Китоб манбаи дониш, хазинаи хирад ва муҳимтарин василаи омӯзиш аст ва таҳсилро дар ҳама гуна муассисаи таълимӣ наметавон бидуни китоб тасаввур кард. Яқин, дар иртибот ба ҳамин қазия ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шукрулло Хайрзода суханрониашро дар нишасти матбуотӣ бо иттилоъ оид ба нақши китоб ва масоили китобдорӣ дар донишгоҳ оғоз бахшид. Мавсуф бо қаноатмандӣ зикр кард, ки хазинаи умумии китобхонаи донишгоҳ ҳоло беш аз 107 ҳазор китобро фаро мегирад, ки асосан китобҳои илмию соҳавиянд. Танҳо дар давоми нимсолаи аввали соли 2021 барои китобхона наздик ба 3000 нусха китоб харидорӣ шуд. Хазинаи китобхона, ҳамчунин, аз ҳисоби китобҳои олимони донишгоҳ ва китобҳои тақдимӣ пайваста такмил меёбад. Барои китобхона китобҳои бадеӣ низ харидорӣ мешаванд, ки ин, аз ҷумла, ба фаъолона иштирок намудани донишҷӯён дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» мусоидат менамояд. Бо мақсади шароити бештар фароҳам овардан ба китобхонии донишҷӯён дар хобгоҳҳои №1 ва №2-и донишгоҳ шуъбаи китобхонаи донишгоҳ таъсис дода шудааст. Маъмурияти таълимгоҳ тасмим гирифтааст, ки минбаъд барои боз ҳам такмил бахшидани хазинаи китобхона маблағи мувофиқ ҷудо намуда, дар байни устодону донишҷӯён ва умуман, кулли кормандон озмуни «Китобхони беҳтарин»-ро таъсис бидиҳад.
Дар идомаи суханрониаш дар иртибот ба таваҷҷуҳи намояндагони воситаҳои ахбори омма ректори донишгоҳ аз чанд дастоварди чашмгири донишгоҳ дар давоми нимсолаи аввали соли равон ёдовар шуд.
Зикр гардид, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон вобаста ба маҷмӯи нишондодҳои шоистааш дар рейтинги Webometrics Ronking of World Universities (шаҳри Мадрид, Испания) дар байни беш аз 30000 мактаби олии ҷаҳон ба мақоми 13862-юм сазовор гардид ва дар ин баҳодиҳии байналмилалӣ танҳо ду донишгоҳи Тоҷикистон болотар аз Донишгоҳи молия ва иқтисод қарор доранд. Дар рейтинги муассисаҳои олии таълимии Тоҷикистон, ки Агентии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намудааст, Донишгоҳи молия ва иқтисод дар мавқеи чорум (яъне дар панҷгонаи беҳтарин) ҷойгир аст. Дар олимпиадаи донишҷӯёни мактабҳои олии кишвар донишгоҳ мақоми сеюмро ишғол кард. Имсол аз байни донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм намуданд, 102 нафар ба гирифтани дипломи аъло ноил гардиданд.
Фаъолияти илмии устодон давра ба давра тақвият меёбад; дар давоми соли таҳсили 2020-2021 беш аз 1100 мақолаи илмию методию пажӯҳишии устодон дар рӯзномаву маҷаллаҳои бонуфуз ба нашр расиданд ва ҳамчунин, олимони донишгоҳ дар теъдоди зиёди конфронсу ҳамоишҳои илмию амалии ҷумҳуриявию байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Шоистаи зикри махсус аст, ки 6 мақолаи устодони донишгоҳ дар маҷаллаҳои маъруфу воломақоми хориҷӣ ба табъ расида, аз ҷониби зумрае аз мутахассисони маъруф баҳои баланд гирифтанд.
Донишгоҳ солҳои охир вобаста ба такмили сатҳу сифати таълиму тарбия, ҷалби устодони варзида, роҳандозии таҳсилоти фосилавӣ, истифода аз технологияҳои муосир, таҳияи дастурҳои таълимӣ, дастгирӣ ва ҳавасмандсозии омӯзгорону донишҷӯёни фаъол, забономӯзӣ ва арҷгузории забони давлатӣ, густариши робитаҳо бо мактабҳои олии дохилу хориҷи кишвар, мубориза алайҳи тарғиботи иртиҷоӣ (терроризму экстремизм)… қадамҳои устувор ба пеш гузоштааст.
Дар нишасти матбу-отӣ ба саволҳои рӯзноманигорон, ҳамчунин, чанде аз роҳбарони раё-сатҳои донишгоҳ посух гуфтанд.
А.МУРОДӢ,
«Омӯзгор»
Иловакунӣ
Иловакунии фикр