Нашрияи Омӯзгор

Нишотбахши зиндагӣ

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 794        Шарҳ: 0

 

«Бекорӣ вабои тан аст», - мегӯянд. Чун бекорӣ дард меоварад, пас, ҳар лаҳзаву ҳар соат мебояд омӯхту ҳунареро аз худ кард.  Ҳунар нишондиҳандаи бузургиву тавоноии кас аст. Ҳунар муҳитро зебову ҳунармандро воломақом мегардонад. Ҳунар ганҷинаи пурзар ва ҳунарманд заргари бузург ва бо офаридаҳои ҷолибаш мафтунгари дили инсонҳост.

Саъдии бузургвор дар «Гулистон»-и худ моҳияти ҳунаромӯзиро чунин баҳо додааст: «Ҳунар давлати пояндаву чашмаи зоянда аст». Бале, баракати ҳунар боиси идомаи зиндагӣ ва ҳавасмандии инсон нисбат ба ҳаёт мебошад.

Дар зиндагӣ борҳо шоҳиди он мешавем, ки бархе аз ҷавонон илму ҳунаромӯзӣ ва аз худ намудани касбро зарур напиндошта, ба корҳои беҳуда машғул мешаванд ва даст ба кирдорҳои ношоиста мезананд. Дар ҷомеаи имрӯзаи мо иддае аз ҷавонон ба оворагардӣ ва бемасъулиятӣ роҳ дода, оқибат дар бунбасти шадиди зиндагӣ дармемонанд. Билохира, ба гирдоби ҳодисот рӯ ба рӯ гардида, барои падару модари худ мушкилиҳо эҷод менамоянд. Дар замони муосир барои интихоби касбу ҳунар тамоми шароит барои ҷавонон вуҷуд дорад. Ҳамчунин, дар ҷумҳурӣ талабот ба касбу кори гуногун, ки барои пешрафти ҷумҳурии соҳибистиқлоламон мусоидат кунанд, зиёд аст. Вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки барои интихоби касбу ҳунари фарзандаш роҳнамоӣ карда, ба ӯ маслиҳату машварат диҳад. Бисёр ҳолатҳоеро мо мушоҳида менамоем, ки худи падару модарон боиси рӯҳафтодагӣ ва дилшикастагии ҷавонон мегарданд. Ин боиси бекасбу ҳунар мондани ҷавондухтарон ва баъзан ҷавонписарон мешавад. Ҷавонон, пеш аз ҳама, дар назди худ бояд мақсад гузоранд, ки ҳам барои давлат ва ҳам барои халқи худ хизмат кунанд. Ҳар қадар метавонанд, аз илмҳои замон бархӯрдор шаванд, чунки мутахассиси хуб шудан яке аз роҳҳои тараққиёти ҷомеаи кишвар ба шумор меравад.

Бузургони мо дар васфи ҳунар суханони пурҳикмат бисёр гуфтаанд. Аз ҷумла, Сайидои Насафӣ ба табақаҳои ҳунарманди ҷамъият таваҷҷуҳи махсус дошт. Онҳоро дар ашъори лирикиаш (ғазалиёту қитъаҳо), дар «Шаҳрошӯб» ва инчунин, дар ашъори ба ҳунармандон бахшидааш васф кардааст. Дилбастагии шоир ба ин тоифаи мардум шояд аз он ҷиҳат бошад, ки худ аз аҳли ҳунар буд. Сайидо дар ашъори ба ҳунармандон бахшидааш намояндагони ҳашт навъи ҳунарро васф кардааст, аз ҷумла, баққол, шустагар, нонво, наққош, наҷҷор, таштгар ва қассоб. Чунончи, манзумаи «Дар тавсифи наҷҷор» - и Сайидо чунин оғоз меёбад:

Бути наҷҷори ман сарвест якто,

Зи сар то пой пайванд аз тамошо.

Санавбар истода бар дуконаш,

Тарошад хешро аз бандагонаш.

Ба ҳамин тариқ, дар манзумаҳои дигари ба ҳунарварону соҳибпешагон бахшидаи Миробид Сайидои Насафӣ касбҳо, пешаҳо, ҳунарҳо ва соҳибони онҳо бо хислату рафтор, гуфтору кирдор, ҳунари эшон ва назокати кору фаъолияти онҳо ба тасвир гирифта шудааст. Масалан, назокати пешаи наққоширо («Дар таърифи Хоҷа Шафеъи наққош»), ки боиси зебу зинат ва ороиши ҳар як макон мегардад, чунин ба тасвир кашидааст:

Гузорад пой бар ҳар остона,

Кунад он хонаро оинахона,

Ба килки худ намесозад ситамро,

Кунад ангушти ӯ кори қаламро.

Умуман, ашъори ба ҳунармандон бахшидаи Сайидо дар тавсифу ситоиши ҳунар ва таъкиди аҳамияти онҳо сухани баланду дилписанданд ва дар дили хонандагон шавқу ҳаваси ҳунарманд буданро тақвият мебахшанд.

 

Наргис НОРОВА,

муаллими калони коллеҷи

омӯзгории шаҳри Турсунзода


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар зард агар зар будӣ, қадри тилло гард шудӣ.
Сервантес

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш