Нашрияи Омӯзгор

Мусиқӣ ва дарку эҳсоси зебоӣ

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 789        Шарҳ: 0

 

Дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо аз фанни суруд ва мусиқӣ, қабл аз ҳама, ба омӯзгори ин фан вобастагии зич дорад. Маҳз омӯзгори кӯшову талошманд, ки дорои дониши фаровону ҷаҳонбинии васеъ мебошад ва аз унсурҳои санъати мусиқӣ огоҳии комил дорад, метавонад дар қалби шогирдон меҳри санъати сарояндагиро бедор, ангезиш ва такомул бахшад. Маъмулан, машғулияти суруд ва мусиқӣ ба тарзи навохтани созҳои мусиқӣ алоқаманд буда, садо (овоз)-и хушоянду баланд ва ҷарангосии хонандагон маҳз ба созҳои миллӣ вобаста мебошад. Аз ин рӯ, дар машғулиятҳои суруд ва мусиқӣ таваҷҷуҳи омӯзгор нахуст ба созҳои мусиқиро донистану навохтани хонандагон бояд равона карда шавад, зеро оҳанг, ки яке аз дигар унсури санъати мусиқӣ мебошад, ба чигунагии навохтан иртибот дорад. Яке аз вазифаҳои омӯзгорони фанни мазкур дарёфт ва тарбияи оҳангсозони оянда низ маҳсуб меёбад. Ба шогирдон дар хусуси офаридану интихоб ва созгор ба муҳтавою ғояи шеър ё суруд, бастани оҳанг ва бо кадом сози мусиқӣ иҷро намудани он омӯзгор бояд маълумоти дақиқу муфассал диҳад. Ҳамчунин, беҳ мебуд омӯзгор дар бораи бастакорони маъруфи тоҷик, оҳангҳои эҷоднамудаи онҳо ва ҳаёту фаъолияташон маълумот пешниҳод намояд. Чунонки маълум аст, мутахассисони соҳа оид ба таърихи пайдоиш, шаклу сохтор, услубҳои навозиш ва дигар ҷабҳаҳои созҳои миллӣ чандин рисолаи илмӣ – таҳқиқотӣ, мақолаҳои илмӣ ва корҳои илмӣ – методиро ба анҷом расонидаанд. Дар асоси соҳаи иҷрокунандагӣ ва рушди соҳаи мусиқӣ ва мавқеи он дар ҳаёти ҷомеа, нигоҳи назариявӣ ташаккул ёфта, якчанд рисолаи илмӣ навишта шудаанд. Худи омӯзгор муваззаф аст, ки аз ин монографияю рисолаҳо огаҳии комил дошта бошад, дар бораи мусиқинавозону мусиқидонони гузаштаи тоҷик ба хонандагон маълумот пешниҳод намояд. Шиносоӣ бо адвору нотаҳо барои хонандагон зарур буда, он заминаест ҷиҳати ҳосил кардани донишҳои аввалия оид ба сохтори мусиқӣ ва тарзу шеваҳои офаридани оҳанг. Дар баробари донистану аз худ кардани асбобҳои миллии мусиқӣ, ба хонандагон маълумот пешниҳод намудан дар бораи созҳои мусиқии аврупоӣ аз ҷониби омӯзгори фанни суруд ва мусиқӣ аҳамияти калон дорад. Хонандагон бояд дар бораи созҳое, амсоли фортепиано, пианино, арғунун, кларнет, саксофон ва ғайра на танҳо маълумот пайдо кунанд, балки навохтани онҳоро низ ба тадриҷ омӯзанду аз худ кунанд. Дар дарсҳои суруд ва мусиқӣ ба тарзи сароидани суруд низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир бояд кард. Омӯзгор бар ин масъала нахуст ба лаҳну талаффуз ва кашишу давомнокии овози шогирдон эътибор дода, аз байни онҳо нафарони соҳиблаёқатро, ки шахсро ба ояндаи неки онҳо умедвор мекунанд, интихоб ва тарбия намояд.

Мирҷумъа ҲУСАЙНОВ,

омӯзгори ДҶТИБКСМ


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Як шохаи гули ток метавонад бӯстони ман бошад, як дӯст - дунёи ман.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш