Нашрияи Омӯзгор

Раҳоварди Раҳнавард

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 808        Шарҳ: 0

 

Бо саъю эҳтимоми рӯзноманигор Сипеҳри Кароматуллоҳ китоби нависандаи номвару чирадасти афғон Раҳнаварди Зарёб таҳти унвони «Гулнор ва оина» аз чоп баромад, ки  романи ҳамном ва як силсила ҳикоёти ҷолибу баландғояи адибро дар бар гирифтааст. Бояд зикр кард, ки Раҳнаварди Зарёб ба хонандаи тоҷик то ҷое шинос буда, иддае аз ҳикоятҳояш дар саҳифаҳои нашрияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ва маҷаллаи «Садои Шарқ» рӯйи чопро дидаанд. Дар китоби «Гулнор ва оина» осори нисбатан комили нависанда ҷой дода шудааст, ки тасвири зиндагии воқеии мардуми афғон, азобу ранҷҳои кашидаи бенавоён, инъикоси сарнавишти мураккабу фоҷиаомез ва талхи эшонро фаро мегирад. Дар сарсухани китоб, ки ба қалами нависандаи шинохтаи Афғонистон, шогирди содиқи Раҳнаварди Зарёб Раззоқи  Маъмун тааллуқ дораду «Сардори қалам дар оинаи растохез хобид» унвонгузорӣ шудааст, ҷанбаҳои фалсафию ахлоқӣ ва воқеънигории осори ӯ ба таври амиқу ҳамаҷониба шарҳу тавзеҳ ёфтааст.

Ба таъкиди ин нависанда, фаъолияти адабии  Раҳнаварди Зарёб аз талошу муборизаҳои сиёсии ӯ ҷудо набуда, манзараҳои зиндагии тоқатфарсои мардум дар ҳикояву романҳояш таҷассуми худро ёфтаанд. Дар хусуси романи «Гулнор ва оина» чунин андешаронӣ мекунад:

«Достонгӯи «Гулнор ва оина» бо фазои рӯйдодҳо, дуди чарс, Рубоба, пири дарвеш, қиморбозҳо ва раққосааш, бештар бародари «афғонӣ»-и ровии «Бӯфи кӯр» ба шумор меравад бо лакота, дуди тарёк, риҷола, пирамарди хинзирпинзираш ва… бо сарнавишти дар зоҳир мушобеҳу номушобеҳ, ҳамранги дилангезтарини ҷумалоти шустарӯфта, тавсифҳо, истиораҳо ва бофтҳои  афсунгари вожаҳо. Марги ҳисси ҷоду, ранҷи лаззати ғиноманд ва сукуте таҳнишиншуда дар фарёду фарёди фурӯҳишта дар сукут, канори ҳам роҳ мераванд ва ҳатто бо ҳам мемиранд». Дар китоби мазкур, инчунин, 21 ҳикояи нависанда гирд оварда шудааст, ки дар солҳои гуногун таълиф гардидаанд.

Ҳикояҳои пурмуҳтавои «Морҳои зери дарахти санҷид», «Тилло», «Пиразан ва сагаш», «Сафар», «Шабгард», «Донишманд ва саги ҳамсоя», «Сурмаи чашми ситораҳо», «Духтари ҳамсояи мо» ва ғайра аз ҳамин  қабил  ба ҳисоб мераванд.

Масъули чопи китоб рӯзноманигор Фахриддини Холбек, мушовир Фаҳим Кӯҳдоманӣ буда, он бо теъдоди 1000 нусха дар нашриёти «Графика Принт» ба табъ расидааст.

Шодӣ РАҶАБЗОД,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш