, ки муҳимтар аз ҳама, сифати таълиму тарбия боз ҳам боло рафтаву таваҷҷуҳи донишҷӯён ба таҳсил, ба эҷодкорию навоварӣ, ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосир афзудааст. Имсол 2504 нафар донишҷӯи ин боргоҳи маърифат таҳсилро ба итмом расонда, ба сафи омӯзгорони кишвар ва хориҷ аз он пайвастанд. Ширкати донишҷӯён ба озмуну сабқатҳои ҷумҳуриявӣ сол то сол пурсамартар мегардад. Дар озмуни Ҷоми  Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 12 то 13 март ҷараён ёфт, донишҷӯёни донишгоҳ вобаста ба  фанҳои математика, физика, астрономия, химия, биология, геология ва технологияҳои иттилоотӣ иштирок намуда, сазовори ду ҷойи аввал, се ҷойи дуюм ва се ҷойи сеюм гардиданд. Дар олимпиадаи ҷумҳуриявии мактабҳои олии мамлакат, ки моҳи май дар шаҳри Хуҷанд ба вуқӯъ пайваст, донишҷӯёни донишгоҳ донишу маҳорати баланд нишон дода, ду ҷойи аввал, се ҷойи дуюм  ва ду ҷойи сеюмро соҳиб гаштанд  ва дар байни 35 мактаби олии кишвар дар ҷамъбаст мақоми дуюмро ишғол намуданд, ки ин барои мо дастоварди хеле нишотбахш аст. Дар давоми нимсола шогирдони мо дар баробари таҳсили шоиста ҳамчунин, дар тамоми маъракаву ҳамоишу ҳашарҳои шаҳрӣ фаъолона ширкат варзиданд ва аз ҷумла, дар ободонии пойтахт саҳми созовор гузоштанд.

Ректори донишгоҳ тақвияти фаъолияти илмию эҷодии устодонро яке аз самтҳои муҳими ҳаёти донишгоҳ арзёбӣ карда, зимнан иттилоъ дод, ки танҳо дар давоми 5-6 моҳи охир аз ҷониби олимону омӯзгорони таълимгоҳ 21 монография, 21 китоби дарсӣ, 50 дастури методӣ, 347 мақолаи илмӣ таҳия ва ба нашр расонда шудааст. Ҳамчунин, дар ин давра 2 нафар рисолаи докторӣ ва 16 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданду айни замон 2 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи докторӣ ва 4 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаи номзадӣ қарор доранд. Бо ҳадафи боз ҳам такмил бахшидан ба фаъолияти илмию пажӯҳишии устодон ва дар доираи тадбирҳо ба муносибати Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшоносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илм ва маориф, дар назди донишгоҳ Институти таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таъсис дода шуд, ки дар таърихи донишгоҳ иқдоми беназир аст.

Робитаҳои байналмилалии донишгоҳ низ мунтазам вусъат меёбанд ва дар нимсолаи аввали соли равон боз бо 14 мактаби олии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонда шуд, ки ин омили боз ҳам боло рафтани эътибори таълимгоҳ  ва афзудани имконоташ гардида. Ҳоло дар донишгоҳ беш аз чоруним ҳазор донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамоянд.

Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон, ҳамчунин, перомуни масоили марбут ва  ба таҷрибаомӯзии донишҷӯён, таълим бо дастурҳои таълимӣ, вазъи забономӯзӣ, таъминот бо таҷҳизоти технологӣ, дастгирии донишҷӯёни ятим ва маъюб, ҳолати хобгоҳҳо ба масъулини донишгоҳ суолҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас дарёфтанд.

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Барои он ки сифатеро қадр созӣ, худ каме бояд аз он сифат дошта бошӣ.
Шекспир

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш