Заминларзае, ки 10 июли соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба амал омад, ба хоҷагии халқи ноҳияҳои Рашту Тоҷикобод харобиҳои зиёд овард.
Бо мақсади ошноӣ пайдо кардан аз вазъи муассисаҳои таълимии ноҳия, корҳои барқароркунӣ дар маҳалли офатзада вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Имомзода ба ноҳияи Тоҷикобод сафар кард.
Вазир ва ҳамроҳони ӯ нахуст ба муассисаи таълимии №21, деҳаи Сумандара рафта, бо омӯзгорон ва волидони хонандагон вохӯрӣ гузаронданд. Бинои муассиса, ки аз 5 синфхона, хонаи омӯзгорон ва кабинети директор иборат буд, тамоман корношоям гаштааст. Инчунин, хонаҳои истиқоматии 22 нафар омӯзгор ва коркунони хоҷагии муассиса хароб гаштаанд. Вазир омӯзгоронро бовар кунонд, ки хонаҳои харобгаштаи онҳо дар муддати кӯтоҳтарин аз нав сохта мешаванд. Барои хонандагони ин муассиса сохтмони бинои нав оғоз мегардад.
Ҳамин гуна вохурӣ дар муассисаҳои таълимии №16 ва №42-и деҳаи Кӯли Калон, № 18 - и деҳаи дараи Мазори Боло ва № 22-и деҳаи Бӯстон баргузор гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ дар ҳукумати ноҳия масъулони мақомотҳои дахлдор роҳҳои ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти ҷойдоштаро ҳаллу фасл, тезтар бартараф кардани оқибатҳои зилзиларо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳ. СИРОҶОВ
Иловакунӣ
Иловакунии фикр