Нашрияи Омӯзгор

Хиёнати наҳзат ба созишномаи сулҳи тоҷикон

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 812        Шарҳ: 0

 

Ваҳдати  миллӣ неъмати бузургу муқаддасест, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлат ва саодати рӯзгори мардуми шарифамон аз он ибтидо мегирад.  Дар муддати 24 соле, ки аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ паси сар мегардад, Тоҷикистони азизи мо бевосита ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуд.

Тоҷикон бори дигар ба аҳли башар собит намуданд, ки миллати тамаддунсоз ва фарҳангпарвар мебошанд, чун соҳиб гаштан ба истиқлолияти давлатӣ ва доштани фазои орому осуда дар кишвар орзуву мароми халқҳо ва миллатҳои ҷаҳон буд ва мемонад. Дар натиҷаи фаъолияти ҷиддӣ ва бисёрҷонибаи Сарвари давлат, давлатдории миллии тоҷикон аз вартаи нобудӣ наҷот ёфт, тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамчун давлати ягона ҳифз шуд, аркони асосии сиёсӣ, идорӣ ва қудратии давлатдории миллии мо эҳё ва барқарор гашт, миллати тоҷик ҳамчун воҳиди ягонаи сиёсию фарҳангӣ эҳё ва ҳифз гардид. Дар ин раванд сохти давлатӣ ва самти сиёсии давлатдории тоҷикон дар замони муосир мушаххас шуд, соҳаҳои асосии хоҷагии халқи мамлакат барқарор гашт ва ниҳоят, Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол ҷойгоҳи устувори худро дар арсаи байналмилалӣ касб намуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибис-тиқлолии хеш озодӣ ва баробарҳуқуқии ҳамаро кафолат дода буд, ки ин нуқта дар Конститутсияи ҶТ низ баён гардидааст. Вале ин озодӣ ва баробарҳуқуқиро ҳар шахс ва гурӯҳҳои ҷудогонаи ифротию террористӣ бо фаҳмишу дарки хоси хеш қабул карданд.  Аз ҷумла, саркардагону аъзои ТЭТ ҲНИ бо ҳидоят ва дастгирии «хоҷагони хориҷӣ» мардуми одиро бо ҳар иғвою хабарҳои бардурӯғ ва бо истифода аз эътиқоди динӣ бар зидди ҳокимияти конститутсионӣ равона сохтанд. Мақсади асосии ин душманони миллати тоҷик, ноором гардонидани ҷомеа ва бо ин восита расидан ба ҳадафҳои ғаразноки хеш буд. Дар натиҷаи чунин сиёсати хоинонаи наҳзатиҳои ифротӣ Тоҷикистони соҳи-бистиқлолро буҳрони сиёсӣ фаро гирифт ва ҳатто хатари аз байн рафтани кишвари азизамон пеш омада буд.

Баъди гуфтушунидҳои тӯлонӣ, 27-уми июни соли 1997 миёни Ҳукумати конститутсионӣ ва ҷониби мухолиф Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ ба имзо расид. Ҳукумати кишвар тамоми ҷиноятҳои содирнамудаи намояндагони ин ҳизби хусусияти террористидоштаро бахшида, ба мухолифин шароит фароҳам оварданд, то ки онҳо иштибоҳи таърихии хешро ислоҳ намуда, баҳри инкишофи Ватан озодона фаъолият намоянд. Раванди мусолиҳаи миллӣ зери сарпарастӣ ва кӯшишу талошҳои бевоситаи Президенти кишвар   сурат гирифта, бо вогузор кардани 30 дар 100-и мансабҳо ба иттиҳоди мухолифин, авф намудани ҳамаи гуноҳҳои аз ҷониби онҳо содиршуда ва расмият бахшидан ба фаъолияти ҲНИ дар дохили кишвар аз амалкардҳои муҳими сиёсии Сарвари давлат  ба хотири расидан ба Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб мераванд.

Мутаассифона, пас аз истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, солҳои 1997-2015 саркардагону аъзои ин ташкилоти наҳзатӣ  ба террори ақидатӣ машғул буд ва тавассути расонаҳо ҳамарӯза афкори хурофотӣ ва террористиро дар шакли пардапӯшонаи фалсафаи шаҳодат ва амсоли ин таблиғ менамуд. Бояд қайд кард, ки башиддат мазҳабишавии ҷомеа ва гароиши  ҷавонон ба созмонҳои террористӣ аз фатвоҳои  идеологҳои ТТЭ ҲНИ маншаъ мегирад.

Ин гуна таблиғот, ҳамчунин, боиси пайвастани нафарони зиёде ба гурӯҳҳои тундрав ва террористӣ гардид, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва Афғонистон онҳо бесарнавишт гардида, дар хоки бегона ба хотири ақидаҳои экстремистию террористӣ худро қурбон намуданд. Тамоми ҷиноятҳои ин ташкилоти ифротӣ-террористии наҳзатиро исбот карда, додгоҳи олии кишвар онро террористӣ ва мамнуъ эълон намуд. 

Аммо иддае аз сарони ҷиноятпешаи ин ташкилоти террористии наҳзатӣ фирор карда, дар хориҷ аз кишвар паноҳ бурдаанд ва имрӯз низ кори асосиашон иғвоангезиву  дурӯғпардозӣ ва дар маҷмӯъ, ноором кардани  вазъи кишвар аст. Инҳо, воқеан, аҳдшиканҳо ва хиёнаткорони  Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллианд ва душманони ваҳдати миллӣ ва пешрафти Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Зеро бо пули бегонагон бар зидди Тоҷикистон фаъолияти тахриботӣ мебаранд.

Аз ин рӯ, дар ин ҷаҳони пур аз тазоду рақобатҳои шадиди глобалӣ мо бояд фирефтаи душманону бадхоҳони миллати тоҷик нашуда, дастовардҳои Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро ҳамеша ҳифз намоем. 

Ф. ҒАФФОРЗОДА,

омӯзгори мактаби №15, шаҳри Душанбе

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Одам будан мубориз будан аст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш