Нашрияи Омӯзгор

Истеъдодҳо дастгирӣ меёбанд

Сана: 2021-07-22        Дида шуд: 796        Шарҳ: 0

 

Директори коллеҷи ҷумҳуриявии санъати шаҳри Кӯлоб ба номи К. Қурбонов Шариф Бедаков дар нишасти матбуотӣ аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯён дар шаш моҳи соли ҷорӣ қайд намуд, ки дар соли хониши 2020-2021 сифати таҳсилот дар коллеҷ хеле беҳтар гардид.

Бо ҷалби соҳибкорон ва маблағҳои дохилии коллеҷ заминаи моддӣ  - таълимии муассиса нисбатан ба солҳои қаблӣ беҳтар шуд. Мавсуф қайд намуд, ки ҷиҳати дастгирии устодону донишҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои дастовардҳои илмию фарҳангӣ, ширкат дар озмунҳо, маблағҳои муайянеро барои мукофотпулӣ ҷудо мекунад. Дар ҳамин замина дастгирии истеъдодҳо ва омӯзгорони ҷавон роҳандозӣ карда мешавад. Дар ин раванд ба донишҷӯёне, ки аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мехонанду ҷойи зист надоранд, бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки донишҷӯёни коллеҷ на танҳо бо баҳои хубу аъло мехонанд, балки дар чорабиниҳои сиёсию фарҳангии шаҳри Кӯлоб низ ширкати фаъолона доранд. Айни замон дар коллеҷ 38 нафар донишҷӯи аълохон барандагони идрорпулиҳои номӣ мебошанд. Бо ташаббуси маъмурият ва иттифоқҳои касабаи кормандони коллеҷ омӯзгорону донишҷӯёни хоҳишмандро барои табобат ба осоишгоҳҳои табобатӣ  равон мекунад.

Ҷамъбасти нимсолаи соли хониши 2020-2021 нишон дод, ки 26 нафар донишҷӯ баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд ва 8 нафар донишҷӯ бо сабабҳои гуногун дар имтиҳон иштирок накарданашон аз коллеҷ хориҷ карда шуданд. Ҳамчунин, дар коллеҷ нарасидани асбобҳои мусиқӣ ва дигар воситаҳои аёнӣ дида мешавад.

Шариф АБДУЛҲАМИД,

«Омӯзгор»

 

 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Виҷдон омӯзонандатарин китоб аз китобҳои дастраси мост:онро бештар бояд хонд.
Паскал

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш