Нашрияи Омӯзгор

Ҳар кӣ кӯшиш мекунад, ёбад зафар

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 787        Шарҳ: 0

 

Бо анҷоми соли таҳсил ба ҳукми анъана кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолияти худро дар ин марҳила ҷамъбаст намуда, дар ҳамоиши махсуси аҳли муассиса мавриди муҳокимаю хулосабарорӣ қарор медиҳанд ва дар ин замина фаъолияташонро барои минбаъд такмилу вусъат мебахшанд. Рӯҳияи ин ҳамоиш вобаста аз он аст, ки дар давоми соли таҳсил муассисаи таълимӣ ба чӣ комёбии шоистае ноил гардидааст.

Имсол ҳамоиши ҷамъбастии омӯзгорони мактаби рақами 8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, ки моҳи июн баргузор гашт, саршор аз рӯҳияи шодмонию қаноатмандӣ буд. Албатта, ба қавли маъруф, ҳар куҷо кор ҳаст, камбудӣ мешавад, вале чун комёбӣ нисбатан афзун шуд ё ғолибияти барҷастае ба даст омад, ҳама камбудиҳои ҷузъиро ҷуброн мекунад. «Оқилон аз пайи нукот нараванд», - гуфтаанд.

Барои аҳли таълимгоҳи мазкур соли таҳсили 2020-2021 хеле бобарору пурҳаводис буду комёбиҳо бор овард ва барҷастатарин рухдод иштироки фаъолонаи хонандагон дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактабиён гардид…

Чанде пеш дар кохи «Суруш»-и шаҳри Душанбе ба ифтихори ҷамъбасти даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактабиёни кишвар бо ибтикори Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомад баргузор гашт, ки дар он аҳли маориф аз манотиқи гуногуни кишвар иштирок доштанд. Муовини аввали вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ М.Саломиён дар ин ҷамъомад ба таври муфассал суханронӣ намуда, аз ҷумла, зикр кард, ки сол то сол теъдоди довталабони олимпиада меафзояд ва ин хеле нишотовар аст. Хуб эҳсос мешавад, ки аксари шогирдони мо ба олимпиада бо омодагии комил меоянд ва баҳри пирӯзӣ талош меварзанд. Маълум, ки дар ҳама гуна сабқат беҳтаринҳо ғолиб меоянд ва соҳибмукофот мегарданд, вале худ иштироки ҳар як хонанда дар олимпиада як навъ нишону далели фаъолиятмандию дорои сатҳи муайяни донишҳо будани ӯст.

Вазорати маориф ва илм ҳамеша ба дастгирии истеъдодҳо ва мусоидат ба рушди онҳо омода аст ва ҷои баҳс нест, ки яке аз василаҳои муътамади кашфи истеъдодҳо олимпиадаҳои мактабиён мебошад. М.Саломиён ғолибони олимпиадаи имсоларо табрик гуфта, ба гурӯҳи хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8-и шаҳри Душанбе, ки аз ҳама бештар ҷойҳои ифтихориро ишғол намуда, мактабашонро дар ҷамъбаст байни тамоми таълимгоҳҳои мамлакат ба ҷойи аввал бароварданд, арзи сипос намуд, офарин хонд. 14 нафар хонандаи ин муассисаи таълимӣ, дар маҷмӯъ, 5 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм ва 5 ҷойи сеюмро аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, забони давлатӣ, забони русӣ, забони англисӣ, математика, информатика ва ҳуқуқ ишғол намуда, аз довталабони дигар хеле пеш гузаштанд.

Ба муносибати ин пирӯзии барҷаста мо ба директори мактаби рақами 8-и шаҳри Душанбе, собиқадори маориф Азизбек Боронов бо якчанд савол муроҷиат намудем.

- Устоди арҷманд, шуморо ба муносибати дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи мактабиён сазовори ҷойи аввал гардидани дастаи шогирдони таълимгоҳатон, ки воқеан ҳам, комёбии чашмгиру сутуданист, табрик мегӯем. Агар пӯшида набошад, мегуфтед, ки кадом омилҳо ба ин пирӯзии хонандагон мусоидат карданд.

- Барои табрику таҳният ташаккур. Бояд ошкоро бигӯям, ки комёбии мо ҳеч асроре надорад, ҳамааш хеле одист; такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, ҳар чӣ бештар иштиёқманд кардани шогирдон ба омӯзиш, афзудани ҳисси масъулиятшиносии устодон ва корбасти усулҳои фаъоли таълим. Аслан, дар ҳар як хонанда истеъдоде ниҳон аст, онро бояд кашф кард, ба такмилаш мусоидат ва дастгирию ҳавасманд бинмуд. Истеъдоди насли наврас бузургтарин дороии маънавии миллат аст ва аз ин ҷост, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша мо – аҳли маорифро даъват менамоянд, ки нисбат ба истеъдодҳои ҷавон ғамхор бошему барои рушди онҳо ҷидду ҷаҳд намоем. «Ояндаи миллат, пешрафти кишвар ва шукуфоии бештари ҳаёти мардум ба истеъдодҳои ҷавон вобастагии қавӣ дорад», - таъкид намудаанд Сарвари кишвар. Имрӯз вақти он расида, ки дар Ватани азизамон сатҳи таълиму тарбия ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҳар чӣ бештар мувофиқ карда шавад, дар он сурат доираи хонандагони истеъдодманд ва пурмутолиаву хушрафтор ба маротиб меафзояд. Албатта, дар ҳама кор марҳилаи омодагӣ нақши бориз дорад, зеро аҳли хирад гуфтаанд:

То накунӣ ҷои қадам устувор,

Пой манеҳ дар талаби ҳеҷ кор.

Барои ширкат дар олимпиадаи хонандагон низ марҳилаи омодагӣ мавқеи муҳим дорад. Ба мушоҳида мерасад, ки на дар ҳамаи таълимгоҳҳо даври нахустини олимпиадаи фаннии мактабиён ба таври ҷиддӣ баргузор мешавад. Ҳатто дар баъзе муассисаҳои таълимӣ аслан даври аввалро баргузор накарда, барои иштирок ба даври дуюм (ноҳиявӣ, шаҳрӣ) рӯихати чанд хонандаи фаъолро пешниҳод менамоянд, ки ин сахт норавост. Дар даври аввали (мактабии) олимпиадаи мактабиён, ки дар таълимгоҳи мо аз 12 то 21 сентябри соли 2020 идома ёфт, беш аз 700 нафар довталаб аз синфҳои 5-8 ва 9-11 ширкат варзиданд. Ин давр зери назорати фарогири роҳбарияти муассисаи таълимӣ бо ҷалби омӯзгорони варзидаву собиқадор ва серталаб ҷараён ёфт. Дар натиҷа 159 нафар хонандаи фаъолу хушзеҳн ба комёбӣ шарафёб гардиданд ва ба даври дуюми (ноҳиявии) олимпиада роҳхат гирифтанд. Як давраи муайян ин хонандагон бо роҳбарию дастгирии омӯзгорони худ ба даври дуюм, омода гаштанд; омӯзишашонро вусъат бахшиданд, дар дарсҳои илова иштирок карданд, адабиёти соҳавӣ мутолиа намуданд, байни ҳам ҳамарӯза маҳфили ғайрирасмии саволу ҷавоб оростаанд…

Ба даври шаҳрӣ 52 нафар шогирди таълимгоҳи мо роҳ ёфтанд ва қисми зиёди ин ҳайат дар ин давр низ ба комёбӣ расида, ҳуқуқи ширкат дар даври ҷумҳуриявиро пайдо карданд.

Ҳамаи хонандагони мо, ки дар даврҳои олимпиада соҳиби комёбиҳо гаштанд, бо ифтихорнома ва ҷоизаҳои махсус мукофотонида шуданд. Ҳамчунин, омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиада фаъолу пирӯз буданд, соҳиби мукофотҳо гардиданд. Мо ба ҳамаи волидоне, ки фарзандонашон дар олимпиада ба ҷидду ҷаҳд ширкат варзиданду ҷойҳои шоистаро ишғол карданд, сипоснома супоридем.

- Ба фаъолияти хонандагон, ҳавасмандии бештари онҳо ба таҳсил дар таълимгоҳ боз кадом тадбирҳо метавонанд ба таври амиқ таъсиргузор бошанд?

- Мактаб меҳвари таълиму тарбия аст, вале аслан, дар ин кор ҳама – аҳли ҷомеа масъулиятманданд. Аз ин ҷост, ки дар кишварамон Қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул шудаасту дар такмили фаъолияти муассисаҳои таълимӣ нақши барҷаста мегузорад. Яъне дар самармандии таълиму тарбияи насли наврас ҳамкории мактаб бо волидон аз муҳимтарин омилҳои расидан ба комёбиҳост. Дар ин самт, аз ҷумла, ҳамоишҳои машваратиро бо волидон на барои расмият ё ҳисобот баргузор бояд кард, онҳо бояд хеле ҷиддӣ бо дахолат ба умдатарин масоили таълиму тарбия, ҳамчунин, дар заминаи далелҳои муътамад ҷараён ёбанд. Маълум, ки дарс муҳимтарин василаи омӯзиши хонандагон аст ва аз ин рӯ, мо ҳамарӯза аз дарсҳои омӯзгорон, сатҳу сифат, мазмуну мундариҷаи онҳо огаҳӣ дармеёбем ва дар заминаи машварату ҳамкорӣ, табодули таҷриба, омӯзишу муҳокимаи навгониҳои илми педагогика мекӯшем, ки барои пурсамар будани ҳар як дарси омӯзгорон ҳиссагузор бошем. Чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ замима ба дарсҳоянд, онҳоро мукаммалтар мекунанд. Дар давоми соли таҳсили гузашта дар мактаби мо қариб ҳар рӯз як-ду чорабинии иловагии таълимию тарбиявӣ баргузор карда мешуд. Вобаста ба ин, метавон аз таҷлили санадҳои таърихӣ, ҷашнҳои миллӣ, озмунҳои гуногун (аз ҷумла, озмуни расмҳои беҳтарин дар мавзӯи «Тоҷикистон аз нигоҳи кӯдакон», озмуни китобхонҳои ҷавон «Классики зинда», озмуни иншоҳои озод дар мавзӯъҳои ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ), вохӯриву мулоқотҳо, саёҳатҳо ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ёдовар шуд. Чанд вохӯрии хеле хотирмону муассир низ доштем дар давоми соли таҳсил (чунончи, вохӯрии хатмкунандагони таълимгоҳ бо намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯрӣ бо гурӯҳе аз адибони номвари кишвар, вохӯрӣ бо намояндагони Маркази  дарёфт ва рушди истеъдодҳо…).

Дар назар бояд дошт, ки ҳар як чорабинии мактабӣ дар мафкураи шогирдон, дар рушди маънавии онҳо ва дар ҷараёни таҳсилашон бетаъсир нахоҳад монд.

- Дар соли нави таҳсил, ки тадорукот вобаста ба он шурӯъ ёфтааст, чӣ ҳадафҳоеро аҳли таълимгоҳи шумо пайгирӣ хоҳанд кард?

- Ҳадафи асосии ҳар як муассисаи таълимӣ мунтазам боло бурдани сатҳи таълиму тарбия аст. Мо низ дар соли нави таҳсил, пеш аз ҳама, бо ҳамин ҳадаф ҷидду ҷаҳд хоҳем кард. Бисёр мехоҳем, ки дар олимпиадаи мактабиён, ки бонуфузтарин сабқати дониш барои насли наврас аст, пешсафиро аз даст надиҳем. Ҳамчунин, таманнои онро дорем, ки шогирдонамон дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи мо» ба дарёфти ҷойҳои ифтихорӣ мушарраф гарданд. Албатта, таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар оғози соли нави таҳсил аз муҳимтарин рухдодҳо дар таълимгоҳамон хоҳанд буд.

Нигориши Абдурауф МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Дар табиат мавҷуде ваҳшитару дурушттар аз инсони бекор нест.
Ҳессе

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш