Дар замони муосир васоити техникиву технологӣ зиёд гардида, роҳҳои дастрасӣ ба иттилооту навгонӣ осон гардидааст. Имконоти мазкур ҷаҳони бузургро ба як деҳкадаи кучак табдил додаасту дар як они воҳид метавон аз ҳаводиси гуногун, ки дар гӯшаву канори ҷаҳон ба вуқӯъ мепайвандад, огаҳӣ ёфт.
Дар баробари ин, воситаҳои иртиботӣ низ рушд ёфта, бо пайдо гардидани Интернет, ки заминаи асосии ба вуҷуд омадани шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, иттилооту навигарӣ низ рангин гардида, ба таври дурусту амиқ дастрасии иттилоот ва онро маърифат намудан аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки аз аҳли ҷомеа масъулияти зиёдро тақозо мекунад. Зеро иттилоот ба як неруи муассир ва таъсиргузори ҷомеа табдил ёфта, дар ҷараёни воқеаҳо нақши муассир дорад. Ба таъбири дигар, ҳар касе, ки иттилооти зиёд дар даст дорад, ҳамон қадар нерумандтар аст ва мусаллам аст, ки ҷаҳонро иттилоот идора мекунад. Ин марҳала марҳалаи муҳими таърихӣ ба шумор рафта, навтарин иттилоот дар дасти инсоният қарор дорад ва иртиботи омма низ дар ин замина вусъати тоза пайдо кардааст. Ба андешаи муҳаққиқон, маърифати истифодаи васоити технологӣ (шабакаҳои гуногуни интернетӣ) мебояд мавриди пажӯҳиш ва омӯзиши амиқ қарор дода шавад, зеро мафҳумҳои наве, ки вобаста ба иртиботи омма ва ВАО-и муосир ба вуҷуд омадаанд, қишрҳои гуногуни ҷомеаро метавонанд ба гумроҳию бебандуборӣ мувоҷеҳ созанд. Ин раванд масъулияти ҷиддиро талаб мекунад. Ба ҳамин мазмун китоби донишмандони тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва доктори илмҳои филологӣ, профессор Ҷамшед Саъдуллоев бо номи «Роҳнамои ҷомеаи иттилоотӣ» (Душанбе, 2021. – 80 с.) ба нашр расид, ки дар он тафсиру тавзеҳи мафҳуму ибораҳои ҷомеаи иттилоотӣ, заминаҳои техникии ҷомеаи иттилоотӣ, ВАО-и муосир ва намунаҳои нави коммуникатсия, Интернет ва ҷомеаи шабакавӣ ва монанди инҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар оғози китоб ба таври фишурда раванди таърихии пайдоиш ва рушди ҷомеаи иттилоотӣ бо такя ба асарҳои илмию пажӯҳишии муҳаққиқони варзидаи хориҷӣ баррасӣ гардидааст. Андешаи муаллифон бо далоили муътамад ва таҳлили васеъ ҷараён меёбад. Дар шеваи нигориши муҳаққиқон зина ба зина, ба таври сода ҳар мафҳум ва ибора тавзеҳ мешавад. Онҳо пайдо гардидани ибораи «асри глобалии иттилоот»-ро ба охири асри XX марбут дониста, бо омӯзиш ва таҳлили амиқ ҳар давраи таърихии рушди васоити технологиро радабандӣ менамоянд, ки дар маърифат ва дарк намудани заминаҳои ба вуҷуд омадани ҷомеаи иттилоотӣ мусоидат менамояд. Муаллифон бо такя ба пажӯҳиши Э. Тоффлер таъкид менамоянд, ки давраи иттилоотро мавсуф «мавҷи сеюм» дар таърихи тамаддун номидааст: давраи якум (аграрӣ) то асри XVIII идома ёфт ва баъдан бо пайдо шудани саноат давраи дуюм (саноатӣ) фаро расид. Солҳои 50-уми асри XX навбати давраи сеюм (баъди саноатӣ ё иттилоотӣ) фаро расид, ки дар он иттилоъ ба намуди асосии моли истеҳсолӣ табдил ёфт.
Инчунин, дар ин замина табдил ёфтани ҷомеа ба муҳити иттилоотӣ ба он таъсир расонда метавонад ва муҳаққиқон дар ин ҷода ба таҳқиқоти сотсиологӣ низ таваҷҷуҳ мекунанд ва ба таъкиди таҳлилгарони амрикоӣ, «дар ИМА гузариш ба ҷомеаи иттилоотӣ тахминан дар солҳои 20-уми асри XXI анҷом меёбад. Замоне ки дар соҳаи истеҳсолоти моддӣ ҳамагӣ 17 фоизи аҳолӣ ба кор таъмин мегарданд ва фоизи боқимондаи аҳолӣ дар соҳаҳои хизматрасонии иттилоотӣ, маориф ва фароғат фаъолият хоҳанд кард».
Ҳамин тавр, дар китоб бо далоилу арқом марҳалаҳои рушду таҳаввулоти ҷомеаи иттилоотӣ, заминаҳои зуҳуру густариши техникаи иртиботиву коммуникатсионӣ таъкид гардидааст. Барои мушаххас намудану тафсири мукаммали ҳар мафҳуму ибора аввал ба заминаҳои таърихии он таваҷҷуҳ мешавад ва сипас, рушду инкишоф ва таҳаввулоти мафҳуму истилоҳот бо далелҳои муътамади илмӣ нишон дода мешавад. Дар бахши «Заминаҳои техникии ҷомеаи иттилоотӣ» муаллифон нахуст доир ба масъалаи ба вуҷуд омадани аввалин дастгоҳи чопӣ ва дар шакли китоб эҷод гардидани асарҳо андешаронӣ намуда, таъкид медоранд, ки «дар давраи палеолит (10-14 ҳазор сол пеш) пиктография (қадимтарин шакли хатти тасвирӣ барои ифодаи ҳодисаю падидаҳо, яъне пиктограммаҳо) пайдо шуда, сипас, дар Чини Қадим, Мисри Қадим ва шоҳигарии Шумер идеография (расмҳое, ки ҷумлаю калимаҳои алоҳидаро тасвир мекарданд) паҳн гардид». Ҳамин тариқ, раванди таърихии тараққию густариши хату алифбо ва дастгоҳи чопиву компютер, воситаҳои ахбори омма ва дигар василаҳои техникӣ аз ҷониби олимон мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Онҳо таъкид мекунанд, ки «мафҳуми иттилооти омма ба шарофати ихтирои дастгоҳи чоп пайдо гашт, ба воситаи он на танҳо китобҳо, балки матбуоти даврӣ ҳам чоп мешуд».
Муҳимтарин вижагии таҳлилу баррасии муҳаққиқон дар он зоҳир мегардад, ки масъала ва мавзӯъҳоро дар иртибот ба раванди тараққию рушди ҷомеаи иттилоотии Тоҷикистон ба риштаи таҳлил кашидаанд, ки басо ҷолибу омӯзанда мебошад. Масоили марбути мавзӯъро воқеъбинонаву дақиқкорона муқоиса намуда, заминаҳои техникии ба вуҷуд омадани ҷомеаи иттилоотиро дар кишвар таҳлил намуда, ба таври зайл дар китоб зикр намудаанд: «Азбаски Тоҷикистон дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст, дар даврони собиқ ИҶШС дорои инфрасохтори рушдёфтаи шабакаҳои технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ (ТИК) набуд... Бо назардошти ин, Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин кишваре буд, ки хадамоти 3G-ро дар соли 2006 ҷорӣ кард. Теъдоди корбарони Интернет дар Тоҷикистон то 1 октябри соли 2020 2 миллиону 984,5 ҳазор муштарӣ ва кормандони мобилӣ 6 миллиону 186,9 ҳазор нафаррро ташкил додааст». Дар бораи васоити ахбори омма ва намудҳои нави коммуникатсионӣ низ дар китоби мазкур таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Имрӯз намунаҳои нави таъсиррасонӣ ба афкори омма тавассути иттилоот пайдо шуда, ки ба технологияи иттилоотии навин дахл дорад. Акнун имкони васеи расонидани иттилоот бо шаклҳои гуногун ба вуҷуд омадааст, ки ин мафҳумҳои нав низ дар китоб таҳлилу тафсир шудаанд. «Ба ВАО-и муосир ба маънои васеи он тамоми намудҳои мултимедиа дахл дорад. Аз тафсири ин мафҳум бармеояд, ки мултимедиа ташкили дубораи муҳитҳои гуногуни ҷисмӣ дар маҷмӯи ягонаи барномавию техникӣ буда, инсон бо ёрии он бо ҷаҳон муошират мекунад, ба мисли: садо, матн, графикаҳои оморию динамикӣ, мултипликатсия (тасвири муҳаррик) ва навор. Бо пайдоиши воситаҳои мултимедиа ҳамгироии компютерии мазмуни оморӣ (матн, графика, расм) ва динамикӣ (аудио, видео, аниматсия) имконпазир гардид», - таъкид намудаанд муаллифони асар. Дар идома перомуни воситаҳои нави расонидани иттилоот, шаклҳои онро бо дастрасии иттилооте, ки имрӯз ҷомеаро фаро гирифтааст, тавзеҳ бахшида, тадриҷан ҷойгузини намудҳои анъанавии ВАО гардидани васоити ҷадиди иттилоотиро зикр мекунанд. Шаклҳои нави иттилоот, ки дар он иттилоъдиҳанда дар навбати худ истеъмолкунандаи маълумот ҳисоб меёбад, баҳсҳои зиёдеро дар ин замина ба вуҷуд меорад, аз тарафи олимон зикр мешавад. Ин нукта дар «намунаи секунҷаи коммуникатсия» ифода ва тавсиф меёбад. Муҳаққиқон дар ин ҷода се функсияи иттилоърасониро тавзеҳ додаанд, ки:
1. Функсияи хештангароӣ (express): вазифаи муҳимтарин – муаррифии худ ва манфиатҳои худ дар шабака…
2. Функсияи робита (connect): робита ва мубодилаи иттилоот бо дигар истифодабарандагон ва ҳамфикрон.
3. Функсияи иштирок (share): иштирок дар ташкили дастаҷамъонаи иттилоот ва истифодаи он.
Ҳар яке аз ин функсияҳо бо мисолҳои воқеӣ шарҳ дода шуда, вазифаи иттилоърасонии шабакавӣ хеле ҷолиб баён гардидааст. Ҳамчунин, пайдоиши Интернетро пешниҳоди хонанда намудаанд. Интернет аз сохторҳои номутамаркази шабакавӣ ба вуҷуд омадааст ва чун ҷараёни воситаҳои иттилоърасонӣ дар меҳвари иттилооти коммуникатсионию технологии замони муосир қарор дорад. Муаллифони дастур ҳар мафҳум ва ибораро бо шакли асл меоранд ва тавзеҳ мебахшанд. Ҳамчунин, эшон дар хусуси асосгузорони Интернет, ширкатҳои тақвиятбахши он ва дигар масоили таърихи шабакавӣ маълумоти муфидро ба таври фарогир пешкаш кардаанд. Дар китоби «Роҳнамои ҷомеаи иттилоотӣ» зикр шудааст, ки «ҷомеаи шабакавӣ» моҳиятан дар тамоми муддати таърихи инсоният бештар демократӣ буда, аз принсипҳои Юнони Қадим «демократияи иштироки бевосита» ибтидо мегирад, вале дар миқёси боз ҳам фарохтар (давлатӣ, минтақавӣ, глобалӣ).
Инчунин, ҷиҳатҳои манфии ҷомеаи иттилоотиро низ махсус таъкид карда, хотиррасон мекунанд, ки бо вусъат ёфтани он тадриҷан инсоният аз воқеият дур мегардад ва бештар аз равзанаи фазои маҷозӣ вобаста мегардад. Дар баробари ин, бо такя ба пажӯҳишҳои охирини сотсиологӣ дурнамои ҷомеаи иттилоотиро ба таври махсус баррасӣ менамооянд. Масалан, дар рисола таъкид гардидааст, ки «пажӯҳишгари Донишгоҳи Порстмут Мелвин Вопсон ҳисоб кардааст, ки вазни иттилоотии рақамӣ метавонад бо суръати ҳозираи афзоишаш то соли 2245 нисфи Замин шавад… Мувофиқи гуфтаи Вопсон, тақрибан 130 сол пас энергияе, ки барои дастгирии раванди офариниши рақамӣ зарур аст, ба тамоми энергияе, ки ҳоло дар сайёраи Замин истеҳсол мешавад, баробар мегардад… 90 фоизи маълумоти ҷаҳоние, ки имрӯз вуҷуд дорад, дар даҳ соли охир сохта шудааст».
Воқеан, масъалаи мазкур аз умдатарин масоил мебошад, ки метавонад бо вусъат ёфтани он, воситаҳои иртиботӣ ҷойгузини он гардад ва аллакай ин раванд босуръат ҷараён дорад ва моро водор мекунад, ки дар ин замина корҳои зиёдеро ба сомон расонем. Албатта, дар ин бобат аввалан, баланд бардоштани маърифати иттилоотӣ ва дарки дурусти иттилоот аз ҷониби аҳли ҷомеа зарур мебошад.
Таҳлилу хулосаҳои муаллифон низ дар заминаи таҳлилу пажӯҳишҳо ва омӯзиши амиқи таҳқиқгарон сурат гирифтааст, ки истифодаи онҳо басо муфиду судманд мебошад. Дар охири китоб намунаи охирини истифодабарандагони Интернет оварда шудааст ва диаграммаҳои пешниҳодшуда шарҳу тавзеҳ ёфтааст. Масалан, овардани чунин маълумот хеле ҷолиб мебшад. «Имрӯз андак бештар аз 4%-и аҳолии ҷаҳон – тақрибан 3,2 миллиард ҳанӯз ба Интернет пайваст нестанд. Дар Осиёи Ҷанубӣ беш аз як миллиард «пайвастнашудагон» зиндагӣ мекунад (31% аз шумораи умумӣ). 27%, яъне 870 миллион нафар ба кишварҳои Африқо рост меояд».
Бояд гуфт, ки забони китоб содаву равон ва таҳлилу хулосабарориҳо амиқу воқеӣ мебошанд. Ҳар як андешаву пешниҳоди муаллифон дар асоси далел, мисол, факту рақам, истифодаи диаграммаву таҳқиқоти сотсиологӣ сурат гирифтааст, ки метавон онро ҳамчун дастури муҳим дар роҳи шинохт ва маърифати ҷомеаи иттилоотӣ қабул намуд.
Китоби муҳаққиқони варзида Муҳаммадюсуф Имомзода ва Ҷамшед Саъдуллоев «Роҳнамои ҷомеаи иттилоотӣ» барои пажӯҳишгарон, донишҷӯёну аспирантон ва доираи васеи хонандагон ҳамчун роҳнамои арзишманд хидмат хоҳад кард.
Насриддин ОХУНЗОДА,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр