Нашрияи Омӯзгор

Ваҳдат: 19 ҷойи ифтихории гимназияи Балъамӣ

Сана: 2018-07-25        Дида шуд: 745        Шарҳ: 0

Дар нишасти матбуотии ҳукумати шаҳри Ваҳдат раиси он Амирзода Раҳмоналӣ дар радифи дастоварду комёбиҳо дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр ба соҳаи маориф низ дахл карда, изҳор дошт, ки кормандони соҳаи маорифи шаҳр дар пешбурди сиёсати дурбинона ва хирадмандонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Дар ин давра аз 3890 нафар хатмкунандагони синфи 11, 2896 нафар хатмкунанда аз қайди Маркази миллии тестӣ гузаштаанд, ки 74 фоизи шумораи умумии хатм-кунандагонро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили 2017-2018 дар назди 58 муассисаи таълимии шаҳр Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, 1126 нафар кӯдакони 5-6 сола ба таълиму тарбия ҷалб гардиданд.

То ин дам муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1746 адад компютер ва 346  адад принтер таъмин гардиданд, ки ин иҷрои Барномаро 101,5 фоиз таъмин менамояд.

Аъзоёни маҳфилҳои варзишии Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 2 медали тилло, 8 медали нуқра ва 12 медали биринҷӣ гаштаанд.

Ҳарчанд натиҷаи иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар олимпиадаҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ хуб аст, аммо иштироки онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалӣ чандон назаррас нест. Чунончи, аз 14 нафар иштирокчии озмуни байналмилалӣ, ки дар гимназияи ба номи А. Балъамӣ баргузор гардид, ягон довталаб ба даври дуюми озмун роҳхат нагирифтаанд, ки аз паст будани сатҳи дониши хонандагон аз забони англисӣ дарак медиҳад.

Дар ҷамъбасти олимпиадаи минтақавӣ муассисаҳои таълимии №№3,24,43,137,138 ва гимназияи ба номи А. Балъамӣ фаъолияти хуб нишон дода, соҳиби 19 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

 

Ш.Раҷабзод,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Ҳар чӣ бидурахшад, барои ҳамон лаҳза ба дунё омадааст.
Гёте

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш