Нашрияи Омӯзгор

Ситоишгари қаҳрамонҳои миллат

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 828        Шарҳ: 0

 

Замоне ки мактабхон будам,  бо асарҳои Сотим Улуғзода «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Субҳи ҷавононии мо», «Ривояти суғдӣ» ошно гашта,  аз шеваи равону сода ва оммафаҳм, инъикоси холисонаи зисту зиндагии мардуми тоҷик ва рӯзгори бузургон, ки аз килки сеҳрангези ин нависандаи чирадаст бурун омадааст, лаззат мебурдам. Аз ин ҷост, ки Сотим Улуғзода ба яке аз нависандаҳои дӯстдоштаи ман мубаддал гашт. Ҳар гоҳе ки дар газетаи «Адабиёт ва санъат», маҷаллаи «Садои Шарқ» ё ягон китоб акси устод Улуғзодаро медидам, хурсанд мегаштам.

Дар зодгоҳи устод

Ду сол пеш, дар арафаи ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба зодгоҳи устод Улуғзода- деҳаи Варзики ноҳияи Чуст сафар намудам. Мақсади асосии сафари ман зиёрати зодгоҳи устод Улуғзода буд. Мехостам бинам, Варзик, ки устод дар асари тарҷумаиҳолии худ «Субҳи ҷавонии мо» тасвир намудаанд, чӣ деҳаест ва мардумонаш имрӯз чӣ ҳол доранд ва то кадом андоза  забони модарии худро медонанд.

Аз шаҳри Чуст ба деҳаи Варзик раҳсипор шудем. Дар Чусту Варзик ҳама бо забони равони тоҷикӣ гап мезаданд. Варзик яке аз деҳаҳои сарсабзу зебо ва ободу бостонии водии Фарғона буда, адиб дар сарсухани повести «Субҳи ҷавонии мо» онро чунин тасвир намудааст: «Дар байни деҳоти атрофи Тӯс калонтарин деҳаи мост. Онро ҳалқаҳои сабзи боғу бӯстонҳо иҳота кардааст. Дар миёнҷои деҳа як теппаи баланд, дар болои теппа як қалъаи кӯҳна воқеъ шудааст. Як кӯчаи калон теппаро монанди ҳалқа  печонида гирифтааст. Агар ба болои қалъа баромада, нигоҳ кунед, мебинед, ки аз як кӯча якчанд кӯчаю тангкӯчаҳои дигар сар мезананд. Тангкӯчаҳо дар байни бомҳои бешумори деҳа печутоб хӯрда гум шуда мераванд.  Бомҳо ҳама монанди якдигар ва якранг. Ин якрангиро фақат дарахтони тут, ки шохҳои сабзу каҷукилеби худро ба болои баъзе  бомҳо ёзонидаанд, ягон-ягон чинорҳои баланди сершоху барге, ки дар болояшон, албатта, лаклак лона андохтааст, халалдор мекунад. Дар масофаи дуре  деҳа ба боғот мепайвандад. Аз он деҳаҳои дур, хеле дур, дар он тарафи шаҳрчаи Тӯс дарёи Сир ҷорист»…

Вақте ба Сари Қалъа баромадем, занҳои деҳа бо шодмонии хос Наврӯзро таҷлил мекарданд. Ҳамдиёрони устод Сотим Улуғзода аз дидани мо, меҳмонони тоҷикистонӣ хеле ва хеле шод шуданд ва хоҳиш намуданд, ки чанд пора шеъри тоҷикиро ба онҳо қироат намоем.Сипас аз чашмае, ки устод Сотим Улуғзода аз оби мусаффои он нӯши ҷон мекарданд, мо ҳам нӯшидем.

Санавбар Хошимова, муовини директори мактаби № 13-и деҳаи Варзик дар суҳбат ба мо гуфт:

- Ман ифтихори онро дорам, ки ҳаммаҳаллаи Сотим Улуғзода мебошам. Он касро ҳама ҳамдеҳагон мешиносанду эҳтиром мекунанд. Ҳамасола мо бахшида ба эҷодиёти  адиб маҳфилҳои адабӣ доир мекунем. Повести «Субҳи ҷавонии мо»-ро барои омӯзиши таърихи деҳа ҳамчун сарчашмаи арзишманд истифода мебарем. Хонандагон бо шавқу завқ онро мехонанд. Бо Улуғзода на танҳо миллати тоҷик ва ё аҳолии деҳаи Варзик, балки тамоми тумани Чусту вилояти Намангон ва берун аз он ифтихор доранд. Ман синфи 4-ум мехондам, ки устод Улуғзода ба деҳа омада, аз назди дари мо гузашта  буданд. Мо зуд берун баромада он касро тамошо карда будем. 100- солагии устод Улуғзодаро дар деҳа бо шукуҳу шаҳомат таҷлил намуда будем.

Ҳамин тариқ, дар деҳаи Варзик бо чанде аз сокинони куҳансоли он ва хешовандони устод  Улуғзода, омӯзгорони мактаби деҳа ва хонандагон мулоқот намуда, ёддошту суханрониҳои онҳоро наворбардорӣ намудем ва навори видеоиеро бо номи «Сотим Улуғзода ва зодгоҳи ӯ» дар шабакаи интернетӣ ба намоиш гузоштем. Оре, Улуғзода вафодори  Ватан, адиби хештаншиносу  заҳматкаше буд, ки  дар ҳар қиссаю романи ӯ ин сифатҳо эҳсос мешаванд.

«Халқи худро шинос!»

Дар китоби «Субҳи ҷавонии мо» бахши «Халқи худро шинос!» воқеан ҳам, ҷолибу омӯхтанӣ буда, адиб дар он таассурот ва ифтихори  худро аз бузургии миллати хеш ба қалам медиҳад. Аз ҷумла, солҳои аввали дохил шудан ба мактаби тоҷикии Тошкандро, ки он замон наврас буд, ба ёд оварда, менигорад: «Профессор Степанович ба лаҳҷаи соф тоҷикӣ «ассалому алайкум, бачаҳо» гӯён ба синфхона ворид шуд. Ӯ  аз куҷо будани моро пурсида, ҳамин ки талаба номи вилояту деҳаи худро мегуфт, Михаил Степанович бо шеваи маҳаллии он талаба шурӯъ ба гуфтугӯ кардан менамуд ва дар шева чунон покиза гап мезад, ки гумон мекардед  ӯ тоҷики ҳақиқӣ ва аҳли ҳамон маҳал аст.

Он рӯз олими рус Андреев ба ҷавонон гоҳ аз Рӯдакӣ шеър мехонду гоҳ аз Носири Хисрав ва дар бораи таъриху тамаддун ва маданияти тоҷикон бисёр ҳарф мезад ва  наврасони Дорулмуаллимини Тошкандро талқин мекард, ки бештар ба омӯзиши фарҳангу фолклор ва осори  бузургони миллати хеш машғул шаванд.

Улуғзода менигорад, ки «ман дар солҳои баъд таърихи халқи худро омӯхтам, бо эҷодиёти Рӯдакӣ, Носири Хисрав ва арбобони дигари маданияти  гузаштаамон шиносоӣ пайдо намудам. Лекин олими рус, ки нахустин бор ба ман «халқи худро шинос» гуфт ва худаш ҳам намунаи чунин шиносойӣ буд, як умр дар хотирам монд».

 Чеҳраи мондагори миллат

Солҳои 50-уми асри гузашта давраи сифатан нав ва барои муҳити адабӣ ва хонандаи тоҷик басо манфиатбахши эҷодиёти Сотим Улуғзода оғоз меёбад. Вай чун пайрави сазовори устод Айнӣ ба тасвири бадеии таърихи пурфоҷиаи халқи тоҷик ва шахсиятҳои беназири он камар мебандад. Ин мавзӯъ дар он замон барои эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносии миллӣ, бедорӣ ва шинохти фарзандони фарзонаи миллат ва пайдо намудани эҳсоси бузурги ватанпарастӣ барои мардуми тоҷик чун обу ҳаво зарур буд. Ин роҳе буд, ки устод Айнӣ дар адабиёт шурӯъ кард, вале Улуғзода онро бо матонат ва бинишу ковиши чуқуртар идома бахшид  ва садоқату эҳтиромашро ба таърихи миллат ва фарзандони ҷоннисораш нишон дод. Маҳз аз баракати истеъдод ва килки сеҳрофарини Сотим Улуғзода хонанда, ҷомеаи Тоҷикистон ва берун аз он марҳала ба марҳала ба даврони пурэъҷози Сомониён ва рӯзгори пурфоҷиаи устод Рӯдакӣ дар драмаи «Қисмати шоир», муборизаи беамони мардум алайҳи аҷнабиён дар қиссаи «Ривояти суғдӣ», зиндагиномаи пур аз кашфу эҷоди Ибни Сино, Ҳаким Фирдавсӣ, Аҳмади Дониш, талошҳои ҷоннисоронаи Темурмалику Восеи диловар барои озодии халқу диёр аз ҷабру ситами ғосибон ошно шуданд.

Адиби тавоно ва забардасти тоҷик ҳарчанд замоне аз сабаби сиёсати вақт дучори дасиса ва ноадолатиҳо гашт, аммо як умр каломи созандаро авло донист. Шукронаи соҳибистиқлолии кишвари азизамон мекунем, ки номи неки ин адиби забардаст доимо гиромӣ дошта мешавад. Дар китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 25 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ҷой гирифтани устоди зиндаёд Сотим Улуғзода низ нишонаи олии он аст, ки хизматҳои шоиста ва бузурги чунин фарзонагон ҳаргиз аз назари давлату миллат ва роҳбарияти олии он дур нахоҳад монд.

Насрулло Тӯйчизода,

номзади илмҳои фалсафа, устоди Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш