18 июли соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома байни коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ва Муассисаи давлатии буҷавии таълимӣ-касбии коллеҷи политехникии вилояти Рязан оид ба омодасозии мутахассисон барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Дар он муовини якуми вазири маориф ва илми кишвар Р.Мирбобоев, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалӣ И.Камолзода, сардори раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Ҳ. Вализода, муовини директор оид ба таълими коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Р.Холматов, сардори раёсати Вазорати маориф ва сиёсати ҷавонони вилояти Рязан А.Лошинин, ҳамоҳангсози барномаи «Россотрудничества» Н.Биховский, муовини директор оид ба таълими истеҳсолии коллеҷи политехникии Рязан В.Манцев ва дигар меҳмонони расмӣ ширкат варзиданд.
Александр Лошинин зимни суҳбат қайд намуд, ки муассисаҳои таълимии вилояти Рязан дар самти маориф мутахассисони касбӣ омода месозанд ва шарту шароити таҳсил дар он муассисаҳо хуб ба роҳ монда шудааст.
Бандҳои созишнома ҳамкориҳои дуҷониба дар самти омодасозии мутахассисон, табодули таҷриба, такмили ихтисос, фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ширкат дар иҷрои лоиҳаҳо ва барномаҳои минтақавӣ ва грантҳои байналхалқиро дарбар гирифт.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Иловакунӣ
Иловакунии фикр