- Ҳамасола омӯзгорони донишгоҳ барои барқарор кардани саломатӣ ба истироҳатгоҳҳо фиристода мешаванд. Имсол 76 нафар ба осоишгоҳҳои қаламрави ҷумҳурӣ барои истироҳату табобат рафтанд. 12 нафар фарзандони кормандони донишгоҳ ба лагерҳои истироҳатӣ равон карда шудаанд, - гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Сайфиддин Давлатзода дар нишасти хабарӣ. Мавсуф илова кард, ки дар донишгоҳ зиёда аз 200 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар таҳсили илм доранд. Барои густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар факултаи забонҳои хориҷии донишгоҳ дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳои Россия ва Амрико маҳфили “Гӯшаи Амрико” ва Маркази “Русский центр” бо таъмини таҷҳизоти таълимӣ ва технологияи муосир ташкил гардид.
С.Давлатзода афзуд, ки 4844 нафар донишҷӯ шуъбаҳои рӯзона ва фосилавиро хатм намуданд, ки 25 нафари онҳо дипломи “аъло” гирифтанд. Тариқи квотаи Президентӣ 571 нафар таҳсил доштанд, ки 123 нафарашон имсол хатм карданд. Онҳо барои таъмин гардидан бо ҷойи кор бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҳалли зисташон фиристода шуданд. Беш аз 50 нафар омӯзгори фанҳои русиву англисӣ бо ҷалби омӯзгорони таҷрибадору унвондори Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузаштанд.
- Кабинетҳои фаннӣ, синфхона ва озмоишгоҳҳои таълимӣ бо воситаҳои техникии муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Озмоишгоҳҳои донишгоҳ таҷдид шуда, аксаран дарсҳои амалӣ ва озмоишӣ дар озмоишгоҳҳо ва кабинетҳои фаннӣ доир мешаванд.
Гуфта шуд, ки донишгоҳ бе кумаки донишҷӯён таъмири бинои муассисаро мегузаронад ва аз донишҷӯён маблағ ҷамъоварӣ намекунанд. Ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил ва беруни биноҳои асосии донишгоҳ аз таъмир бароварда мешавад, ки ин ҳама аз ҳисоби фонди худи донишгоҳ мебошад.
С.АЗИЗӢ,
“Омӯзгор”
Иловакунӣ
Иловакунии фикр