Нашрияи Омӯзгор

Зи кӯшиш шавад ҳар касе комёб

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

-Тамоми ҷидду ҷаҳд ва талоши мо ба он равона шудааст, ки шогирдонамон бомаърифату фаъол, боғайрату хушрафтор ва навовару эҷодкор бошанд, асосҳои пешаи ояндаи худро ҳаматарафа биомӯзанд ва дар оянда ҳамчун мутахассисони кордону варзида ба халқу Ватани азиз хидмати арзанда бикунанд,- иброз дошт дар оғози нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлати тиҷорати Тоҷикистон Маҳмадалӣ Қурбонзода.

Дар идомаи суханрониаш роҳбари донишгоҳ зикр кард, ки ҷаҳони муосир ҳамбаста ба ҳодисоту ихтилофоти зиёд буда, ҷавонони мо дар муҳити иттилоотии хеле печида қарор доранд ва тарғиботи ҷараёну ҳизбу ҳаракатҳои гуногун  метавонанд дар мафкураи онҳо таъсиргузор бошад. Вобаста ба ин, имрӯз дар мактабҳои олӣ бояд ба масоили марбут ба тарбия таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд ва бар он бояд кӯшид, ки ҷавонон фирефтаи идеологияи иғвогаронаи бегонаву иртиҷоӣ нашаванд, ватандӯсту хештаншинос бошанд, хуб дарк намоянд, ки вазифаи асосии онҳо имрӯз хубу аъло таҳсил намудан, забонҳои хориҷӣ ва технологияи муосирро бештар омӯхтан ва соҳиби касбу ҳунари мувофиқ шудан мебошад. Барои ин бояд ҳамеша кӯшову ҳушёру бедор буд, зеро ба таъкиди аҳли хирад:

Зи кӯшиш шавад ҳар касе комёб, 

Зи вомондагӣ  кор гардад хароб.

Аз ин ҷост, ки дар Донишгоҳи ти-ҷорат ба  тарбияи комили донишҷӯён эътибори махсус дида мешавад ва бо ин ҳадаф мунтазам чорабиниҳои муассири тарбиявӣ, ҳамоишу вохӯриҳо баргузор карда мешаванд. Табиист, ки донишҷӯи хушодобу  хушрафтор ба таҳсил низ дилбастагии комил пайдо мекунаду муваффақ мегардад. Пайомади кӯшиш баҳри ҳамбастагии тарбия ва омӯзиши донишҷӯён аз ҷониби роҳбарият ва устодон буд, ки соли равон 1050 нафар донишҷӯ кулли санҷишу имтиҳонотро бомуваффақият супорида, собит бинмуданд, ки омодаанд ҳамчун мутахассисони мумтоз дар истеҳсолот ба фаъолият бипардозанд. Имсол 9 нафар шогирди мо таҳсил дар донишгоҳро бо дарёфти дипломи аъло ба итмом расонданд.

Ректори донишгоҳ аз он изҳори қаноатмандӣ кард, ки бунёди моддию техникии таълимгоҳ марҳила ба марҳила такмил меёбад ва ҳоло ин боргоҳи олии маърифат дорои силсилаи дарсгоҳҳои бо компютерҳои навтарин ва дигар воситаҳои техникии таълим муҷаҳҳаз, озмоишгоҳҳои замонавӣ, парки технологии фаъол, дастгоҳҳои табъу нашр… мебошад ва барои олимон ҷиҳати  ба таҳқиқоти илмӣ машғул шудан шароити созгор фароҳам оварда шудааст. Устодони донишгоҳ ҳамбаста ба таълиму тарбияи донишҷӯён фаъолияти илмиашонро вусъат мебахшанд ва аз ин ҷост, ки аз ҷониби онҳо дар давоми нимсолаи аввали соли равон 6 китоби дарсӣ, 19 маҷмӯаи таълимию методӣ ва 31 дастур ба нашр росонида шуд. Донишҷӯён дар озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм - фурӯғи маърифат» фаъолона ширкат меварзанд ва аз ин озмунҳо ҷоизаҳо ба даст овардаанд. Соли равон донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ»  ва дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар нисбат ба солҳои пешин фаъолонтар иштирок намуда, соҳиби диплому ифтихорномаҳо гардиданд.

Раёсати донишгоҳ барои устодони муваффақ, барои пажӯҳишҳои пурсамар, барои донишҷӯёни фаъол  ва барои ятимону маъюбон имтиёзҳо муқаррар кардааст ва онҳоро ҳамеша дастгирӣ менамояд.

Ба тамоми саволҳое, ки дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон ба миён гузоштанд, ректори донишгоҳ ва чанде аз масъулини таълимгоҳ бо  истифода аз далелу арқоми эътимодбахш посух гуфтанд.

А.МУРОДӢ,

«Омӯзгор»


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Доштани дӯстони ҳақиқӣ замони зиёде металабад.
Бернард Шоу

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш